Амвоҷи нури Истиқлол
Яке аз ин рӯйдоди муҳим бунёди Неругоҳи нави барқи обии Оқсу аст, ки бо шарофаташ дар хонаҳои сокинони маркази ноҳия ва деҳоти гирду атроф нур медамад ва мушкилоти барқ пурра ҳал мегардад.
Бахтиҷамол ёд дорад, ки дар синфи шашум таҳсил мекарду нахустин неругоҳи тавлиди барқ дар ноҳия дар фазои идона ба истифода дода шуд ва мардум фикр мекарданд, ки дигар зинҳор ба чароғу фонусҳои бобоӣ рӯ намеоранд. Вале, бо гузашти бештар аз 40 сол ин ягона неругоҳ дар ноҳия фарсуда шуда, иқтидори тавлиди барқ аз 700 ба 280 киловатт ва дар сармои зимистон то 80 киловатт коҳиш ёфт.
Камбуди шадиди барқ сокинонро маҷбур сохт барои анҷоми ниёзҳои иҷтимоӣ, аз қабили пухту паз ва гарм кардани об роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ намоянд ва ба тахриби тезкан-ягона намуди буттаи паҳншуда дар даштҳои беканори ноҳия, ки ғизои чорво буда, решаи дароз дорад, даст заданд. Решаи ин рустанӣ ҳамчу ҳезум ба кор мерафт. Ин эҳтиёҷ боис шуд, то дар муддати кӯтоҳ тезкан рӯ ба нестӣ орад. Олимон аз хатари биёбоншавӣ бонги изтироб мезаданд, Ҳукумати кишвар бо мақсади коҳиш додани паёмадҳои хатари экологӣ як зумра тадобир амалӣ намуд, аз ҷумла воридоти ангишт аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя барои ниёзи идораву муассисаҳо ва сокинони маҳал аз боҷи гумрукӣ озод гардид, вале масъалаи таъмини мардум бо барқ ҳамоно бидуни ҳаллу фасл боқӣ монд.
Ҳамчун намунаи барҷастаи ҳамкории судманди кишварамон бо давлатҳои дунё Тоҷикистон ба манзури ҳалли мушкилоти барқи сокинони ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб 8, 6 миллион евро сармояи хориҷӣ ҷалб намуда, дар ҷойи неругоҳи куҳна НБО-и нав бо иқтидори 1500 киловатт-соат пай афканда шуд.
Дар ноҳия маҳсулоти чорводорӣ- пӯсту пашм фаровон аст. Бо таъмин гардидани неруи барқ барои таъсиси корхонаҳои хурди коркарди ин намуди маҳсулот шароит фароҳам омада, маҳсулоти ширӣ дар бозорҳои вилоят боз ҳам меафзояду ҳам хатари нобудшавии тезкан рафъ мегардад.
Бахтиҷамол Лашкарбекова аз зумраи онҳоест, ки зарбдорона ва софдилона ба нафъи давлат ва ҷомеа меҳнат кардаву ба қадри заҳмат ва офаридаи дасти инсон мерасанд. Ӯ неругоҳи навро, ки аз лиҳози иқтидори тавлидоти барқ ду маротиба тавонотар аз неругоҳи даврони собиқ шӯравӣ буда, ба манзилҳо дар дурдасттарин ва баландтарин нуқтаи кишвар гармӣ ва рӯшноӣ овард, амвоҷи нури Истиқлол медонад, ки ба мисли Роғун онро танҳо миллати созандаву эҷодкор бо ҳидояти Роҳбари нурофар қодир аст бунёд созад.
Дилро ба дил раҳест…
Раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ воқеияти бузурги таърихии даврони Истиқлолият аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дарвозаи тиллоии Тоҷикистон меноманду Мурғоб аз лиҳози мавқеияти ҷуғрофӣ дар ифодаи ин мафҳум нақши калидӣ дорад. Собиқадори меҳнат Б.Лашкарбекова ба мисли дигар сокинони ноҳия шоҳид аст, ки дар муддати кӯтоҳ дар минтақа роҳ сохта шуда, ба масири байналмилалӣ пайваст гардид. Аввалҳои соли 2000-ум гузаргоҳи марзии Қулма байни Тоҷикистону Чин фаъол шуда, таъсири ин рӯйдоди фараҳбахш ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинони минтақа гардиши куллиро барангехт.
Дар маркази ноҳия терминали нақлиёти боркашонӣ ва мусофирбар ба кор пардохт. Бо афзун гардидани талабот бозор ва соҳаи хизматрасонӣ тараққӣ намуд. Дар канори роҳи аҳамияти байналмилалӣ қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо, меҳмонсаройҳо ва нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ арзи вуҷуд намуда, теъдоди зиёди сокинон шуғли доимӣ дарёфтанд.
Танҳо соли гузашта ба воситаи ин гузаргоҳи марзӣ мустақиман ба кишварамон қариб 100 ҳазор тонна молу маводи ниёзи хоҷагии халқ ворид ва 264 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст.
- Дар баробари аҳамияти муҳими тиҷоратӣ доштан ин масири байналмилалӣ пайғоми меҳри дӯстиву бародариро аз дил ба дилҳо мебараду ин арзишҳоро таҳким мебахшад ва сиёсати сулҳҷӯёнаву неки ҳамҷавории давлатамонро бо соири кишварҳои олам нишон медиҳад, - баён медорад собиқадори меҳнат.
Самараи сулҳ
- Тоҷикон ва қирғизҳои Мурғоб анъанаи ҳамзистии бародарона ва дӯстонаро гиромӣ медоранд ва чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд. Дар баргузории маросимҳо байни ҳам фарқе намегузоранд ва ба ғаму шодии ҳамдигар шариканд, - нақл мекунад апаи Бахтиҷамол ва идома медиҳад.
- Соли 1992 афроди номаълум бо мақсади ғаразнок ва ба вуҷуд овардани бадбинӣ байни тоҷикон ва қирғизҳо дар маркази ноҳия варақаҳои буҳтономез паҳн намуданд. Вале, ҷамъияти қирғизҳо ва тоҷикон ба дасиса дода нашуданду тири бадсиголон хок хӯрд. Мурғоб ягона ноҳияи вилоят аст, ки дар солҳои ноамнӣ ҳам дар ин ҷо гурӯҳҳои силоҳбадаст, мавҷуд набуданд. Вале, авзои ноороми мамлакат ба минтақа таъсир дошту истиқрори сулҳу амният дар кишвар фазои созанда ба вуҷуд овард.
Корҳои ободонӣ ва сохтмонӣ дар ноҳия вусъат меёбанд. Маркази ноҳияи Мурғоб асосан аз биноҳои якқабата иборат буду биноҳои маъмурӣ, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, гумрук, алоқа, меҳмонхона, шифохона ва иморатҳои дигар симои Мурғобро ободтару зеботар гардонданд. Дар бозори васеи марказӣ барои ҳамаи хоҳишмандон имкони савдо ва тиҷорат муҳайёст. Сокинони соҳибзавқ ва кормандони идораву муассисаҳо ба кабудизоркунӣ диққати бештар медиҳанд ва имрӯзҳо мебинем, ки гирду атрофи аксари биноҳои истиқоматӣ ва маъмуриро гулу буттаҳо оро додаанд.
Духтари сарбози инқилоб
Бахтиҷамол дар оилаи серфарзанди акаи Лашкарбек - яке аз сарварони гурӯҳи мубориза бар зидди босмачигарӣ дар Помир ба дунё омад. Падар духтарчаи дӯстрӯякашро «Лаъл» ном мебурд, бад-ин манзур, ки аз дороии ҷаҳон Худованд фарзандон барояшон ато кард, ки барои волидон баҳои дурру марворид ва лаъл доштанд. Тоҷикону қирғизҳои Мурғоб ӯро бо ин исм мешиносанду «апаи Лаълӣ» меноманд. Вожаи «апа» дар муоширати мардум маънои иззату эҳтиром ба занро ифода мекунад.
Бахтиҷамол аз хурдӣ дар корҳои хоҷагидорӣ ва тарбияи хоҳару бародарони кӯчакаш ба модараш мадад менамуд ва меҳнатдӯст ба воя расид. Модар дӯзандаи номдори корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ буду падараш дар матбаа ба ҳайси муҳофиз хидмат менамуд.
Пас аз хатми мактаби миёна духтараки меҳнатдӯст касби модарро гирифт ва шогирди устои дӯзандаи комбинати хизмати маишӣ дар ноҳияи Мурғоб гардид. Нозукиҳои касби хайётиро зуд аз худ кард. Маҳсулоте, ки бо дастони пурҳунари коргарзани ҷавон истеҳсол мешуданд, дарҳол харидор пайдо менамуданд. Вай асосан, барои мардон ва занони чорводор корҷомаю хилъат ва барои фарзандонашон либосҳои бачагона медӯхт.
Соли 1997 Бахтиҷамол сарвари комбинати хизмати маишии ноҳия таъйин шуд. Ба душвориҳои сахти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нигоҳ накарда, корхона таҳти роҳбарии ӯ фаъолияти пурсамар дошт. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо шарикони маблағгузор ӯ чанд дастгоҳи дӯзандагии нав харида, ҷавондухтаронро ба кор ҷалб намуд.
Бахтиҷамол аз корхонае, ки фаъолияти меҳнатиашро дар он сар кард, бознишаста ҳам, ки шуд, аз кори ҷамъиятӣ дур нарафт. Ба ҳайси муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар ҳалли мушкилоти ин қишри ҷомеа ва занон ёрӣ мерасонад.
Хизматҳои Бахтиҷамол Лашкарбекова бо медали «Собиқадори меҳнат», ифтихорномаҳои раиси вилоят ва раиси ноҳия қадр гардидааст.
Апаи Бахтиҷамол бо шавҳари марҳумаш Асламхон Каниев ҳашт фарзандро ба камол расонда, соҳибтаҳсилот гардондааст, ки бо фаъолияти манфиатоварашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ саҳмгузоранд.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
Мурғоб