09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«ЧАШМОНИ НИЛГУН»-И ПОМИР

Муъҷизаи Помир – кӯли Сарез ба макони сайёҳии экологӣ табдил меёбад. Бо ёрии роҳбарияти давлат маҳдудияти сафари сайёҳони хориҷӣ ба кӯли Сарез бардошта шуда, акнун ширкати маҳаллии «Сарез Травел» метавонад сайри хоҳишмандони тамошои ин обистони ривоятрезро аз маркази вилоят то кӯл ташкил намояд. Дидори муншии кулли Соз­мони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва баҳояш ба ин сарвати нодири табиӣ сайёҳони бештарро ба тамошои ин мавзеъ ташвиқ месозад.

Сарез кӯли ҷавон буда, бар асари заминларзаи сахти моҳи феврали соли 1911-ум ва кандашавии кӯҳпораи Усойю басташавии рӯди Мурғоб ба вуҷуд омадааст, аммо назар ба дигар кӯлҳо бештар маълуму машҳур бувад.

Ин кӯлро кӯҳҳои осмонбӯс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захоири 17 миллиард метри мукааб оби тозаи ошомиданӣ дар каф гирифтаанд.

Бархе аз мутахассисони кишвар истифодаи захираи бузургтарин ва тозаи оби кӯлро ба мақсади ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишварҳо амалишаванда мешуморанд. Муҳандис Султонбек Дилёбов, яке аз онҳоест, ки бовар дорад, дар ояндаи наздик оби тозаи Сарез баробари қурби нафту газ тавассути лӯлаҳо интиқол ва ба ниёзмандон расонда хоҳад шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханронӣ дар Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид масъалаи истифодаи оби тозаи Сарезро ба нафъи кишварҳои ҳамсуд таъкид кардаанд. Бунёди НБО дар поёни сарбанди табиии кӯл яке аз роҳҳои дигари истифодаи самараноки оби Сарез арзёбӣ мешавад.

Аммо, бузургтарин толоби Бадахшон бо номи Қаракӯл бо зарфияти 27 миллиард мет­ри мукааб об дар ноҳияи Мурғоб, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон доман густурдааст. Ин кӯли обаш шӯру намакин ва сокиту ором дар назари роҳгузарони масири Хоруғ-Ӯш пораи афтодаи осмонро мемонад, ки дар вусъати дашти беканор сафарии хасташударо ба ёди сабзазорҳои саҳроҳо ва марғзору чаман мебарад. Оби кӯл дар зимистон ях баста, бархе аз ронандагони маҳаллӣ ба хотири кӯтоҳ намудани роҳ ва сарфаи сӯзишворӣ аз болои он убур мекунанд, вале ҳодисаи фоҷиаомези яхшиканӣ аз зарби васоити нақлиётӣ борҳо воқеъ гаштааст.

Яшилкӯл ва Зоркӯлу Рангкӯл - кӯлҳои калони дигари Бадахшонанд. Айни ҳол, Яшилкӯл ягона обвандест, ки захираи фаровони оби он ба мақсади ҳалли мушкилоти энержӣ истифода мешавад. Дар вақти кам шудани оби рӯди Ғунд, ки ба моҳҳои январ - апрел рост меояд ва хатари коҳиш хӯрдани иқтидори тавлидотии НБО-и «Помир-1» мешавад, рӯд аз обанбори Яшилкӯл пур мегардад. Дастандаркорони лоиҳаи истифодаи обанбори кӯл мегӯянд, ки захоири масрафшудаи об боз аз резиши дарёчаҳо ба кӯл пур шуда, хатари муҳитзистӣ ба гирду атрофи он таҳдид намекунад.

Аммо, табиати нотакрор ва олами набототи нодири Зоркӯл беш аз пеш таваҷҷуҳи сайёҳонро ба сӯи худ мекашад. Қариб ҳар як сайёҳи хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба мамнӯъгоҳи Зоркӯл сафар кунад ва олами вуҳушу туюри онро бо чашми сар бубинад. Кӯл дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва дар Роҳи абрешим ҷой гирифта, сайёҳон то расидан ба он ҷо аз тамошои дижҳои бостонии Вахони Ишкошим, ки бунёди қадимтаринашон ба аҳди Кӯшониён мерасад, баҳравар мешаванд. Ба гуфтаи номзади илми биологӣ Абдулназар Абдулназаров дар моварои роҳи парвози парандагони кӯчӣ қарор гирифтани Зоркӯл боис шудааст, ки дар кӯл ва гирдогирди он селаи мурғони гуногуну нодирро мушоҳида кардан мумкин аст. Имсол низ ғозҳои нодири ҳиндӣ фасли баҳор дар кӯл лона гузошта, бо сардшавии ҳаво ба кӯч бастан омодагӣ мебинанд.

Кӯлҳои Помир ба ғайр аз захираи бузурги об, манобеи фаровони моҳианд. Лекин, ин атои табиат то ба ҳол ба таври нокофӣ истифода мешавад. Ба ҳисоби миёна барои таъмини аҳолии вилоят ҳамасола бештар аз се ҳазор тонна моҳӣ зарур аст, аммо бозор ва дастархони мардум аз гӯшти моҳӣ ҳанӯз камбағаланд. Ба манзури густариши моҳипарварӣ мақомот чанд барномаи вижа амалӣ кард ва интизор меравад, ки соҳа бештар рушд меёбад.

Қуллаҳои бовиқору сарафрози Бадахшон рамзи мардуми сарбаланди ин сарзаминанд, вале «чашмони нилгун» ба ин пайкар шукӯҳ ва зебоии бештаре мебахшанд.

Ба андешаи мутахассисон, кӯлҳо на фақат ҷаззобу дилрабо барои тамошоанд, балки аз манобеи иқтисодии ин обанборҳои табиӣ дар Бадахшон бояд самаранок истифода шавад.

М. САИД,
ВМКБ

:.  Иҷтимоъ 18.09.2018 09:21 1180

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz