09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲУНАРАМ САРҲАДРО РАХНА КАРД…

 

Абдулҳаким эҳсос менамуд, ки падар бо ҳунармандиаш назди мардум сарфарозу ифтихорманд асту соҳибэҳтирому болонишин. Агарчӣ аз синни ҳафтсолагӣ нахустин армуғонҳои ҳунармандиаш дили кӯдакони кӯчаро тасхир карда буд, бо ин ором намушуд, талоши онро дошт, ки нозукии пешаро аз қиблагоҳаш ҳар чӣ бештару хубтар омӯзад.

- Ҳуштак аввалин маҳсули кори дастии ман буд. Баъдан аз гил аспакҳо месохтам ва завқмандони ҳунарам рӯз аз рӯз меафзуданд. Ба хотири ҳуштаку аспакча тамоми бачаҳои маҳал бо ман «ҷӯрагӣ» кардан мехостанд. Аҷаб замонест, давраи кӯдакӣ, - хаёлмандона ёд аз даврони гузашта меорад Усто -Абдулҳаким.

Аз он ки дар маркази ин рустои бо ҳунарваронаш овозадор сехи кулолгарӣ фаъолият менамуд, се нафар дӯстони бо ҳам қарин тасмим гирифтанд, то муддате шогирди мактаби устоҳои кулолгари машҳури дараи Қаратоғ бошанд. Ҷӯраҳои бесабру бетаҳаммул аз сири касб бехабар монданд, чаро ки тарки дари дӯкони кулолгарӣ намуданд. Абдулҳаким ҳафт сол дар баробари бо падар машғули кулолгарӣ будан аз ҳунармандони сехи дар деҳабуда нозукиҳои пешаро омӯхт. Солҳо чун турнаҳои баҳорӣ гузаштанду замоне фаро расид, то баъди таҳсили мактаби деҳ ба донишандӯзӣ бипардозад ва барои худ касберо интихоб намояд. Дили ӯ моили ҳунари бобоияш буд. Аз ин хотир тасмим гирифт, таҳсилро дар мактаби рассомии шаҳри Душанбе идома диҳад, зеро хоҳиши дилаш танҳо сайқалу равнақ ёфтани ҳунараш буду бас.

- Падарам бо ҳунармандону рассомон ва меъморони шинохтаи диёрамон ҳамкории зич доштанд. Омода шудани ягон намуди нави кулолгарӣ маҳсули кори дӯстонаи онҳо буд. Фарз кардем, барои тайёр намудани як кӯзаи фармоишшуда онҳо соатҳо бо ҳам сари кор менишастанд. Яке тарҳ мекашид, дигаре аз гил онро омода мекард, сеюмӣ рангу бор медод… Хуллас, яке аз ин рафиқони наздики қиблагоҳам меъмори машҳури кишвар Николай Мишов буд, ки маслиҳату машварати ӯ боис гашт, то ман дар ин ҷода пешрафт бикунам. Ӯ раҳнамоиям кард, ки пешаи кулолгариро аз даст надиҳам, чаро ки ҳунар ҳамеша поянда аст, - иқрор меояд пешавар.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам кулолгарӣ кори дастҷамъӣ буда, дар омода намудани маҳсулоти гуногун аҳли хонавода саҳмгузоранд. Ӯ мегӯяд:

- Маҳсулоти кулолгарӣ аз хоки одии кӯча омода намешавад. Хоки сурху кабудча дар саҳрову пуштаҳои дур аз деҳа мебошад, ки барои дастрас намуданаш чандин фарсахҳоро пиёда гаштан зарур меояд. Лойро се-чоркаса мешӯрем. Агар лой ба истилоҳ «хом» монад, зарфи сафолинамон босифат омода намешаваду зуд мекафад. Гулмонӣ ҳам нозук аст ва аслан бонувони хонадон ин амалро дар косаю табақ ва кӯзаву хурмаҳо анҷом медиҳанд. Хуллас, то тайёр шудани маҳсулот дасти ҳамаи аҳли хонавода ба он мерасад, - мегӯяд усто.

Усто Абдулҳакими кулолгар қаноатманд аз ҳунари омӯхтааш аст, чаро ки агар худ бо иллати камбудиҳои рӯзгор боре ҳам аз кишварҳои хориҷ дидан накардааст, вале маҳсули дастонашро дӯстдорони ҳунари миллии тоҷикӣ дар намоишгоҳҳои бузурги Олмону Фаронса ва Россия тамошо намудаанд. Ӯ бо шукргузорӣ мегӯяд, ки ҳунараш сарҳадро рахна кардаву боиси ифтихормандиаш гаштааст. Устои чирадасту номвар сарфароз аст, ки имрӯз ризқи фарзандонро аз пушти ин пеша ёфтаасту луқмаи ҳалол рӯзии аҳли байташ мебошад.

Қутбияи Неъматулло

 

:.  Иҷтимоъ 06.09.2018 11:08 1161

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz