С.У. Ќалби саршор аз мењру дур аз кудурат, ишќу муњаббатро њифз карда тавонистан, зиндагиро бо њама бурду бохтњояш дўст доштан, ќисматро бо њар он чї њасту нест пазируфтан – инњо аз хислатњои наљиби инсонианд, ки сирри љавониву зебогии якумраро дар худ нињон медоранд. Ромен Роллан, Љек Лондон, Теодор Драйзер ва … дўстони кўдакии мананд, ки дафтари саводро аз асарњошон, яъне аз сабаќњояшон пур кардаам. Дар баробари зебогии ботинї, чењраи орифона, отифона, дилкаш ва зебо доштани занро тамоми бузургони љањонї эътироф кардаанд ва ман низ…
Г.Б. Интихоб: зебої, фаросат, садоќат…
С.У. Ин се мафњумро аз якдигар комилан људо намуда, якеро баргузидан имкон надорад. Фаросат аќлро равшан, садоќат ризќро афзун ва зебої кошонаро сафо мебахшад. Њар нафаре, ки битавонад ин њарсеро тавъам сохта, дар як радиф ќарор бидињад, соњиби аќли комил мегардад ва иќболро калид дармеёбад…
Г.Б. «Зани хуби фармонбари порсо…» – кист ў?
С.У. Содиќ, вафодор, дўстдор, мењрубон, боаќлу њушёр, донишманд ва мушовири шавњар. Ваќте ба хонаи мо хостгорњо омаданд, аммаам гуфтанд, ки онњо бо чанд љињат аз мо тафовут доранд. Љавоби ман ин буд: «ман пеш аз њама хоксорї ва баъд ќаноатмандии он љавонро дўст доштам». Ман бо он љавон издивољ кардам ва мо соњиби фарзандони дўстрўй шудем. Шукри Худо, ки дар зиндагї муваффаќ шудем ва арзанда њамзистї кардем…
Г.Б. Интихоб: Карйера, мансаб ё оилаи хушбахт?
С.У. Хушбахтии оилавиро бо њељ молу сарвати дунё иваз намесозам! Аммо, агар зан мушарраф гардад, ки њам карйера бисозад ва њам оилаи намунавї, яъне ин дуроњаро ба њам бипайвандад, офаринаш бод! Ман њам аз шумори он занњое будам, ки фаъолияти љамъиятиву оиларо бо њам бипайвастам. Њам њамсар ва модари ѓамхор будам ва њам олимаву ходими љамъиятї. То имрўз њам дар назди љамъият худро масъул мешуморам, ўњдадорињои зиёд бар зимаи ман аст ва то љон дар рамаќ дорам барои ин Ватан хидмат хоњам кард!
Г.Б. Афсўс мехўред? Аз кадомин нокардањо?
С.У. Барои фурсати кўтоњ. Барои лањзањои аз даст рафта. Барои китобњои нонавишта. Барои он корњое, ки бояд анљомашон медодаму имкон наёфтам. Барои рўзњои аз сар рафта. Барои сарояндаи касбї нашудан. Барои њар лањзаи 16 соли људої аз сар фарзанди љигарбандам, ки дар Амрико аз пайи илмомўзист. Ин њама дарди ман аст ва ман пайваста афсўс мехўрам…
Г.Б. Орзуи норасида…?
С.У. Мехостам, ки синаи кўњи баландтарини љањонро чашмаи мусаффое шикофта будї, ки аз он оби бахт љорист. Ман аз он кўзакашон ё њатто бо нўги миљгон ба рўзгори њар як зани тољик оби љонбахшои бахт меовардам, то ин ки бонуи тољик дур аз дарду фироќ, шодрўз бизистї…
Б.Г. Он чист, ки аз гум карданаш метарсед?
С.У. Аз гум кардани модарам метарсидам, аммо ў аз ман рафт. Аз гум кардани хоњари љигарбандам метарсидам, ки ў њам маро тарк гуфт. Ин гумкарданњо маро сўхтанду сохтанд… Аз рафтани мењмон метарсам. Аз гум кардани дўстон метарсам…
Г.Б. Ансамбли «Бибиљонњо»… ба хотири чї ё кї?
С.У. Ба хотири эњёи љавонї, зинда доштани ќалби зебои занона, собит кардани зебоињои рўзгор дар њамаи даврањои умр. Рўзе дар як мањфил нишаста будем, ки як хонум хитоб кард: «њафтод, ки шудї, афтод». Ростї ин ба ман, ки он ваќт 65-сола будам, бисёр сахт расид ва гуфтам: «Мо пир? Не! Дар дил бањор. Аз мост сафои рўзгор!». Чун сурудхониро дўст медоштам, тасмим гирифтам, ки ба сањна бароям ва бо дастгирии Латофат Насриддинова ансамбли халќї-этнографии «Бибиљонњо»-ро таъсис додем ва ман исбот кардам, ки истеъдод ва ќобилият синну сол надоранд. Дар гурўњ занњои синну солашон аз 65 боло фаъолият доранд. Мо мењмони телевизионњои бузург «МИР», «ОРТ» ва «РТР» будем, њунару истеъдоди бонувони солори тољикистониро дар Фаронсаву Олмон низ эътироф карданд.
Г.Б. Эњсосе, ки дар 75-солагї занро фарогир мешавад…
С.У. Ин солу санаи муќаддас аст, ки бо шарофаташ инсон боз солортар ва дилбастатар ба зебогињои зиндагї мегардад. Ва ман шукронаи Парвардигорро мекунам, ки маро ба ин соли муборак бирасонд. Њар субњи нав аз дирўзи он бештар ошиќи зиндагї, ошиќи њаёт, ошиќи дунёи рангин мегардам. Вале, ваќте њамчун рамзи эњтиром пирон, пиразанон гўён мурољиат мекунанд, ман бо ин созиш карда наметавонам. Аз калимањои зебо истифода бояд бурд. Биёд соњибдилон бигўем ё соњибназарон.
Г.Б. Як лањзаи зиндагї, ки бароятон арзиши якумра дошт…
С.У. Он дидори ширини рўи дўст буд, њаст ва хоњад монд!
Дар замири мо намеѓунљад ба ѓайр аз дўст кас,
Њар ду оламро ба душман дењ, ки моро дўст бас!
Гулноза БОБОМУРОДОВА