04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

IT-СОҲИБКОРОН АЗ КАДОМ МОШИНҲО ИСТИФОДА МЕБАРАНД?!

Ин рӯйхатро мехостем аз шарикасосгузори ширкати аз ҳама гаронарзиши ҷаҳон дар шароити имрӯз Стив-Возняк (бигзор ӯ дигар амалан ба корҳои Apple алоқамандие ҳам надошта бошад) оғоз намоем. Дар таваққуфгоҳи нақлиётии ширкат автомошинаеро дарёфт кардан мумкин аст, ки соҳиби он шуданро ҳар шахси сарватманд орзу мекунад. Ин ҷо сухан дар бораи тамғаи машинаи «Tesla-X» меравад. Бояд зикр кард, ки ин автомобил ҳоло танҳо барои теъдоди ками одамон дастрас аст. Дар он ҷо ҳамчунин автомобилҳои нисбатан муқаррарӣ, ба монанди «Toyota Prius» ва «Hummer-H1»-ро дидан мумкин аст.

Марк Суберг - аз миллиардерҳои ҷавонтарини олам ва соҳиби ширкати овозадори «Facebook» мебошад. Аммо ӯ бо ин ҳама дастовардҳои техникиву пешрафти молӣ  имрӯз аз навъи автомобили миёнаарзишу ба ҳама дастрас чун «Acura-TSX» истифода мекунад.

Ҳамкасби русиягии Сукерберг -Павел Дуров бошад, классикаро дӯст медорад. Ин ҷо сухан дар бораи «Mercedes C 350»-и сафед меравад, ки арзиши он тақрибан то 100 ҳазор доллар аст. 

Шон Паркер яке аз дигар асосгузорони «Facebook», оне ки соли 2012 дар рейтинги «Forbes» зинаи 215-умро ишғол мекард, соҳиби 2 автомшина: «Audi -S5» ( қимматаш тақрибан 50 ҳазор доллар) ва «Tesla» ( қиматаш тақрибан 100 ҳазор доллар) мебошад.

Билл Гейтст- фанати ҳақиқии ширкати «Porsche» буд. Бинобар ин, ҳам коршиносон тахмин мекунанд, ки вай дорои автопарки тамғаи тамоми чунин навъи мошинҳост (шурӯъ аз кӯҳнатарин то навтарин).

Асосгузори ширкати «Oracle» Ларри Эллисон бошад, яке аз соҳибкорони муваффақ дар соҳаи Силикон мебошад. Ларри соҳиби автомшинаи  тамғаи «Lexus LFA» мебошад, ки арзишаш 380 ҳазор доллар аст.

 Ду нафар аз асосгузорони ширкати «Google» Сергей Брин ва Ларри Пейдж низ автомобили тамғаи «Tesla»-ро интихоб кардаанд. Арзиши ин автомобил тавре дар боло қайд кардем, наздики 100 ҳазор доллар ва дар баъзе маврид аз ин ҳам болост.

Ба роҳбари ширкати «Dellе» Майкл Делл тамғаи автомобили «Hummer - H2» писанд будааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин навъи мошин дигар истеҳсол намешавад.

Собиқ директори иҷроияи ширкати «Microsoft» Стив Баллмер бошад, аз автомшинаи на чандон гаронарзиши «Ford-Fusion» истифода мекунад.

PS: Дар тамоми дунё IT-соҳибкорон аз ҳама қишри сарватманду соҳибдонише дониста мешаванд, ки бо ақлу заковати хоса соҳиби сарвати зиёде шудаанд ва саҳми онҳо дар пешрафту тараққиёти техники дунё низ назаррас аст. Онҳо ҳам соҳиби дониши фарқкунандаанду ҳам соҳиби сарвати зиёданд.

 

Гулноз

:.  Иқтисод 30.01.2015 15:20 2936

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz