04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ПОЛША ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Имсол дар шаҳри Душанбе форуми бозаргонони Тоҷикистон ва Полша баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 20 ширкати ин кишвари аврупоӣ ширкат намуд. Натиҷаи ин форум боис гардид, ки табодули коло миёни ду кишвар дар як муддати кӯтоҳ 37 дарсад афзоиш ёфт.

Чанде қабл намояндагони сафорати Полша ба шаҳри  Кӯлоб рафта, ҷиҳати таҳкими равобити соҳибкорони ду кишвар мулоқот баргузор намуданд.

Мушовири аввал  ёдовар гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ соли равон миёни ҳар ду давлат гурӯҳи корӣ оид ба пешрафти сайёҳӣ ташкил мегардад ва қарор аст журналистони тоҷикистонӣ ба Полша рафта, аз наздик ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва бахши иқтисод ошно шаванд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сафорати Полша дар Ӯзбекистон се сол боз дар шаҳри Душанбе бо иштироки рӯзноманигорони васоити ахбор ва радиову телевизион нишасти матбуотӣ баргузор менамояд ва ин ҳамоишҳо ҷиҳати густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодию кишоварзӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Солҳои охир донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар рафта, дар донишгоҳҳо таҳсил менамоянд ва соҳибкорони ҷумҳурӣ ҳамкории худро бо бозаргонони Полша таҳким мебахшанд. Новобаста ба он ки Полша соли гузашта ба кишварҳои дунё ба миқдори 20 миллиард доллари амрикоӣ себ фурӯхтааст, талош дорад аз Тоҷикистон меваи хушк  харидорӣ намояд.

Натиҷаи рушди иқтисодиёт дар  Полша, дар соли 2013 ва ҳамчунин раванди пешрафти он дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи иқтисодӣ ба тадриҷ беҳтар гардида, динамикаи рушди сатҳи иҷтимоӣ ҳифз мешавад. Рушди бахши саноат соли 2013  2, 1 дарсадро ташкил намуда, ин нишондод дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба 4, 3 дарсад баробар гардидааст.

Тибқи иттилои муштараки Палатаи савдои Олмону Полша ин кишвар аз рӯйи натиҷаҳои бадастоварда дар соли гузашта аз назари ҷалби сармоягузории хориҷӣ тамоми кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро гузаштааст.

Славомир Стшалковски, мушовири аввали сафорати Полша дар Ӯзбекистон, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ёдовар гардид, ки ин охирин мулоқоти ӯ бо журналистони Тоҷикистон аст, зеро муҳлати маъмурияти ӯ дар Осиёи Марказӣ ба охир расидаву вай ба ватани худ бармегардад. «Қадамҳои аввал барои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Полша гузошта шудаанд. Умед дорам, ки ин ҳамкориҳо тақвият ёфта, дар оянда равоти иқтисодию фарҳанги байни ин ду кишвар дар сатҳи баландтар густариш хоҳанд ёфт», – таъкид намуд ӯ.

                                                                            

Эмомалӣ Сайидамирзод

:.  Иқтисод 18.08.2014 05:16 2277

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz