03

Июн, 2025
Сешанбе

03

Июн, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ МЕҲРОФАРУ ҲУНАРМАНД

Модари ду фарзанд Мунира Ваҳҳобова, ки 39 сол дорад, аз ҷумлаи онҳоест, ки беш аз се моҳ мешавад дар коргоҳи кандакорию наққошии чӯб, ки онро наққош Комилҷон Зуҳуров таъсис додааст, машғули кор аст. Вай аз он масрур аст, ки дар Ватану дар иҳотаи инсонҳои соҳибҳунар қарор дорад.

- Ман аслан бофанда ҳастам ва дар корхонаи «Хуҷандатлас» кор мекардам, вале тайи чанд соли охир фаъолияти корхона номунтаззам гардид. Аксарият бинобар рухсатиҳои бемузди тӯлонӣ маҷбур шуданд тарки он коргоҳ кунанд. Ман низ маҷбур шудам, то тайи чанд сол дар Русия муҳоҷир бошам. Вале вақте шунидам, ки чунин як корхона ташкил шудааст, дигар фикри сафари Русияро аз сар дур кардам. Алҳол, дар ин ҷо кор мекунам ва дилпур ҳастам, ки бегоҳи ба назди аҳли хонаводаам бармегардам. Мо ҳама ризқу рӯзии хешро аз ҳунар меёбем. Писар ва шавҳарам устои пардозгари биноҳо ҳастанд. Духтарам хатмкунандаи мактаб аст ва нияти идома додани таҳсили хешро дар мактаби олӣ дорад, - мегӯяд Мунира.

- Алҳол аз кори худ ризо ҳастед? - мепурсам аз наққоши навкор.

- Бале. Алҳол, ки нақшҳои оддиро мекашам, ҳудуди 300 сомонӣ дар як моҳ дастмузд дорам, ки ба ҳисоби миёна 14-15 сомонӣ дар як рӯз аст. Вале гулкорҳо, ки таҷрибаи бештар доранд, барои як метри мураббаъи гулбурӣ 50 сомонӣ музд мегиранд. Маоши онҳо бамаротиб зиёд аст.

Коргаронро субҳ мошини корхона ба кор оварда, шомгоҳон ба манзилашон мебарад. Субҳ соати нуҳ ношто, соати дувоздаҳ хӯроки чошт ва бегоҳӣ таоми шом медиҳанд. Ва ин ҳама ройгон аст.

Нисбат ба кори саҳро ва ё азобу озори мусофират ин кор беҳтар аст ва оҳиста-оҳиста одат карда истодаем, - шукргузорӣ мекунад бонуи ҳунарманд. - Раҳбарияти корхона ният дорад, ки коргоҳи дӯзандагӣ таъсис диҳад ва ман тасмим дорам он ҷо ба кор бигзарам.

Дар ҳамин маврид, Баҳромҷон Наҷмиддинов - сармуҳосиби корхонаи мазкур, иброз медорад, ки дар коргоҳ аксарият бо ҳам хешу пайванд, узви як хонадон ҳастанд. «Таври мисол, Оминаи 48-сола бо духтарашон Мунира ва сарвари хонадон Раҳматҷон дар як ҷо кор мекунанд», -мегӯяд Б. Наҷмиддинов.

- Дилам пуру хотирам осуда аст, ки ҳама сарҷамъ ҳастем, - иброз медорад Омина. - Мо хушбахтем, ки маҳсули дастони мо ородиҳандаи бузургтарин иморатҳои кишвар, чун чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ, Боғи миллӣ, Боғи ботаникии Душанбешаҳр, меҳмонсаройи ноҳияи Фархор ҳастанд. Панҷ моҳ қабл аз ин як дару як тирезаи мунаққашу кандакорикардаи моро ба Амрико бурданд. Панҷоҳу ду адад сутуне, ки алҳол кандакорӣ мекунем, дар минтақаи истроҳатии шаҳри Қайроққум насб мешаванд. Ин ҳама сутуну равоқу болорҳои мунаққашу зебо аз дарахти булуту ҷалғӯза сохта мешаванд. Чӯби ин дарахтон умри дароз доранд ва то он рӯзе, ки онҳо побарҷостанд, ба бинандагон зебоӣ ато мебахшанд.

- Мо ният дорем, ки дар назди коргоҳи хеш Маркази таълимӣ таъсис диҳем ва духтарону писарони толибилмро ба таълиму омӯзиши ҳунарҳо фаро бигирем, зеро шумораи хоҳишмандони ҳунаромӯз хеле зиёд аст. Алҳол 25 нафар толибилми мактабҳо бо ризоияти падару модар ва раҳбарияти мактабашон дар коргоҳи мо ба ҳайси шогирд кор мекунанд, ки чаҳор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, - мегӯяд Рустамҷон Зуҳуров, ёвари сарвари коргоҳ ва илова мекунед, - ин дарвозаи мунаққашу зеборо мебинед, ин маҳсули дастони Таҳмина, Наргис, Муҳайё ва Машҳура аст.

- Воқеан зебост, - иқрор мешавам. – Рози ин зебоӣ чӣ бошад?

- Духтарон худ табиатан зебопарастанд, - шарҳ медиҳад Баҳромҷон. – Онҳо дар ин чӯбу тахта меҳри дили худро нақш кардаанд.

Дар берун шамоли сарди фасли дай ба пайкари раҳгузарон панҷа мезад. Вале дар коргоҳе, ки духтарону бонувон кор мекунанд, гарм буд. Дар миёнҷои коргоҳ як бухории бузург пойбарҷо буд, ки ба атроф гармӣ мебахшид. Ба дил гуфтам, ки чи хуш будӣ, агар ҳама раҳбарони корхонаву муассисаҳо дар ҳаққи кормандони хеш, ки ҳама модарону хоҳарони мо ҳастанд, лоақал бад-ин гуна ғамхорӣ мекарданд. Кош, мегуфтам ба дил, як идда раисони кӯрдилу мумсику беор як бор чашми инсоф боз мекарданду мисли соҳибкор Комилҷон Зуҳуров ба духтарону бонувон музди дуруст медоданд. Ҳарчанд музди медодаи ӯ низ барои кашола кардани аробаи рӯзгор кофӣ нест. Кош дигар раисмардон бонувонро аз азоби мардикорӣ мераҳониданду онҳоро дигар ба хиштрезию шолихишовакунӣ ҷалб намекарданд. Худо кош ба дигар ашхосе низ, ки бо бонувону духтарон сару кор доранд, инсоф медод. Зеро маҳз онҳо насл меофаранд ва имрӯзу ояндаи миллати тоҷик сахт марбут ба тани сиҳату хотири ҷамъи онҳост.

Сӯҳбати мо бо ҳунармандони кандакори хистеварзӣ пешорӯи Рӯзи байналмилалии бонувон ва Наврӯзи хуҷаста иттифоқ афтод ва фурсати некро ғанимат дониста эшонро бо фаро расидани иду ҷашнвораҳои фарорасида, қабл аз ҳама бо баҳори нозанин табрик мегӯем.

Наққош аҷаб нақше менаққаш кардӣ,

Эй вақти ту хуш бод, ки вақти мо хуш кардӣ!

 

Тилав Расулзода
:.  Иқтисод 06.04.2011 11:49 3642

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz