Аз пайи ному нони падар…
Модар њаваси табиб шудани Замираро дошт. Падар мехост духтари ќавииродааш давомдињандаи касби ў бошад.
Аз кўдакї химоятгари њаќи худ буд, Ки бо ана њамин хислат аз дигар кўдакон фарќ мекард.
-Дар замирам ормонњои зиёд хуфта буданд. Ман орзуи прокурор шуданро доштаму модарам баръакс. Ба хотири модари азизам худро дар риштаи тиб низ боре санљидаам. Соле донишљўйи Донишкадаи тиббї будам. Он љо дарк кардам, ки табибї пешаи ман набудааст, - мегўяд, Замира Амирбекова.
Њамин тавр Замира аз пайи касби падар рафт. Шомили факултаи њуќуќшиносии Донишгоњи миллї шуду онро бо дипломи аъло хатм намуд.
Барояш осон менамуд, аммо…
Дар навиштани матлабе дар хусуси бонуе, ки корманди маќомоти њифзи њуќуќ аст, ољизї мекашам. Чаро? Зеро ин ќабил бонувон ќолабшикананд. Тарњи либоси хоси бонувони корманди маќомоти низомї, рисолат ва масъулияти бузурге, ки бар зиммаашон вогузор мешавад, маро ба андеша мебарад.
Ў мегўяд:
- Гоњ-гоње њамроњи ќиблагоњам ба љашну маъракањои њамкасбонашон мерафтам. Симои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ, хоса бонувони низомї, сару либоси нишондорашон диќќатамро љалб мекард ва дар орзуњои кўдакї худро њамеша сари мизи падар бо либоси корї тасаввур мекардаму лаззат мебурдам. Чи ќадар њавасњои дилфиреб. Аммо, ин њама дар фањмиши як кўдак будааст. Дар асл чи ќадар мушкил, чи ќадар сангин.
Рисолати касбї…
- Мафњуми рисолати касбї дигар будааст, ки онро њангоми ифои вазифа дарк намудам. Барои як зан љасорату матонати ќавї лозим будааст, то аз ўњдаи масъулияти бар зима вогузоршуда баромада бита- вонад, - мегўяд Замира.
Њам малул ва ња м ифтихорманд…
Ў аз унвони «зан-љинояткор»-ро «харидорї» намудани њамљинсонаш малулу озурдахотир аст. Ќонундон набудану дифоъ аз њуќуќњои хеш накарданашон мутаассираш месозаду ќалбаш ба дард мегиряд.
Бо як оњи сард арќомеро ба даст мегирад ва наздамон мегузорад. Дар нимаи аввали соли равон содиркунандаи 432 љиноят дар љумњурї занонанд:
- Мутаассифам, ки дар љомеаи имрўз ибораи зани љинояткорро зиёд мешунавем. Тасаввур кунед, занмодареро паси панљара. Доѓи якумраи «зани мањбасї» ва… Дањшат аст, дањшат.
Вале, занњоеро низ мешиносам, ки бо донишу малакаву одобу интизом занонро дар байни љомеа арзанда муаррифї кардаанд. Ман бо онњо ифтихормандам.
Ѓолиби озмуни умумиљањонии
«Фаришта» буд…
Сўњбатамон бо Замира дар њар хусус сурат гирифт. Зиндагиномааш оламеро мемонад, ки бо љаззобияти сухан ва мањорати наќлу наќд њамсўњбатро ба ин олам мекашад.
- Соли 1988 дар Маскав озмуни умумиљањонии «Фаришта» баргузор гардид. Ва ман як нафар бонуи тољикистонї дар ќатори дањњо нафар духтарони кишварњои Шарќ ва Осиёи Миёна иштирокчии озмун будам. Пас аз анљоми озмун аъзои њакамон маро ѓолиб эълон доштанд. Њама кафкўбї доштанду гулпошї. Ин яке аз лањазоти хотирнишини њаётам аст, ки њар ваќте ба хотир меорам бо тобиши нав пеши назар љилва менамояд, -мегўяд Замира.
Шуѓли дўстдоштаа ш…
Мутолиаи китобњои бадеист. Умари Хайёмро мепарастад. «Шоњнома»-и безаволи Фирдавсї китоби саримизиаш аст. Аз мутолиаи девони ѓазалиёти Њофиз лаззат мебарад. Навиштањои Фазлиддин Муњаммадиев ва Сотим Улуѓзодаро зиёд мутолиа менамояд. Аз нависандагони хориљї асарњои Александр Дюма ва Чугу ба табъаш наздиканд.
Замира мекўшад дар нигоњубини рўву мўй аз мањ сулоти таб иї истифода бикунад. Марди идеалї ба рояш нафарест, ки дар тахассус пешрафта ва дар оила падари мењрубону дар тарбияи фарзандон сахтгир аст.
Ќутбияи Неъматулло