03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Эҳдоси Пули Панҷи поён – васлгари кишвар­ҳои ҳаммарзу ҳамзабон рамзи барҷастаи соҳиб­истиқлолии кишвар аст.

Таъсиси Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон дар маркази вилояти Хатлон яке аз комёбиҳои илмию техникии кишвар дар ин давра ба ҳисоб меравад.

Президент дар ХатлонБунёди даҳҳо марказҳои калони тиҷоратӣ, аз қабили терминалу бозор ва марказҳои гуногуни савдо имкон фароҳам овард, ки ҳудуди 100 ҳазор сокинони вилояти Хатлон ба тиҷорат ворид шуда, машғули кори доимию даромади қонеъкунанда шаванд.

Соли 1991 дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дошт. Имрӯз теъдоди корхонаҳои саноатии Хатлон ба 271 адад мерасад.

Дар зарфи 20 сол дар заминаи 178 адад хоҷагиҳои коллективии вилояти Хатлон беш аз 31 ҳазор хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ таъсис ёфт.

Дар 20 соли охир баҳри таъмини насли наврас ба шароити мусоиди таълим дар шаҳру навоҳии Хатлон беш аз 280 мактаби таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шуд.

бонк дар ХатлонДар 20 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 970 адад муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб – роҳе буд, ки минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда ва мардуми дар сатҳи камбизоатӣ қарордоштаро ба хориҷ пайваст. Сохтмон бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён тӯҳфае ба мардуми Хатлонзамин буд, ки дар эъмораш тамоми сокинони Тоҷикистон саҳм доштанд.

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб - сеюмин фурудгоҳи калонтарин дар ҷумҳурӣ дониста мешавад, ки бо кушода шудани он қисмати ҷануби кишвар тариқи ҳавоӣ ба хориҷ пайваст. Мушкилоти рафтуомади муҳоҷирони корӣ, ки дар он шабу рӯз вобаста ба убури марз тариқи давлатҳои ҳамсоя бениҳоят сангин буд, як андоза ҳалли худро пайдо намуд. Имрӯз аз хизматрасонии ин фурудгоҳ на танҳо шаҳрвандони вилояти Хатлон, балки ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ низ истифода мекунанд.

маркази тиббӣ дар ХатлонРоҳи автомобилгарди Кӯлоб-Хоруғ-Қулма- Қароқурум – воқеаи беназири таърихӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ин дувумин шоҳроҳи калонтарини баромад ба хориҷи мам лакат аст, ки бо ба истифода доданаш мо бо яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ абарқудрат, Чин пайвастем.

Ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб боис гашт, ки ин мавзеи дорои таърихи бою ғанӣ боз ҳам ободтару зеботар бигардад. Дар арафаи ҷашн 161 сохт­мони калону хурду миёна ба маблағи 179.100.000 сомонӣ бунёд гардиданд, ки ба манфиати мардуми ин минтақа буданд.

Бинои мӯҳташами комплекси мемориалии шаҳр, таъмири капиталии беморхонаи марказӣ, ба истифода додани бинои нави коллеҷи омӯзгорӣ, ба фаъ­олият оғоз кардани коллеҷи санъат, филиали Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Кӯлоб, кушода шудани омӯзишгоҳи тиббӣ, филиали Донишгоҳи аграрӣ дар ноҳияи Данғара аз муждаҳои гуворои ҷашнӣ буданд.

маркази савдо дар ХатлонБинои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, «Кохи бахт», «Аквапарк», варзишгоҳи марказӣ бо 20000 ҷойи нишаст, бозори «Сомонӣ», бинои нави Раёсати корҳои дохила, Тоҷиксуғурта, бинои минтақавии шиносномадиҳӣ ва раводид, Идораи молия, китобхонаи вилоятӣ, ТВ-Кӯлоб, «Тоҷиксодиротбонк», «Амонатбонк», чойхонаи «Истаравшан», чойхонаи «Исфара», зиёда аз 100 мактаб, чандин марказҳои замонавии савдову тарабхонаҳои зебо сохта шуданд.

Восеъ: Қалъаи таърихии Ҳулбук аз нав эҳё гардид. Чандин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ташкил ёфтанд. Дар давоми солҳои файзбори истиқлолият аз ҷониби ҶС «Самар» ва кооперативи истеҳсолии Камол Мирзоалиев, корхонаҳои ресандагиву бофандагӣ арзи ҳастӣ карданд.

Биноҳои нав  дар ХатлонДанғара: Боғи истироҳатӣ ва чойхона бо ҳама шароити лозима бо номи зебои «Хуррамшаҳр», бозору маркази савдои «Каёнӯш», бинои нави ШКД, комиссариати ҳарбӣ, филиалҳои «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ба истифода дода шуданд. 

Фархор: Таъмири бозори марказӣ баъди сӯхтор, ташкили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, корхо­наҳои бофандагиву ресандагӣ ва оғози фаъолияти ҶСК «Фаррес» бар манфиати сокинони ноҳия буданд.

Ҳамадонӣ: Қомат афрохтани мактабҳо, марказ­ҳои нави савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз қисмате аз ободкориҳо дар ноҳия арзёбӣ мешаванд.

Темурмалик: Бинои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия сохта ба истифода дода шуд. Чанд маркази фурӯши сӯзишворӣ, мактабҳо ва марказҳои савдо бунёд ёфта, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт.

Шӯрообод: Биноҳои маъмурии суд, прокуратура, шӯъбаи молия, шӯъбаи андоз, бинои беморхонаи марказии ноҳия аз нав сохта ва ба истифода дода шуданд. 

Ховалинг: Бинои наву замонавии иборат аз 12 ҳуҷра сохта барои истифодабарӣ ба сокинон дода шуд.

Мӯъминобод: Фабрикаи паррандапарварӣ муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир дар ҳамдастӣ бо бародарони эронӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Балҷувон: Яке аз ҷавонтарин ноҳияҳоест, ки дар солҳои истиқлолият ташкил шуда, имрӯз ба маркази маъмурӣ ва ободу зебо табдил ёфтааст. Бинои ҳукумати ноҳия, суд, прокуратура, боғчаи кӯдакон ба зебогии ин макон ҳусни дигар зам кардаанд.

Нақби Шар-Шар, ки бо кӯмаки сохтмончиёни чинӣ бо сифати олӣ сохта шудааст, аз ҷониби коршиносони дохиливу хориҷӣ баҳои баландро сазовор гаштааст.

Дар замони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмон ва ба истифодадиҳии калонтарин нерӯгоҳҳои барқи  обии Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 бунёд гардид.

:.  Иқтисод 12.09.2011 04:35 4548

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz