09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРИЮ РОҲБАРӢ ОСОН НАБУД

 

Аз чеварӣ то сарварӣ

Ҳанӯз соли 1965 Марҳабо бо маслиҳати падари бузургвораш, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 17 бор захмӣ шуда, зиёд дар корҳои ҳизбию хоҷагӣ заҳмат кашида буд, ба техникуми технологии шаҳри Конибодом шомил гардид ва баъди хатми он дар коргоҳи хизмати маишӣ ҳамчун дӯзанда ба кор пардохт. Соли 1968 дар шаҳр фаб­рикаи бахиядӯзии №2 таъсис ёфт. Марҳабо яке аз се нафар коргарони нахустини он буд. Фабрика сол ба сол рушд мекард ва занону духтарони бештар сари кор меомаданд. Баъди чаҳор сол дар заминаи фабрика коргоҳи фаръии дӯзандагии иттиҳодияи «Швейместпром» ташкил шуд ва доираи фаъолияти он хеле васеъ гардид. Марҳаборо, ки дӯзандаи чирадаст ва технологи соҳа буд, ба вазифаҳои масъул таъйин мекарданд: устои сех, муҳандис, сармуҳандис ва ниҳоят сарвари коргоҳ. Дар давраи роҳбарии ӯ дар корхона беш аз ду ҳазор нафар заҳмат мекашид, ки аксарияташро занону духтарон ташкил медоданд.

- Ҷавон будем, чӣ будани хас­тагиро намедонистем, коргоҳ дар ду баст фаъол буд. Бахшҳояш дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Сурх ва Лаккон ҳам рӯи кор омаданд, ки 100–200 коргар доштанд ва зуд-зуд ба ин деҳот ҳам мерафтам. Барои бо мошину дастгоҳҳои нави чокдӯзию юрмадӯзӣ таъмин кардани корхонаҳо, омӯхтани таҷрибаи пешқадам борҳо ба шаҳрҳои Душанбею Тошканд сафар кардам. Ин аст, ки маҳсулоти коргоҳи мо, аз қабили сӯзанию рӯйҷои бахиядӯзӣ, бо нақшу нигори миллӣ берун аз ҷумҳурӣ ҳам серхаридор буданду коргарон маоши хуб ҳам мегирифтанд, - қисса мекунад Марҳабо Ортиқова.

Модарию роҳбарӣ

Модарию роҳбарӣ… Ду мафҳуме, ки дар ҳар давру замон муқобилмаъно ҳастанд ва на ҳар бону метавонад ҳам модари хуб бошаду ҳам роҳбари шоиста. Аммо, Марҳабо бо иродаи қавӣ ва шавқу муҳаббат тавонист, ки коргару сарвари номвар ва модари олигавҳар бошад.

Раҳматии шавҳараш Исмоилхон ҳам роҳбар - сарвари корхонаи машҳури спирти Исфара буд, ки дар 52-солагӣ аз дунё гузашт. Нигоҳубини панҷ фарзанд пурра бар дӯши Марҳабо афтод. Ӯ баъзан аз зарурат дарро ба рӯйи кӯдакон мебасту пайи кор мерафт.

- Боре, рӯзи шанбе, мебоист коргаронро ба пахтачинӣ барем (он солҳо дар Исфара ҳам пахтакорӣ буд). Саҳар хезам, кӯдакам таб кардааст. Ба пахта наравам, намешавад. Зуд коргаронро ба саҳро расонда, вазъиятро фаҳмонда, дубора ба хона баргаштам ва кӯдакро ба беморхона бурдам. Баъде ки саломатияш беҳ шуд, дубора ба саҳро рафтам, - мегӯяд Марҳабо Ортиқова. Бе падар калон кардани фарзандон хеле душвор буд, аммо ӯ ҳамаи панҷ фарзанд­ро хононд, соҳибкасб кард ва соҳиби хонаю дар намуд. Тиловатхон – сармуҳосиби бонк, Шуҳратҷон – сарвари намояндагии бонки «Эсхата» дар Душанбе, Муноҷотхон – муаллимаи забону адабиёти тоҷик, Набувватхон - муаллимаи омӯзишгоҳи тиббӣ, Искандархон – иқтисоддон ва соҳибкор. - Афсӯс, ки Набувватхони меҳрубон, ки забони англисиро хеле хуб медонисту чанд бор ба Америка сафарҳои омӯзишӣ дошт ва дастури методие ҳам аз ин фан барои омӯзишгоҳҳои тиббӣ таълиф карда буд, чанд моҳ пеш моро тарк гуфт. Аммо, шукри фарзандони дигарам ва 15 набераю 4 абераам, ки тасаллидеҳи ҷигари бирёнам ҳастанд, - водареғоӣ мегуфт ҳамсуҳбатам.

Мубаллиғ

Ғайр аз ин Марҳабо дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр ҳамчун узви Шӯрои занон, узви кумитаи ноҳиявии ҳизб, узви ҷамъияти «Дониш» фаъолона ширкат меварзид, занону духтаронро ба ҳаёти шоиставу боиста даъват мекард. 27-уми августи соли 1973 вакили нахустин Анҷумани агитаторон (мубаллиғон)-и Тоҷикистон буд ва сухани ота­шин кард. Яке аз фаъолзанони ҷумҳурӣ Низорамоҳ Зарифова ба ӯ офарин хонд.

- Он солҳо дар Исфара ҷалби духтарону занон ба кор ва фаъолияти ҷамъиятӣ мушкилоти хос дошт, чун аксар ба истилоҳ «ҷомабарсар» буданд, яъне рӯйро бо ҷома мепӯшонданд. Вақте ба коргоҳ ворид мешуданд, ҷомаҳоро аз сар мегирифтанду баъди кор боз бар сар андохта, ба хонаҳояшон мерафтанд. Натиҷаи тарғиботу ташвиқоти пайваста буд, ки ин русум оҳиста-оҳиста аз байн рафт, - ба ёд меоварад Марҳабо Ортиқова.

Ганҷинаи маонӣ

Дар меҳмонхонаи барҳаво, ки рафҳои ҷевони калонашро китобҳои бисёре зеб медоданд, бо ҳоҷиоя Марҳабо Ортиқова суҳбат мекардаму меандешидам: «Ин хазинаи бузургро фарзандон ҷамъ карда бошанд ё модари бузургворашон?» Маълум гардид, ки модари азиз ҳанӯз аз даврони мактабхонияш ба мутолиа ва гирдоварии адабиёт шавқи беандоза доштаанд. Фарзандон низ аз хурдӣ аксари ин китобҳоро хонда, соҳиби фарҳанги олии инсонӣ гардидаанд. Ин ганҷинаи маонӣ ҳамеша дастрасашон буда, ки камбуди дидори модари роҳбарашонро ҷуброн кардааст.

Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Исфара

 

:.  Иҷтимоъ 04.10.2018 11:07 1112

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz