03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЁҚУТИ НОДИРУ ДАСТНОРАС

Конҳои санги гаронбаҳои ёқут  дар шарқи Помир, дар солҳои 1970  кашф шуданд. Корҳои иктишофӣ дар ин  конҳо, ки «Барфӣ» ва  «Умед» ном гирифтанд, то пош хурдани собиқ иттиҳод идома доштаанд. Ба фикри устоди донишгоҳи Хоруғ, геолог  Хусрав Хӯҷамов сиёсати давр ба махфӣ  нигоҳ доштани захоир ва  истихроҷи  ин  сангҳои нодир манфиатдор буда, аз ин сабаб корҳои иктишофӣ дар   конҳои  ёқут  ба дарозо кашид.

Ёқут пас аз алмос гаронбаҳотарин санги ҷаҳон  эътироф шудааст. Аммо оё ёқут  аз лаъл чӣ фарқияте дорад? Ба гуфти мутахассисион  ранги хунин, мустаҳкамӣ  ва шаффофияти бештар ёқутро аз лаъл  пеш мегузорад.

Роҳбари маркази омӯзиши  сангтарошӣ дар Хоруғ Фарат Қурбоналиев мегӯяд, ки лаъли сифаташ баланд ба ёқут баробар дониста мешавад, аммо солҳои охир дар таснифоти сангшиносӣ  лаъл ба феҳрасти  сангҳои нимқиматбаҳо ва ороишӣ дохил шудааст. Ба гуфти  мутахассис  аз ин лиҳоз, агар дар корхонаҳои коркардабарории минтақа, ороишоти  аз партовҳо ва пораҳои   лаъл тайёршударо дидан мумкин аст, аммо      ёқут нодир  ва  дастнорас боқӣ мемонад.

Мутахассисон  мавҷудияти конҳои ёқутро    дар ҷойҳои касногузар боиси махуф мондани ин санги ҷавоҳир  тайи қарнҳо мешуморанд ва мегӯянд,ки барои ҳамин ҳам ҳамагӣ  чанд даҳсола  қабл  конҳои  ёқут  дар  кишвар  ёфт шуданд. Ёқут дар ноҳияҳои  Роштқалъа   ва Ишкошим низ  дар  дараҳои тангу душворгузар  дучор омадааст.Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва шиддат гирифтани вазъи иҷтимоӣ  иддае аз ҷавонони  маҳаллӣ кӯшиш карданд, ки  ба хотири  рафъи  мушкилот ба  усули  дастии  бадаст овардани ин санг  машғул шаванд ва аз маводи тарканда ҳам истифода бурданд. Аммо тавре маълум гардид,  бе кандани кон ин санги ҷавоҳир ба осонӣ ба даст намеояд. Айни ҳол ин санги ҷавоҳирро гоҳ-гоҳе умдатан дар дасти сокинони Мурғоб дидан мумкин аст.Масъулини нуқтаҳои хариди сангҳои гаронбаҳо дар Бадахшон мегӯянд, ки тайи соли гузашта ба маблағи бештар аз 300 ҳазор сомонӣ сангҳои гаронбаҳо аз мардум харид ва ба хазинаи сарватҳои давлатии вазорати молияи кишвар ворид шудааст.

Мутахассисон мӯътақид ҳастанд, ки хариди қонунии  сангҳои гаронбаҳо аз мардум аз як ҷиҳат,  агар   ба  ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон  мусоидат кунад, аз тарафи дигар, қочоқи онҳоро  кам карда,  усули аз ҳама камхарҷи воридоти сангҳои ҷавоҳир ба хазинаи давлат мебошад. Зеро соли  гузашта ёқут дар Мурғоб  ба далели ба охир расидани захоири омӯхташуда истихроҷ нагардид ва гуфта мешавад, ки  пайдо намудани раги нави кони ёқут идома додани   корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофиро  талаб мекунад.

 Кумитаи амнияти давлатии кишвар  тайи як соли гузашта  4 ҳодисаи қочоқи сангҳои гаронбаҳоро ба хориҷи кишвар  пешгирӣ кардааст.

Захираи лаъл барои ҳазорсолаҳои оянда кифоят мекунад

Кӯҳи лаъл дар як деҳаи зебоманзари ноҳияи Ишкошим аст, ки ҳамасола  аз баҳор то тирамоҳ дар ин ҷо коргарон  ба истихроҷи он  машғул мешаванд. Ба гуфти сардори қитъа Шовалӣ Манзаршоев  расман  ҳамагӣ 12 дар сади  кони Кӯҳи лаъл    омӯхта ва коркард  шуда, захоири  санги гаробаҳои он барои  ҳазорсолаҳои оянда  низ  кифоят мекунад.

Ҳамсӯҳбатам афзуд, ки агар дар баробари истихроҷи лаъл   корҳои иктишофӣ  маблағгузорӣ нашаванд, пас аз чанде захоири омӯхташудаи ин санги  гаронбаҳо ба охир мерасанд  ва мутахассисону коргарон болои сарвати худодод   ҳайрон ва  тиҳидаст  мемонанд.  Бо назардошти аҳамият ва захоири фаровони  лаъл  дар даврони собиқ шуравӣ  тарҳи бо усули   кушоди истихроҷ намудани   ин санги гаронбаҳо ва  бунёди як корхонаи  маъдансофкунӣ дар  заминаи ин кон дар  маҳал   пешниҳод гардида буд, вале ҷиҳати  ба миён омадани  зарурати кӯч додани сокинони ин деҳаи зебоманзар ва  серхароҷот будани  ин иқдом, он амалӣ нагардидааст.

Мутахассисон бовар доранд, рӯзе мерасад, ки на фақат ороишот аз лаъл, балки аз ёқут ҳам чеҳраи зебои бонувони тоҷикро зиннати  бештар хоҳад бахшид.

                                                                Ш.Мирзоҷалол

:.  Иқтисод 24.05.2011 08:39 4689

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz