09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГАДОӢ: ЭҲТИЁҶ Ё МУФТХӮРӢ?

 

Сокинони гуногунмиллати шаҳри Бохтар талбандаҳои кӯчагиро ба чанд гурӯҳ табақабандӣ менамоянд. Иддае аз шаҳрвандон дар симои онҳо эҳтиёҷмандонро дида, изҳор медоранд, ки хайру саховатмандӣ амали нек аст. Аммо масъулони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон бар ин назаранд, ки бештари талабандаҳо ин шуғлро чун василаи дарёфти қутти лоямут дониста, хоҳиши омӯхтани ҳунару дарёфти корро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки Абдумутолиб Нозимов, хатиби масҷиди ҷомеаи ба номи «Эмом Бухорӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз медорад, ки аз назари дини мубини ислом амали талбандагӣ бар мӯъминон норавост. Ба гуфтаи ӯ масъулони бахшҳои марбутаи мақомоти маҳаллӣ ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, ки шахсияти талбандаҳои ҳудуди маъмурии фаъолияти худро ошкор карда, сабабҳои рӯ ба гадоӣ овардани онҳоро мушаххас намоянд.

Бештари талбандаҳои шаҳри Бохтар занону духтаронанд. Мусаллам аст, ки на ҳамаи онҳое, ки дар соатҳои серодам дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо аз мардум хайру сахо мепурсанд, дар асл камбизоату ночоранд. Зарина Лашкарова, як сокини вилояти Хатлон зимни суҳбат атрофи ин мавзӯъ иброз дошт, ки аз соддалавҳию самимияти шаҳрвандони мо иддае аз муфтхӯрон истифода карда, бо василаи талбандагӣ маблағҳои ҳангуфт ба даст меоранд.

 

 

Барои боварӣ ҳосил намудан ба гуфтаҳои Заррина мо ба яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Бохтар ворид шуда, назди тирезае, ки аз он мӯйсафеди дар роҳрави серодам намоён буд, нишастем. Баъди чанд муддат сарпешхизмати қаҳвахона назди мӯйсафед омада, пораи коғази картониро назди ӯ гузошт. Пирамарди талбанда аз замини сард бархосту болои пораи картон нишаст ва маблағҳои дар домони хилъати сиёҳаш ҷамъовардаро ба сӯи духтар дароз кард. Он зан бепарвоёна «даромад»-и мӯйсафедро ба ҷайбаш гузошта, ҷониби қаҳвахона баргашт. Ҳамсӯҳбати мо оҳи бадарде кашиду гуфт: «Ин пирамард падари соҳибони ҳамин қаҳвахона асту сарпешхизмат сунҳори ӯ».

Тибқи иттилои Асалбӣ Наврӯззода, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба раёсату шуъбаҳои ниҳоди мазкур 14 ҳазору 465 нафар бонувон муроҷиат намудаанд, ки аз ин 11 ҳазор 865 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумор 9210 занону духтарон ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин 4689 тани дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони Агентии ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар тамоми раёсату бахшҳои ниҳоди мазкур омӯзиши қариб 50 номгӯи касбу ихтисосҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, на ҳамаи сокинони вилоят, бахусус занону духтарони хонанишин аз чунин шароиту имконияти барояшон фароҳам гардида истифода мебаранд, мегӯянд масъулин. Шояд занон ва кӯдакони зиёдеро, ки ҳамарӯза барои гадоӣ дар кӯчаҳо мерезанд касе маҷбурӣ ба ин амал талқин месозад? Ҳоло касе ба ин суол посухи дақиқ надорад, аммо мавзуъ ҳамоно кушода боқӣ мемонад. Интизори фикру андешаҳои хонанда ва шарҳҳои дигари вобаста ба мавзуъ аз манотиқи гуногуни кишвар ҳастем. Мактуби худро ба нишонии мо – bonuvon@mail.ru ирсол намоед.

Ҷ.Сайфиддин,

вилояти Хатлон

 

:.  Иҷтимоъ 27.11.2018 11:49 1100

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz