06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

100 ҶОЙИ КОРӢ БАРОИ БОНУВОН

 

Дар заминаи ҳамкориҳои истеҳсолии ҶСК «Ресанда» -и шаҳри Бохтар ва Ширкати «Соta- Global»-и Куриёи Ҷанубӣ дар корхонаи ҶСК «Ресанда» коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ ва истеҳсоли 30-40 номгӯи молу маҳсулоти нассоҷӣ ба роҳ монда мешавад. Шумораи коргарони корхонаи мазкур аз 130 тан ба 3 000 нафар расонида мешавад, ки 99 дарсадашонро бонувон ташкил хоҳанд дод.

--1.png12

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар бобати дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои дарёфти шарикони ҳамкори хориҷӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ниҳоии маҳсулоти хоми ватанӣ, рушди саноати сабук ва ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ, солҳои охир шартномаҳои зиёди сармоягузории ширкатҳои ватанӣ дар самти рушди истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ба имзо мерасад. Аз ҷумла, бо ташаббуси намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар Куриёи Ҷанубӣ чанде пеш миёни ҶСК «Ресанда»-и шаҳри Бохтар ва ширкати «Сота- Global»- шартномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Тибқи лоиҳа ширкати хориҷӣ барои ба роҳ мондани коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ ва истеҳсоли даҳҳо номгӯи молу маҳсулоти пахтагӣ дар якчанд марҳила ба коргоҳи ҶСК «Ресанда»- таҷҳизоти замонавии истеҳсоли ворид менамояд.

Бинобар иттилои Ориф Абдукаримов, директории ҶСК «Ресанда», то кунун дар корхона 130 нафар коргарону мухатассссони сатҳи гуногун ба коркади аввалияи пахта ва истеҳсоли ришта ва дӯхти сару либоси мактабӣ машғул буданд. Баъди ба имзо расидани шартномаи сармоягузорӣ миёни ҶСК «Ресанд» ва «Cota- Global» ва марҳилаи аввали воридоти таҷҳозоти замонавии коркарду истеҳсолӣ шумораи кормандон ба 300 нафар расонида шуд, ки 99 дарсади онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

--2.png13

- Тибқи нақшаи тиҷоратӣ ширкати мазкур бо мақсади коркарди ниҳоии пахтаи ватанӣ дар якчанд марҳила ба ҶСК «Ресанда» ба маблағи умумии 20 миллион доллар таҷҳизоти муосири истеҳолӣ ворид месозад. Марҳила ба марҳила шумораи коргарон то ба 1000 нафар расонида мешавад, ки аксаран занону духтарони шаҳру ноҳияҳои атрофи Бохтар хоҳанд буд.

Айни замон дар доираи ҳамкориҳои шарики Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ дар ҶСК «Ресанда» истеҳсоли қариб 40 номгӯи маҳсулот аз қабили шиму костюми синну соли гуногун, сарулибоси варзишӣ, чанд навъ либосҳои махсус барои кормандони соҳаи тибб, сару либоси низомӣ ва либосҳо барои коргарони соҳаи коммуналӣ, роҳсозӣ ва ғайраро ба роҳ монда шудааст.

Тавре ки Ориф Абдураҳимов, директории ҶСК «Ресанда», зимни суҳбат бо хабарнигори Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» иброз дошт, бо зиёд шудани талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар ҷаҳон корхонаи мазкур низ дар қатори дигар корхонаҳои нассоҷӣ ба тавлиди ниқоб оғоз намуданд. То имрӯз онҳо бо фармоиши беморхонаи шаҳри Бохтар ва дигар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсоли ниқоб аз матои махсусро ба роҳ мондаанд. Ниқобҳои истеҳсоли корхонаи Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ аз матои махсуси пахтагӣ омода гардида, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

--3.png14



Гарчанде, ки дар кишвари мо то кунун ягон ҳолати сироятшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гиирфта нашудааст, аммо муассисаҳои тандурустӣ ва умуман ҷомеа бояд ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи ин беморӣ, аз ҷумла бистарӣ ва табобати нафарони сироятшуда, ҳамаҷониба омода бошад.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон

 

:.  Иқтисод 31.03.2020 07:17 1126

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz