Ҳамин тариқ, нони истеҳсоли корхонаи нонпазии ноҳияи Восеъ хеле сермуштарӣ дар дӯконҳои минтақа аст. Дар байни даҳ шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб аз ҳама бештар нони ҶДММ «Султон» серхаридор аст ва рӯз ба рӯз муштариёнаш афзудан доранд. Аз Шаҳзода ном сокини Кӯлоб, ки дар даст нони истеҳсоли ҶДММ «Султон»-ро дошт, сабаби аз нонҳои ин корхона хариданашро пурсон шудам. Шаҳзода мегӯяд, ки нонҳои пухтаи ин корхона хӯштамъ буда, вазну сифаташ мувофиқ ба меъёрҳои стандартист: «Имрӯз хлеб дар бозору дӯконҳо пур аст, вале ҳеҷ кадомаш мисли хлебҳои Восеъ хӯштамъ нестанд. На нонҳои пухтаи шаҳрвандони алоҳида, на хлебҳои пухтаи корхонаи нонпазии шаҳри Кӯлоб. Ҳамаашон «докахлеб» ҳастанд. Таркибашон бештар хамиртуруш дораду вазнашон ҳам хеле сабук, тамъ ҳам надоранд. Инчунин, дар кадом шароит пухта мешаванд, касе кафолати тозагии онҳоро дода наметавонад. Мақоли мардумӣ беҳуда набудааст: «Нони гандум ҳама ҷо, кадбону ҷо-ҷо».
Баъди мушоҳидаҳо ба пуррагӣ фаҳмидем, ки дар дохили бозор, ошхонаҳои гуногуни шаҳр ва мағозаҳои хусусии ҳама гуна маҳаллоти атрофи шаҳр, ба хлеби корхонаи нони Восеъ ниёзмандии шадид эҳсос мешавад. Ҳатто дар чанд моҳи рафъи оқибатҳои сели Кӯлоб ва сохтмони манзилҳо, маҳз хлеби Восеъ ба аскарони КҲФ, кормандони милиса, офатзадаҳои хаймаҳо оварда мешуд. Раиси идораи ҷамъияти матлуботи Кӯлоб низ изҳор дошта буд, ки рӯзе як теъдод хлеби Восеъро қабул мекунам.
Хушҳолӣ аз вазъи корхонаи нони Восеъ
Зимни таҳқиқи ин мавзӯъ муълум шуд, ки Кӯлоб ба ҳайси як шаҳри калон, имкони истеҳсоли нони хушсифатро надорад. Ин шаҳр бо хлеби истеҳсоли корхонаи ноҳияи Восеъ таъмин мешавад. Ба назар мерасад, ки мудирияти дуруст нест ё соҳибкори асил
дар шаҳр намонда, ки чунин корхонаи хушсифати истеҳсоли нонро ташкил намояд, то аҳолии шаҳр муштарии доимии он бошанду ҳам буҷаи шаҳр аз даромади ин корхона ғанӣ гардад.
Барои фаҳмидани сири хлеби Восеъ ба ҶДММ «Султон» ташриф овардем. Дар корхона нӯҳ нафар ба пухтан ва ҷо ба ҷо кардани хлеб саргардон буданд. Сабур Султонов муассиси ҶДММ «Султон» (яъне муассиси корхонаи нонпазии Восеъ), мегӯяд, ки ин корхона замони Шӯравӣ иқтидори коркарди 20 тонна ордро дар як шабонарӯз дошт. Мисли аксари корхонаҳо аз соли 1996 то 2002 пурра аз фаъолият монда буд. Соли 2002 ба фаъолият оғоз намуд. Аввал бо миқдори кам хлеб истеҳсол мекардем, 400-500 дона, ки бештари он барои хизматчиёни қисми ҳарбии ноҳия буд. Ҳоло дар як шабонарӯз 1-1,5 тонна нон истеҳсол мекунем. Талабот нисбати нони мо рӯз ба рӯз зиёд шудан дорад. Феълан мо бозорҳои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлобу ноҳияи Ҳамадониро таъмин менамоем. Ҳамарӯза мошинҳои нонкашонии мо ба шаҳри Кӯлобу ноҳияи Ҳамадонӣ нон мебаранд. Чанд моҳ пештар бозори ноҳияи Фархорро низ бо хлеб таъмин мекардем. Бо сабаби баланд шудани арзиши сӯзишворӣ кори мо мушкил гардид. Бо бурдани нон ба ноҳияи Фархор арзиши нонро ҳам маҷбур мешудем баланд бардорем, ки чунин ҳолат аз рӯйи инсоф набуд.
Сири серхаридор будани нони корхонаи мо мутобиқ ба меъёрҳои зарурии имрӯза ва даврони Шӯравӣ омода кардани нон мебошад, – изҳор медорад Сабур Султонов. Мо ҳеҷ гоҳ муштариёни худро, бозори худро намехоҳем аз даст бидиҳем. Имкони кулли ноҳияҳои минтақаро бо хлеб таъмин кардан дорем, вале хароҷоти сӯзишворӣ ва масрафи роҳ гарон меафтад, ки ба арзиши нон таъсир мегузорад. Аз ин сабаб мо имкони ба дигар ноҳияҳо бурдани нони худро надорем.
Омор: Аз 9 нафар коргари корхона 6 нафар бонувон ҳастанд. Бо дастгирии раиси ноҳия С.Валиев дар шафати корхона барои сохтмони бинои замонавӣ замин ҷудо шудааст, ки ба наздикӣ сохтмонаш оғоз меёбад. Иқтидори корхона нав васеътар буда, боз 16-20 ҷойи кори нав ва сехҳои дигари нону қаннодӣ ба кор медарояд.
Дилсардӣ аз корхонаи нони Кӯлоб
Барои шиносоии бештар ба корхонаи нони Кӯлоб, ки дар замони Шӯравӣ аз корхонаҳои калонтарини собиқ вилояти Кӯлоб ба ҳисоб мерафт ва дар як шабонарӯз аз 45 тонна орд нон истеҳсол мекард, рафтем. Ин корхона ду қисмат ва хусусӣ гардонида шудааст. Танҳо як қисмати ин корхона, ки бо номи ШХ «Даврон Компания» муаррифӣ мешавад, ба истеҳсоли обҳои гуногуни нӯшокӣ ва нон машғул аст. Директори генералии корхона, Баҳром Рустамов ба суоли банда, ки чаро имрӯз дар мағоза ва бозорҳои Кӯлоб сокинони шаҳр маҳз аз нони корхонаи Восеъ бештар мехаранду аз нони корхонаи Шумо камтар, посух дод, ки имрӯз иқтисоди бозоргонӣ мебошад. Ҳар кас ҳақ дорад, маҳсулоти худро ба бозор барорад ва савдо намояд. Бозор ҷойи рақобат аст, чизи хуб ва хариданбоб бештар ва тезтар ба савдо меравад. Пиромуни дар бозор ва дӯконҳои Кӯлоб харидорони бештар пайдо кардани нони корхонаи Восеъ, маълум, ки нони онҳо сифат ва ҳаҷми хуб дорад. Пеш аз ҳама он ҷо мутахассис ба пухтани нон сару кор дорад. Ман бе муболиға мегӯям, ки корхонаи нони Восеъ дар даврони Шӯравӣ миёни ҳама ноҳияҳои минтақа сифат ва мақоми худро дошт, имрӯз хам он пешсафиро аз даст надодааст. Корхонаи нони Кӯлоб бо он ҳама иқтидори бузургаш дар замони Шӯравӣ ва маҳсулоти мебаровардааш харидори бештаре надошт. Маҳсулоти корхонаи нони Кӯлоб аз сабаби сари вақт ба фурӯш нарафтан, бисёри вақт ба корхона бозпас мегашт. Мо то ба имрӯз мутахассиси ин соҳаро ҷӯё ҳастем, аммо то ҳанӯз мутахассиси хубро пайдо накардем. Ҳатто ҳақмузди аз ҳама баланд ҳам ваъда кардам, лекин натиҷа надод.
Омор: ШХ «Даврон Компания» ҳоло ҳамагӣ 300 дона хлеб (иқтидори собиқаш коркади 45 тонна орд дар шабонарӯз) истеҳсол мекунад. Ба қавли директор онҳо корхонаро дар шакли бинои холӣ (як қисмашро соли 2007) харидаанд, ки баъди насби таҷҳизот ба истеҳсоли нон ва дигар маҳсулоти қанондӣ пардохтаанд.
Ҳасрати директори корхонаи нони Кӯлоб: «Дуруст ишора кардед, ки дар рақобат корхонаи нони Восеъ тавонистааст, ки бозори хариди нони Кӯлобро низ соҳибӣ кунад. Кадом роҳбарро намефорад, ки маҳсулоташ бештар харидор дошта бошаду зиёдтар даромад бинад. Ба ҳар ҳол кӯшиш дорем мутахассиси хуб ёфта, мисли корхонаи нони Восеъ харидорони худро зиёд намоем».
«Ғурур»-и директори корхонаи нони Восеъ: «Мо кӯшиши ҳарчӣ зиёд даромад гирифтан аз як халта ордро надорем. Барои мисол, аз як халта орд 10 сомонӣ даромад мебинем. Дигар корхонаҳои нонистеҳсолкунӣ панҷ ангуштро дар даҳон андохта, аз як халта орд 30 сомонӣ фоида диданро мақсад мегузоранд. Дуруст аст, ки соҳибкори асил мисли мақоли тоҷикии – «тухмак хӯрӣ ҳар рӯз хӯру мурғак хӯрӣ як рӯз» амал мекунад».
Дар пайи ин: Корхонаи нони Данғара низ фаъолият ва мардуми эҳтиёҷманди ноҳияро бо нон таъмин мекунад. Корхонаи нонпазии Фархор низ тибқи маълумот фаъолият мекунад, вале на ба иқтидори Шӯравӣ. Дар мавриди фаъолияти корхонаи нони ноҳияи Ҳамадонӣ бошад, аз сӯҳбат бо муовини аввали раиси ноҳия А. Холиқов огаҳӣ ёфтем, ки кадом нафаре корхонаро харидорӣ намудаву замоне ба ном фаъолият мекардааст. – Ҳоло чанд сол аст аз фаъолият мондаасту сабабашро намедонам, – гуфт Холиқов. Хизралӣ Бобоев, як нафар масъул ва маъмури ҷамъияти матлуботи ноҳия бошад мегӯяд, ки баъди харидорӣ аз соли 1994 ин ҷониб корхона фаъолият намекунад. Корхонаи нон пурра дар ҳисоби ҷамъияти матлуботи ноҳия мебошад. Мо чанд дафъа ба ҷамъияти матлуботи вилоят ва «Тоҷикматлубот» муроҷиат кардем, ки ё корхонаро ба кор дароред ё ба фурӯш бигзоред, ки ҳадди аққал бинояш пурра нобуд нашавад. Аммо то имрӯз на аз ҷамъияти матлуботи вилоят ва на аз Тоҷикматлубот ба мактубҳои мо ҷавоб наомадааст.
Корхонаҳои дигари нонпазии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ мисли корхонаи нонпазии ноҳияи Ҳамадонӣ кайҳо фурӯхта шудаву умуман фаъолият намекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки даврони Шӯравӣ 70-80%-и коргарони ин корхонаҳо бонувон буданд.
Муаммои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои дигар навоҳии минтақаи Кӯлобро ба ҷуз «дастоварди хусусигардонӣ» чизи дигаре наметавон унвон кард.
Зимни омода шудани мавод аз роҳбари ҶДММ «Султон» иттилоъ расид, ки филиали корхонаи мазкур дар Душанбе ба фаъолият оғоз кардааст ва ният доштаанд, ки дар шаҳри Роғун низ филиали онро роҳандозӣ кунанд. Бошад, ки чунин хушхабарро аз дигар корхонаҳои минтақаи Кӯлоб бишнавем.
Билоли Шамс