04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«КОРВОН»СӮХТ!

            Тамоми нуқтаҳои фурӯш баста буд. Фаъолияти бозор то 3 рӯз мутаваққиф шуд.

            Чанд мошини оташхомӯшкуниро дар ҷои ҳодиса мушоҳида  кардам. Милисаҳо монеи ҳар навъ аксбардориву сӯҳбат ботоҷирон маро аз байни бонувон, ки гиряву нола доштанд, бароварда, ба сӯе бурданд.

            Яке аз ин занҳо, ки худро Аслия Ноибова  муаррифӣ кард, шикоят аз хунукназарии масъулин дошт.

            – Дирӯз соати 17 хабар омад, ки«Корвон» сӯхт. Ман наздики 19 ҳазор доллар бор доштам, ҳуш аз сарам парид. Аммо аз дирӯз то имрӯз касе аз масъулини бозор ба наздамон намебарояд, то асли воқеаро равшан созанд.

            Марям Иброҳимова,  тоҷири дигарест, ки дар натиҷаи ин оташсӯзӣ талафоти зиёди молӣ дидааст. Ӯ мегӯяд:

            – Ин корро касе махсус кардааст. Дидем, ки бозор аз чор тараф месӯзад. Аз дохили оташ ягон чиз бароварда натавонистем, ҳама сӯхт. Бо баҳонаи иҷорапулӣ, чек, нигаҳбонӣ пули зиёде аз мо мегирифтанд. Намедонам чӣ кор кунам,  аз бонк қарздорам.

            Тоҷирони зарардида талаб доштанд, ки ақаллан 50 фоизи моли аз дастрафтаашонро роҳбарият ва масъулини бозор пардохт намуда, нуқтаҳои савдояшонро дубора барқарор созанд.

            Аммо наздики 3 соат дар ҷоиҳодиса будему касе аз масъулини бозор ба назди мардум наомад.

           –Бовар кунед, ман ҳатто роҳпулӣ надоштам, аз маҳаллаи 9- ум километр то ин ҷо пиёда омадам, –мегӯяд тоҷири дигар бо номи Марям Иброҳимова.

            Аз нуқтаҳои савдо дидан карда, вориди контейнерҳои сӯхтаву ба хокистар табдилёфта шудам. Мардум матоъҳои нимсӯхтаро аз байни оташу хокистар ҷудо карда мегирифтанд. Касе аз байни издиҳом фарёд кард, ки: «Охир чизи сӯхта хосият надорад. Инҳоро ба  куҷо мебаред?»  Зане дар ҷавоб гуфт: «Бехосиятӣ аз ин зиёд намешавад, хонаамон сӯхт. Дороиямон бар бод рафт»…

            Ҳама гиряву нола, додуфарёд доштанд…

            Нафарони зиёд ин манзараҳои ҳузноварро сабт мекард.

            Шоҳиди  гуфтугӯи аҷибешудам. «Худо савдогаронро зад, хуб шуд, тоҷирон  аз  ҳадд рафтаанд, нархро  ба осмон бардошта буданд».

            Аз ҳама бештар дар ин ҳодиса маро бемасъулиятии кормандони милиса дар ҳайрат гузошт. Онҳо ҳар ҷо – ҳарҷо ҷамъ омада, гӯё ҳангоми иҷрои вазифа неву дар суҳбати дӯстона бошанд, бепарвоёна бо ҳамдигар чақ-чақ доштанд.

            Мегӯянд, ки сӯхтор аз худ талафоти зиёди молӣ боқӣ гузоштааст. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса 1 нафарҷони худро  аз даст дода,  2 нафар маҷрӯҳ шудааст.

Раҳимаи АЪЗАМ

 
:.  Иқтисод 11.09.2012 12:02 2611

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz