03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НТВ ЛОЗИМ!

Акаи Лоиқ охирин сими чархи дучархаи Мадинаро ба дастгоҳи назоратиаш гузошта, ростию каҷиашро бори дигар аз назар гузаронид ва баъд чархи барқиро даргиронда, нӯгҳои сими чархро, ки қисмеаш дар вақти чархро тоб дода рост кардан, аз даруни чарха баромада буданд, бо чархи барқӣ суфта, бо гирдаи чарха баробар кард. Боз бо дасташ ламс кард, ки мабодо ба балон осебе нарасад ва баъд ба соҳибаш супурд.

 

Бисёр роҳбарони маҳаллӣ савори дучарха ба кор мераванду аз кор меоянд. Аксар ба ҷуз аз мошини сабукрав дучарха низ доранд, чунки осон, камхарҷ ва безарар аст.

 

Баъди ҳақи меҳнати усторо додаву ташаккур гуфта, баромада рафтани Мадина бо акаи Лоиқ ҳамсӯҳбат шудам. Нақл кард, ки зиндагиаш аз ҳисоби таъмири велосипед - нақлиёти сабуку ҳамаҷиҳата фоидаовари мардум аст. ӯро дар шаҳраки Восеъ ҳама велосипеддорон мешиносанд ва аз хизматаш баҳра бурдаанд. Дар ин мавзеъ сари ҳар қадам дучархаронеро вомехӯред, ки  пайи коре равон аст. Синну солашон гуногун - аз мактаббача то мардони 60-70 сола. 

Ман апаи Зинат Сатторова, сокини деҳаи Кодара, ҷамоати Калинини ноҳияи Ҳамадонӣ, Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистонро медонам, ки аз наврасӣ то имрӯз велосипедсаворӣ мекунад. «Бахусус, дар замони нооромиҳо ва мушкилиҳои зиндагӣ дучарха нақлиёти беминнати ман буд», - мегӯяд, апаи Зинат. Ба монанди апаи Зинат дучархасаворон дар кишвар бисёранд ва ҳар яке аз ин шуғлашон қиссаҳои ҷолиб доранд. Вале мавзӯи баҳси мо дигар аст.

Як чиз касро ба ҳайрат меорад, ки барои чӣ нафаре аз соҳибкорони сершумори мо пайи сохтани нуқтаи таъмири велосипеду мотосикл нест? Охир, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз мошин велосипеду мотосиклҳо бештар аст-ку!. Бовар дорам, ки ташкилкунандаи НТВ (нуқтаи таъмири велосипедҳо) бо муштарӣ таъмин мешавад ва маблағи хуб ҳам меёбад. Далели ин муроҷиати муштариёни зиёд ба акаи Лоиқ мебошад. Дигар устоҳои дучарха низ серкоранд 

Дар хориҷа, ҷойи таъмир он тараф истад, ҳатто роҳи махсуси дучархаҳо мавҷуд аст. Бисёр роҳбарони маҳаллӣ савори дучарха ба кор мераванду аз кор меоянд.  Аксари хориҷиён ба ҷуз аз мошини сабукрав дучарха низ доранд, чунки осон, камхарҷ ва безарар аст. Вале инро ҳам бояд гуфт, ки дар он ҷо ҳар сари қадам дар баробари нуқтаи таъмири мошинҳо нуқтаи таъмири дучархаҳо низ мавҷуданд. 

Инак, савол ин аст, ки дар мо кай чунин марказхо мавриди истифода қарор мегиранд? Ҷавоби он бештар аз ҳукуматҳои маҳалӣ вобаста аст, ки бояд собикории зарур ва дархури ниёзи мардумро тарғибу роҳандозӣ кунанд. 

 

Билоли Шамс

 

:.  Иқтисод 06.04.2011 13:11 2585

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz