аз шоҳроҳу роҳи оҳан ва камзаминӣ сабабгор аст. Новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта, дар Хоруғ, ки ягона шаҳр ба ҳисоб меравад, заводи нон, корхонаи хурди истеҳсоли равғани ангат, заводи оҳану бетон, фабрикаи дӯзандагӣ ва корхонаи сангҳои ороишии “Помир” сохта шуданд. Айни замон фабрикаи дӯзандагӣ ба Мактаби маълумоти касбии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мубаддал гаштааст. Заводи нону корхонаи равғани ангати шаҳр ба миқдори ночиз маҳсулот мебароранд. Хурсандиовар аст, ки баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, як зумра соҳибкорон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳе даст ба истеҳсолот бизананд ва моли ниёзи мардумро тавлид намоянд. Сафи чунин афроди кордон дар Бадахшон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Солиёни зиёдест, ки ширкати “Голчев” бо ҳасибҳои хушмазаи аз гӯшти қутос тайёркардааш ном баровардааст. Он ягона ширкатест, ки дар вилоят обҳои маъданиву нӯшобаҳои ширинро истеҳсол мекунад. Ширкати “De Pamiri Handiсraft” бо маҳсулоти косибии хеш аз қабили истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ, тоқиву ҷӯробҳои пашмӣ ва зарфҳои кулоливу аз қамиш бофташуда, на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маъруфу машҳур аст. Ширкати “Неъмат” дар ноҳияи Роштқалъа ба коркарди маҳсулоти ширӣ махсус гардонида шудаасту корхонаи хурди “Хуф”дар ноҳияи Рӯшон панир истеҳсол мекунад. Корхонаи “Rupani Foindation” муддати 5 сол аст, ки ба духтарону писарон ройгон сангтарошӣ ва ҷилову сайқал додани сангҳои қиматбаҳоро меомӯзонад. Мисли ин ширкатҳо даҳҳо корхонаву ширкатҳои дигар дар Бадахшон арзи вуҷуд кардаанд. Маълум аст, ки ҳадаф ва дурнамои корхонаҳои истеҳсоливу ширкатҳо, тавлидоти бештари маҳсулоти босифат ва коҳиш додани бекорӣ дар ҷомеа аст.
Ҷойи тазаккур аст, ки сарварии ин корхонаҳои номбурдаи Бадахшонро мардон бар дӯш доранд ва ягона корхонае, ки роҳбари он зан аст, ширкати “Pamir Travel” мебошад. Сарвари он Баҳор Муродалиева аст. Гулдаста Орумбекова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ дар хусуси корхонаи мазкур чунин ибрози назар кард: «Ширкат бо талошу кӯшиши бевосита ва қарзҳои бонкиву сармояи шахсии Баҳор соли 2009 тавлид ёфт. Аз рӯзи аввал ширкат бо сифати баланди маҳсулоти хеш ба дили мизоҷон роҳ ёфт. Моҳи июли соли сипаришуда рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз байни садҳо маҳсулот танҳо маводи истеҳсоли ширкати “Pamir Travel “, аз қабили тутмавизи ордшуда ва шириниҳои тут, мақоми аввалро гирифтанд, зеро ин маҳсулот дар халтаҳои хушранги пластикӣ ва қуттичаҳои мувофиқ ба меъёрҳои стандартии ҷаҳонӣ бастабандӣ шуда буд. Ман аз нақшаҳои Баҳор, ки мехоҳад дар ояндаи наздик мағозае дар шаҳри Маскав барои тиҷорат ба иҷора бигирад,
огаҳӣ дорам. Вай на танҳо бонуи меҳнатқарин, балки ҳамсари муҳиб ва модари мушфиқи се фарзанд аст. Бо дастгирии Баҳор чордаҳ бонуи бекор дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон соҳиби касбу кор ва маоши кофӣ барои рӯзгор гаштанд.