04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ХОРУҒ

- Корхона асосоан бо фармоиши воҳидҳои  низомӣ дар минтақа барои афсарону сарбозон сару либос ва ҷиҳози  хоб медӯзад. Афзоиши рӯзмараи фармоишгарон гувоҳи он аст, ки сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ҷавобгӯйи талаботи рӯз аст. Дар  ду моҳи   охир дӯзандагон барои 800 нафар марзбонон сару либос   дӯхта,  9 ҳазор адад  ҷиҳози рахти хобро пешкаши  қисмҳои ҳарбӣ намудаанд.

Афзоиши  фармоишҳо барои  тайёр намудани   амволи махсус  аз  беҳтар шудани  шароити хизмати афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. Дӯзандагон бо ифтихор мегӯянд, ки маҳсули дасташон дар тани мизоҷон ба хусус хидматчиёни ҳарбӣ шинаму зебо менамояд.

Дӯзандаҳо  Меҳринигор  Давруқова,  Тоҷиниссо  Мавлододова  ва тарроҳ  Бахтибегим Ғоибназарова то солҳои 1990-ум дар фабрикаи дӯзандагии  Хоруғ кору фаъолият мекарданд. Вале бо барҳам хурдани собиқ шӯравӣ ва таъминоти муттамарказ коргарони ин корхонаи овозадор бекор монданд. Зеро корхона муфлис шуду  бинои  онро хусусӣ гардонида,   ба муассисаи таълимӣ табдил додаанд.

          - Ба мисли дигар  корҷӯён  бозорнишин  шудем,  вале бо  шарофати корхонаи нав имкон пайдо шуд, ки ба касбу кори дӯстдоштаамон  баргардем,- мегӯяд тарроҳ Б. Ғоибназарова.-Дар давраи бекорӣ дар хона фармоиши  ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳоро  иҷро мекардам. Ин имконият медод, ки то имрӯз маҳорату малакаамро  ҳифз кунам. Имрӯз маоши моҳонаи мо 500-600 сомониро ташкил медиҳад ва бо афзоиши маҳсулнокии кор маоши мо зиёд хоҳад шуд.

Ба  гуфтаи  Сусана  Мародбекова    корхона фаъолияташро густариш дода,  дар баробари воҳидҳои низомӣ  фармоиши идораву муассисаҳоро ҳам  қабул карда истодааст. То имрӯз бемористони  вилоятӣ ва муассисаи ислоҳотӣ  ба маблағи зиёда аз сӣ ҳазор сомонӣ кӯрпаву болишт  аз корхона харидорӣ намудаанд. Мизоҷони нави корхона мегӯянд, ки аз сифати мол қаноатманд буда, аз ин пас маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳро харидорӣ хоҳанд намуд. Ҳоло бо фармоиши шаҳрдории Хоруғ дӯзандагони коргоҳ  200  ҷуфт сару либоси  бо рангҳои  парчами миллиро тайёр намуда истодаанд, ки   дар Рӯзи ҷашни парчами миллӣ гурӯҳи ҷавонон  онҳоро ба  тан  мекунанд.

Корхонаи дӯзандагии Хоруғ бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли гузашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, айни ҳол дар он зиёда аз 50  нафар кор мекунанд.  Ба иттилои мақомоти  шаҳрдорӣ  қарор аст, ки  дар ояндаи наздик бо ширкати  раисҷумҳур ҳамчунин дар шафати ин корхона  хишти аввали пойдевори корхонаи дӯзандагии Агентии давлатии  таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ низ гузошта мешавад. Фаъол шудани корхонаи нав имкон медиҳад, ки ҳудуди  200 нафар сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

        

 Ш.Мирзоҷалол

:.  Иқтисод 01.10.2013 06:28 2393

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz