Фишурдаи сўњбатамонро пешк аши хонандагони азизи маљалла менамоем:
- Раиси мўњтарам, таљлили Рўзи вањдати миллї аз нигоњи Шумо барои бадахшониён бо чї мондагор хоњад шуд?
- Баргузор гардидани таљлили Рўзи Вањдати миллї дар Бадахшон мояи сарфарозист, зеро дар он Президенти мамлакат ширкат мекунад. Сарвари давлат, Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон 37 маротиба ба Бадахшон омадааст, яъне дар 17 соли роњбариаш соле ду маротиба ин љо будааст, дар њоле, ки аксари зодагони Бадахшон, ки њатто падару модар ва дигар наздиконашон ин љо сукунат доранд, дар як сол, ё дар се-чор сол як маротиба ба дидорбинї меоянд. Президент ба дурдасттарин дењу љамоати Бадахшон, аз љумла љамоати Язгуломи ноњияи Ванљ ва ќисмати болои Ишкошим низ рафта бо мардум мулоќот кардааст.
Дар 70 соли Шўравї котибони Кумитаи Марказии њизб он сў истад, њатто як мудири шўъбаи Дастгоњи марказии њизби коммунист ё Њукумат ба ин љамоатњо ташриф наоварда буд. Дар њамин 15 соли ахир 7 њуљљати муњим дар сатњи давлат ва њукумат оид ба Рушду пешрафти Бадахшон ќабул шудааст.
Имрўзњо ба пешвози љашни Вањдат сохтмон, азнавсозї, тармим ва таъмири беш аз 135 бинову иншоот дар вилоят идома дорад, ки барои анљоми ин корњо 136 миллион сомонї људо гардидааст.
-Ч ї гуна иншоотњои муњим сохта ва мавриди истифода ќарор мегиранд?
-Дар соли равон 20 мактаби дорои 420 синфхона барои тањсили 5 њазор толибилмон сохта шуд ва боз 19 мактаби нав дар соли 2010 бунёд мегардад. Танњо дар шањри Хоруѓ 17 иншоот сохта мешавад, аз љумла варзишгоњи марказї, театри вилоятї, чойхонаи миллї, Кохи љавонон, гимназияи президентї барои 640 нафар хонандагони боистеъдод, силсилаи хобгоњњои чањорошёна барои донишљўёни Донишгоњи давлатии шањри Хоруѓ. Азнавсозии беморхонаи вилоятї, њамчунин мењмонхонаи замонавї дар мавзеи Гармчашмаи Ишкошим, варзишгоњњо дар ноњияи Ванљу Роштќалъа, Кохи фарњанг, бинои нави Кумитаи ноњиявии амнияти миллї, идораи «Ориёнбонк» дар ноњияи Дарвоз, мактаб-интернати љумњуриявї барои 620 нафар хонанда дар ноњияи Рўшон, Маркази ќабул ва табобати беморон дар осоишгоњи Гармчашма, терминал дар ноњияи Шуѓнон, силсилаи маѓозаву марказњои муосири савдову тиљорат дар тамоми нукоти вилоят сурат хоњад гирифт.
Дар ягон давру замон Бадахшон чунин пешрафтро ёд надорад, њатто дар замони Шўравї, дар 20 -30 сол чунин иншоотњое, ки дар њамин ду соли дар пеш истода бунёд мешаванд, сохта нашуда буданд. Ин њама далели таваљљўњи хоссаи рањбарияти давлат љињати рушди минтаќањои кўњистони Тољикистон аст.
- Мегўянд, ки дар Бадахшон зистан ќањрамонист, вилоят чї мушк илоте дорад, ки Шумо њамчун рањбар њалли онро аввалиндараља мењисобед?
- Дар Бадахшон зиндагї ва кор кардан шараф аст. Албатта, вилоят саросар кўњсор аст, сардињо дорад, аз маркази кишвар дур буда, замини кишташ кам аст, корхонањои саноатї ва тавлидотї љињати ба кор љалб намудани мардум мављуд нест. Ва се масъала ва мушкили ин мардум танњо бо ба истиќлол расидани кишвар њал шуданд.
Якум, дар бунбасти комуникатсионї ќарор доштани Бадахшон. Дар як сол шаш моњ роњи Бадахшон ба Душанбе баста буд. Зимистон мардум мерафт ба шањри Ўши Љумњурии Ќирѓизистон, аз он љо ба Хуљанд ва пасон ба Душанбе, яъне барои то Душанбе расидани як бадахшї, ўро зарур буд, ки зиёда аз ду њазор километр роњро тай кунад ва беш аз 10-15 рўз саргардон бошад. Ин мушкилро мардуми Бадахшон имрўз надорад.
Дуюм, марз байни як мардуми бо њукми таќдир дар ду љониби рўди Панљ љой гирифта ќариб сад сол баста буд. Имрўз дар чанд мавзеъи Бадахшон; Ишкошим, Хоруѓ, Дарвоз пулњои бузург бунёд шуда, бозорњои наздисарњадї фаъолият доранд. Соли 2010 як пули дигар дар марзи ноњияи Ванљ ба истифода дода мешавад.
Пулбандии рўди Панљ ва таъсиси бозорњо дўстї, равобит ва бародарии мардумони ду соњилро рушд бахшид, роњро ба пањнои љањон кушод.
Сеюм, роњ ба кишвари бузургу њамсояи мо - Чин боз шуд. Мо роњњои бањрї, њавої ва роњи оњан надорем, асоси пешрафт ва воситаи аслии пеш бурдани рўзгори мардуми Бадахшон ин бунёди роњњо ва ба талаботи байналмилалї љавобгў намудани онњо мебошад.
Тўли роњњои Бадахшон 2690 км-ро ташкил медињад, ки аз ин 1675 км роњњои дорои ањамияти љумњуриявї дошта мебошанд. Барои сохтмон ва таљдиди роњњо имсол 1 млн. 600 њазор сомонї маблаѓ људо ва масраф гардид.
- Биёем сари мушк илоти асосии рўз, ки воќеъан чанд сол боз мардуми моро нигарон кардааст, яъне таъмини ањолї бо гармї ва рўшної дар фасли сармо. Дар бастагї ба њамин мавзўъ аз Шумо пурсиданиам, ки чаро ќиммати неруи барќ дар тамоми љумњурї якгуна, вале дар Бадахшон 11 дирам барои истифодаи як киловат муайян шуда?
- Љавоби ин саволро аз ќисмати дуввуми он оѓоз мекунам, ки чаро ќиммати нерўи барќ дар вилояти Бадахшон баланд аст. Таъмини ањолї ва корхонаву идорањо бо нерўи барќ бар дўши ширкати «Помирэнерљї» мебошад. «Помирэнерљї» ширкати хусусї аст ва он нархро дар асоси меъёрњои байналмилалї ва дар мувофиќа бо Агентии зиддимонополї, Вазорати иќтисод ва савдо ва тибќи ќарори Маљлиси намояндагон муайян кардааст. Ва њисоббаробаркунии ин ширкат бо асъори хориљї, яъне доллари амрикої сурат мегирад. Вазифаи масъулини ширкат иборат аз он аст, ки мардум ва корхонаву муассисањои вилоятро бо барќ таъмин намоянд, сифати хидматрасониро боло баранд ва тавлиди нерўи барќро афзоиш дињанд. Имрўз ин ширкат вилоятро бо барќ таъмин мекунад. Њамчунин дар Бадахшон 29 нерўгоњи хурди барќї низ мављуд аст.
Барќро барои Дарвоз «Помирэнерљї» аз ширкати «Барќи тољик» мехарад. Маркази ноњияи Дарвоз ва чанд дењаи атрофи он аз нерўгоњи барќї - обии «Ширг-1» истифода мекунанд. Агар ќисмати дуюми ин нерўгоњ ба истифода дода шавад, таъмини ањолии Дарвоз бо барќ бењтар хоњад шуд. Ѓайр аз ин, агар 21 км хати баландшиддати интиќоли нерўи барќ аз Дењрўшон то ноњияи Ванљ дуруст шавад, камбуди барќ дар ноњияи Дарвоз њал мегардад. Дар ноњияи Мурѓоб низ мушкилоти нарасидани барќ эњсос мешавад, дигар дар маљмўъ вилояти Бадахшон 24 соат бо барќ таъмин аст.
- Яъне Шумо мушкилоти таъмини ањолиро бо неруи барќ надоред?
- Бале, мушкили асосии мо ин пардохт нашудани њаќќи истифодаи нерўи барќ аз љониби ањолї ва корхонаву муассисањо мебошад. Шањри Хоруѓ, ки 32 њазор ањолї дорад, беш аз 4,5 њазор нафар аз хидмати телефонњои мобилї истифода мекунанд, 7 њазор мардум мошини шахсї дорад, бубинед, одамон барои телефонњояшон, барои бензин харидану бо мошинњояшон равуо кардан маблаѓ меёбанд, вале њаќќи истифодаи барќро, ки ба инсонњо рўшанї ва њам гармї мебахшад ва бо истифода аз он ѓизо тањия мекунанд, пардохтан намехоњанд. Инсоф куљост?!
Бо ба истифода додани нерўгоњи Санобод, ки иќтидораш 100 мегават мебошад, талаботи саросари Бадахшонро таъмин намуда, метавонем ноњияи Шўрообод ва шањри Кўлобро бо барќ таъмин кунем. Боќимонда 50 мегават нерўи барќро ба кишварњои Афѓонистону По- кистон бифурўшем.
- Ин ниятњои нек кай амалї мешаванд?
- Фикр мекунам баъди 4-5 сол шоњиди ба кор оѓоз намудани нерўгоњи Санобод ва пешрафтњои бузурги Бадахшон ва миллати тољик хоњем шуд.
- Раиси мўњтарам, дар амалї шудани ин ниятњои нек бароятон тавфиќ мехоњем ва чун маљаллаи\ «Бонувони Тољикистон»- ро муарр ифї дорем, мехоњем оид ба маќоми зан ва љойгоњи бонувон дар роњбарии соњањои хољагии халќи вилоят аз Шумо пурсон шавем?
- Мо њамеша барои љойгоњи муносиб доштани занон дар љомеа андеша дорем. Бонувон хоњ соњибвазифа бошанд, хоњ соњибхонаву бекор, зоянда ва тарбиятгари насланд ва њурмати онњоро накў доштан фарз ва ќарз аст. Сардори давлатамон, мўњтарам Эмомалї Рањмон низ доимо ин нуктаро таъкид мекунанд, ки аз домани зан паёмбарон бархостаанд ва мард бар афлок аз дасту домани зан расидааст. Дар Бадахшон як бону раиси ноњия ва узви Маљлими Миллї, як зан муовини раиси вилоят, як нафари дигар муовини аввал ва 7 нафар муовинони раисони ноњияњо њастанд, 69 нафар бонувон сарвари мактаб, 6 нафар сардухтур ва 7 нафар раисии љамоатњоро бар дўш доранд. Бонувони зиёде дар сатњи раисони корхонањо, хољагињои дењќонї ва роњбарии дигар соњањо фаъолият мекунанд, дар маљмўъ 35 дар сади маќомњои роњбариро дар вилоят занон ишѓол кардаанд. Дар ноњияи Дарвоз бошад бонувон камтар ба вазифањои роњбарї пешбарї шудаанд, ки албатта ин масъала дар мадди назари мост.
- Мо ба Шумо ва мардуми Бадахшон барори кору саодати рўзгор мехоњем.
Толибшоњи САЙИДЗОДА ,
Париноз АЗИЗЇ
Душанбе-Хоруѓ-Душанбе