03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОҶАРОИ ГИЛИ СИЁҲ


МОҶАРОИ ГИЛИ СИЁҲ

Шояд дар кишвар кам нафароне ёфт шаванд, ки дар бораи хусусияти шифобахшии гили сиёҳранги ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон нашунида бошанд. Эҳтиёҷмандони зиёде ҳам дар дармонгоҳу осоишгоҳҳои мамлакат аз ин гил истифода карда шифо ёфтаанд.

Роҳбарияти МСП «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик ин неъмати табииро моли ноҳияи худ ва роҳбарияти осоишгоҳи деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ низ онро моли ноҳияи хеш мешуморанд.

Сарчашмаи истихроҷи ин неъмати шифобахши табиӣ асосан дар кадом ҳудуд аст? Соҳибмулки асосии он кист ва оё аз истифодаи он ба буҷети давлат фоидае ворид мегардад ё не?

Мухбири мо, Билоли Шамс, аз роҳбарияти идораи маҷалла супориш гирифт, ки ба ин суолҳо рӯшанӣ андозад.

Тибқи тадқиқоти гузаронидаи рӯзноманигор манбаи ин дорувор се ҳавзи табиии воқеъ дар сарҳади миёни ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик буда, дар масоҳати умумии 3 гектару 77 сотих замин доман густурдааст. Ин мавзеъро мардум Шӯрқул меноманд. Мутобиқи харитаи ҷуғрофии кишвар ду ҳавзи асосӣ ва шифобахш дар қаламрави ноҳияи Восеъ воқеъ буда, ҳавзи сеюм, ки нисбатан хурдтар ва хусусияти шифобахшиаш низ камтар аст, ба ҳудуди ноҳияи Темурмалик дохил мешавад. Инчунин роҳи мошингарде, ки мусофиронро то ба ин ҳавзҳо меорад, аз ноҳияи Темурмалик мегузарад. Роҳи мазкур имрӯз дар заминҳои ХД «Ваҳдат»-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик ҷойгир аст. Роҳбарияти ин ХД ба ҳар ду тарафи даъвогар (роҳбарияти МСП «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик ва роҳбарияти ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ) дар хусуси ҳамин қитъаи замин (яъне роҳ)-ро ба ихтиёри онҳо супурдан бо мӯҳру имзо ҳуҷҷат дода, ба деги баҳсҳои онҳо равған рехтааст.

МОҶАРОИ ГИЛИ СИЁҲ

Роҳбари МСП (Муассисаи солимгардонӣ ва профилактикӣ)-и «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик Абдураҳмон Сафаров худ­ро соҳибмулки мутлақи гили шифобахш ҳисобида, бо дилпурӣ мегӯяд, ки фақат ӯ иҷозатномаи истихроҷ, истеҳсол ва истифодаи ин манбаи табииро дошта, бояд дигар истифодабарандагон танҳо тавассути бас­тани шартнома метавонанд аз он харидорӣ намоянд. Мавсуф ҳатто амали кормандони осоишгоҳи деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъро, ки ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта то имрӯз чун соҳибмулк гили сиёҳро барои табобати ҳоҷатмандонашон истифода мебаранд, ғайриқонунӣ ва қочоқ мешуморад.

Роҳбари ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи Тосқалъа) Иззатулло Тағаймуродов бошад, даъвои аввалиро беасос ва манбаи гили сиёҳро моли сокинони ноҳияи Восеъ, ба хусус, осоишгоҳи деҳаи Тосқалъа мешуморад.

Ҳарчанд роҳбари МСП «Оби шифо» Абдураҳмон Сафаров аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ иҷозатнома дошта бошад ҳам, дар сурати сар задании даъвоҳои ҳудудӣ масъаларо метавонанд фақат масъулини мақомоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл намоянд.

Дар ҳар сурат то ба имрӯз манбаи гили шифобахш соҳибмулки қонунӣ ва асосии худ­ро надорад ва аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии ҳар ду ноҳия низ назорат ва соҳибӣ намешавад. Аз ин бемасъулиятӣ истифода карда, қариб ҳамаи дармонгоҳу осоишгоҳҳои кишвар аз ин гил ройгон, ба таври қочоқ кашонда мебаранду манфиат мебинанд. Вале буҷети давлат то имрӯз аз ин неъмати гаронбаҳо ягон фоида намебинад.

Масъулини Вазорати тандурустии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки соҳибмулки ин неъмати шифобахши табииро пайдо карда, маҳсули онро ба манфиати халқу давлат роҳандозӣ намоянд ва ба даъвоҳои беасос ва қочоқкориҳо нуқта гузоранд.

Билоли Шамс

:.  Иқтисод 22.05.2012 10:57 2639

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz