06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САНОАТИ ХОНАГӢ

 

Бонувони хонашини аз ҳунарҳои гуногуни миллӣ бархӯрдор, дер боз мунтазири бунёди сеху дуконҳои бофандагӣ ва коргоҳҳои коркарди меваю сабзавотанд. Ба ин хотир, ҳанӯз чанд сол пештар Алфия Узоқова, сокини деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти „Намуна“-и ноҳияи Панҷ, барои аз бар намудани таҷрибаву малакаи соҳибкорӣ бо аҳли оилааш ба шаҳри Турсунзода кӯчид.

–Бо мақсади омӯзиши нозукиҳои кори дӯзандагиву бо­фандагӣ ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот, тӯли 10 сол дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ ихтиёр кардем, – мегӯяд Алфия. – Рақобати солим, одобу фарҳанги волои ҳамтоён ва амалӣ сохтани нақшаву ҳадафҳои пешгирифта ба ман неруи тоза мебахшид. Дастовард­ҳои имрӯзаам натиҷаи ҳамон заҳмату талош­ҳое мебошанд, ки ҳини касбу таҷрибаандӯзӣ дар он ҷо аз сар гузаронидаам. Зеро малакаи кор бо гурӯҳ, тарзи ба роҳ мондани истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти тайёрро маҳз зимни ҳунаромӯзию зиндагӣ аз ҳунармандону соҳибкорони шаҳри Турсунзода омӯхтам. Бо дастгирии онҳо соҳиби дукони дӯзандагию нуқтаи савдо шудем. Аммо ҳамаро во гузошта, бо аҳли оила ба ноҳияи Панҷ баргаштем, зеро мақсад аз ҳиҷрат омӯзиши ҳунари дӯхту дӯзу малакаи соҳибкорӣ буд.

Ӯ фаъолияти худро нахуст бо ду сунҳораш аз гулпартоӣ ва тоқидӯзӣ оғоз намуда, баъди чанд муддате бонувони ҳунарманди деҳаро ба дӯхти сарулибоси занона ҷалб сохт. „Дар давраи аввал пешбурди коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мавзеъҳои дуртар аз шоҳроҳҳо ва минтақаҳои аз лиҳози гардиши молу маҳсулот дар бунбаст, мушкилу имконнопазир менамуд. Зеро дар шароити хонаву ҳудуди як деҳи дурдаст барои ташкили корҳои шарикии музднок маб­лағи зиёду заҳмати беандоза мебоист.Бо мурури вақт талаботу таваҷҷуҳи сокинону тоҷирони ноҳия ба маҳсулоти тайёрнамудаи мо зиёд шуд. Аз соли 2010-ум ба бозомӯзию баланд бардоштани малакаи дӯзандагии гурӯҳи ҳунармандон пардохтем, то либосҳои дӯхтаи мо ҷавобгӯи талаботи мардум бошанд“, – мегӯяд сарвари дӯзандаҳои деҳоти „Намуна“. – Вақте бо пешниҳоди барномаи „Тавоноии зан“ фонди „Пулҳои беаҳамият“ таъсис доданӣ шудем, бисёриҳо итминон надоштанд, ки бо 5–10 сомоние, ки аъзои гурӯҳ ҷамъ мекунанд, мешавад тиҷорати фоидабахшро ба роҳ монд. Ҳамин тавр, хазина пайдо кардан­ро омӯхтем ва бо зиёд шудани музди кор ҳар аъзои гурӯҳи 40 нафараи мо рӯзгори як хонаводаро пеш мебурду иловатан маб­лағи муайяне дар фонди умумӣ пасандоз мекард.

Ба андешаи Алфия Узоқова таваҷҷуҳи рӯзафзуни сокинон ба сарулибоси миллӣ аз эҷоди мудҳои замонавӣ ва сифати он вобастагӣ дорад. Баъди оне ки дар дӯхти сарулибоси мактабӣ муваффақ шудем, нахуст бо мактаби деҳаамон шартнома баста, барои муҳассилин чандсад ҷуфт либоси мактабӣ дӯхтем. Сифати либосҳои моро дида, имсол бо тавсияи мудири шуъбаи маориф ва раиси ноҳия 15 МТМУ ба мо фармоиши дӯхтани либоси мактабӣ карданд.

Дар ҳоли ҳозир шумораи коргарони ин гурӯҳи дӯзандагӣ ба 60 нафар мерасаду рӯзе ба ҳисоби миёна то 20–25 ҷуфт либос истеҳсол менамояд.

– Корро дар ҳавлии хонаи мо аз поракунии матоъ оғоз мекунему тарҳҳои омодаро ба хонаҳои дӯзандаҳо тақсим мекунем. Баъдан гурӯҳи сеюм ба либосҳо тугмаю дигар ороишҳо дӯхта, колои тайёрро ба хазинадор месупораду аз он ҷо маҳсулоти мо ба мағозаву нуқтаҳои фурӯш фиристода мешаванд, –мегӯяд ӯ.

„Иштирок дар озмуни „Фараҳ-2016“, ки ғолиби даври нимниҳоии он гаштем, саҳифаи наверо дар фаъолияти истеҳсолии мо боз кард, – иброз дошт Алфия.– Ҳамчунин дар соли гузашта ҷоизаи беҳтарин лоиҳаи соҳибкориро бо бурси молии идораи шуғли аҳолии ноҳия ба даст овардам. Аз ин ҳисоб ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бинои коргоҳамонро месозанд. Тибқи лоиҳаи пешбинишуда иншооти мазкур аз толорҳои дӯзандагӣ, синфхонаи таълимӣ, ҷойи нигоҳдории молу маҳсулот ва ошхона барои коргарон иборат аст“.

Сарвари ҳунармандон мақсад гузоштааст, ки дар баробари таъмини шароити мусоиди корӣ шумораи коргаронро аз 60 то ба 100 нафар расонад. Зеро аллакай барои истеҳсоли сарулибоси расмӣ ва куртаҳои махсус барои омӯзгорону кормандони Кохи фарҳанги ноҳия дархост гирифтаанд. Ба қавли Алфиябону ороиши куртаву камзӯлу дигар абзор як ҷузъи муҳими фарҳанги либоспӯшии занони ноҳия маҳсуб ёфта, соле даҳҳо намуд пӯшиданиҳои гуногунтарҳ миёни занон муд мешавад. Бинобар ин, вобаста ба талаботи замон санъати қуроқдӯзию ороишоти қадимиро ривоҷ дода, як нафар аз занони маҳалларо, ки ҳунари қуроқдӯзиро дар Қазоқистону Қирғизистон омӯхтааст, ба кор ҷалб менамоянд.

–Гузаронидани намоиши ҳунарҳои миллӣ имкон дод, ки либосҳои гуногунтарҳ, дастархону дастмолу чойшабҳои нақшин ва дигар маҳсулоти дастии мо ба фурӯшгоҳҳои ноҳияи Панҷу маркази вилояти Хатлон роҳ ёбанд, – иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Алфиябону. – Ҳамакнун барои ба бозорҳои пойтахт баровардани маҳсули дастранҷҳои коргоҳамон бо тоҷирону дукондорони бозорҳои пойтахт гуфтушунид мекунем.

Ӯ, ки дар ин ҷодаи пуршебу фароз маҳорату таҷрибаи зиёд дорад, бо итминон мегӯяд: „Талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба либоси миллӣ тақозо дорад, ки барои пешрафти коргоҳҳои хурди саноатӣ дар маҳалҳои дурдаст саъю талоши дучанд намуд, то садҳо ҷойҳои корӣ муҳайё сохту сатҳи иҷтимоии аҳолиро боло бардошт“.

Ҷамолиддин Сайфиддин

 

:.  Иқтисод 17.02.2017 05:30 2133

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz