06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГРАНТҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ – РАҲКУШОИ БОНУВОН

05 201921Сол ба сол теъдоди занҳои соҳибкор дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзудан дорад. Қисме аз ҳисоби имконияти молиявии хеш тиҷоратро ба роҳ монда бошад, дигарон тариқи шарафёб гардидан ба грантҳои президентӣ дар ин самт муваффақ шудаанд. Имрӯз дар кишвар шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазорро ташкил дода, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.

Аз соли 2006, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам овард, то бонувони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ ба мушкилии молиявӣ мувоҷеҳ нагашта, тиҷорати худро дар ин самтҳо амалӣ намоянд.

Дар назди Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи грантӣ таъсис ёфтааст, ки соли равон 80 лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ мегардад, ки 20 гранти он дар ҳаҷми 40, 30, 20 ва 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Малика Қурбонзода аз шумори бонувонест, ки соле қабл ба гирифтани гранти президентӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ноил гашт. Панҷ сол қабл ӯ дукони дӯзандагии хурдеро таъсис дода буд, ки ҳамагӣ 4 бону он ҷо заҳмат мекашид. Ба ин маблағ коргоҳи дӯзандагиеро созмон дод, ки ҳамакнун 25 нафар бонуи хонашин ба фаъолият ҷалб гардид.

- Маълумоти олӣ надоштам. Пас аз пош хӯрдани оилаам, саробонии се фарзанд бар зиммаам афтод. Бо мақсади фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҷигарбандонам шабу рӯз дар андеша будам ва ниҳоят ба қароре омадам, ки ҳунарҳои дастиамро ба кор барам, - мегӯяд Малика.

05 201922Аз хурдсолӣ Малика ба лавозимоти дӯхташудаи хона пайваста диққат медод ва шеваи дарз меомӯхт. Чизе, агар барояш нофаҳмо буд, онро меканду аз нав медӯхт. Модари мулоҳизакор шавқу ҳаваси духтарашро ба назар гирифта, дар маҳфили зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагӣ ӯро номнавис кард. Малика аз мактаб меомаду сӯи ҳунаристон роҳ мепаймуд. Фараҳманд аз тарҳи нави дарздӯзӣ ба хоҳаронаш аз таассуроти хеш беист қиссаҳо мекард ва барояшон пироҳанҳо медӯхт.

«Зари холис андаруни хок пинҳон намемонад», - гуфтаанд ва Малика низ дар муддати кӯтоҳ бо чеварӣ миёни ҳамсояҳо ном баровард. Ҳанӯз мактабхон буд, ки хостгорон пайи ҳам дари онҳо кӯфтанд. Дониши хуб дошту ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳаваси беандоза. Хост забон омӯзаду дар ин радиф, тарроҳи либосҳои миллии замонавӣ гардад, вале волидайн баъди хатми мактаб ӯро ба шавҳар доданд…

- Пас аз гирифтани гранти президентӣ бинои харобгаштаеро аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба ихтиёр гирифта, таъмир намудам. Дастгоҳҳои дӯзандагӣ харида бонувонеро, ки ҳамқисмати мананд ва ё дар танҳоӣ фарзандонро ба воя мерасонанд, ба кор ҷалб намудам. Пешаварони ботаҷриба барои омода намудани ҳунармандони касбӣ ба мо ёрӣ мерасонанд. Ба хатмкунандагони бахшҳои омӯзишии ин макон гувоҳнома супурда мешавад, - иброз дошт ин бонуи ҳунарманд.

Дукони дӯзандагии «Малика» дар маҳаллаи 46 –уми пойтахт воқеъ буда, аз се ҳуҷра иборат аст. Ҳуҷраҳои коргоҳ бо услуби тоҷикона зебо тазйин ёфтаанд ва дар онҳо бонувон ба дӯхтани лавозимоти гуногун шуғл меварзанду дастранҷҳои эшон чашмро мерабоянд. Аз чеҳраҳои хушнуду болидаи онҳо метавон пай бурд, ки аз шароити корӣ, муносибати роҳбари коргоҳ ва фаъолияти пурсамари хеш мамнунанду ризо.

- Хушҳолам, ки касб дорам. Коргоҳ ба хонаамон наздик асту қулай. Роҳбарамон Маликабону зани хеле фурӯтану дидадароянд. Дар лаҳзаҳои душвор ёрии хешро дареғ намедоранд. Ба ниёзмандон касбу ҳунаромӯзиро дар ин коргоҳ ба тариқи ройгон ба роҳ монданд ва тамоми нозукиҳои пешаро ба онҳо меомӯзонанд, - мегӯяд ҳунарманд Тоҷинисо Сафарова.

Дар ин коргоҳ пироҳанҳои милливу аврупоии занонаву мардона, либоси мактабӣ, пешдоману тоқиҳо, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзиро мувофиқи завқи мизоҷон таҳия месозанд. Дастранҷҳои онҳоро мураббияҳои кӯдакистонҳо, мактаб-интернатҳо ва дигар муассисаҳо бо хушнудӣ ба бар менамоянду аз зебоиву шинамии он меболанд.

 

Пайи орзу

Бо мақсади ноил гаштан ба мартабаҳои баланди касбӣ Малика Қурбонзода ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи тарроҳии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон супурдааст. Айни ҳол, муҳассили соли аввали ин даргоҳ мебошад.

- Хушбахтам, ки ба орзуям расидам. Ҳарчанд дар зиндагӣ нобарориву нокомиҳо зиёд дидам, онҳоро паси сар намудам. Маро заҳмат, бурдборӣ, масъулиятшиносӣ, нангу ор ба ин зинаҳои мурод расонданд. Иродаи қавӣ ва мақсаднокӣ барои чи марду чи зан муҳиманд. Бо истифода аз онҳо ва ҳунар аз вартаи нобарориҳо раҳидаму ба ин рӯзҳои нек расидам. Рӯзҳои неке, ки бо иқдоми наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мо, бонувон фароҳам оварда шудаанд, то аз имтиёзҳои давлат баҳравар гашта, баҳри некуаҳволии фарзандони хеш кӯшиш ба харҷ барем, - хулоса намуд М. Қурбонзода.

 

Фарзона ВОСЕЕВА

:.  Иқтисод 14.05.2019 11:43 1177

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz