10

Сентябр, 2025
Чоршанбе

10

Сентябр, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚАТРА-ҚАТРА КАМ - ПАРДОХТИ ОБ ЗАМ

 

Дар масоили ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об воқеан ҳам Тоҷикистон тавонист тариқи талошҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳое чун «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005–2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» корҳои зиёде анҷом бидиҳад.

Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо захираи об алоқаи зич доранд ва меҳвари асосии рушди устувор мебошанду муносибати ҷиддиро тақозо менамоянд, зеро оби тоза манбаи ҳаёт ва муҳимтарин захираи рӯи замин асту мутаассифона, имрӯзҳо сокинони аксарияти мамолики дунё аз норасоии он танқисӣ мекашанд. Шукргузор ҳастем, ки дар Тоҷикистони мо ин неъмати бебаҳо фаровон аст. То ҳадде ки баъзан манзараи ҷумакҳои кушодаву беҳуда шоридани обро нодида мегирем. Ҳол он ки мутобиқи иттилои СММ дар ҷаҳон аз норасоии оби тоза ҳамасола 3,5 миллион одамон мефавтанд, ки 84 % онҳоро кӯдакони то синни 15 сола ташкил медиҳанд. Инро ба назар гирифта, мебояд ки ба қадри об бирасему сарфаи оқилонаи онро ба роҳ монем.

Дар истифодаи оқилонаи об ҳ??ар кадоми мо метавонем ҳиссагузор бошем ва буҷаи хонаводагиро аз сарфи беҳуда нигаҳ дорем. Суоли матраҳ ин аст, ки магар мо метавонем барои коҳиш додани пардохти хизмат­расонии об таъсир расонем ва ҳамзамон ҳузуру ҳаловати хешро маҳдуд нанамоем? Бо кадом роҳҳо ва то чӣ андоза маблағи обро сарфа кардан имконпазир аст? Ва муҳим он аст, ки дар сарфакорӣ ҳаддро нагузарем ва боддастӣ ҳам накунем, зеро сарфакорӣ - на ҳарисӣ, балки муродифи мафҳумҳои эҳтиёткорӣ ва ғамхорист.

Аз чӣ мебояд шурӯъ кард?

Андешае, ки ҳисобкунакҳои обӣ бештар зарар меоранд, ботил бувад. Агар то кунун шумо ҳисобкунаки обиро дар хона насб накарда бошед, нахуст онро пайваст созед ва хоҳед дид, ки пардохти маблағи об, ки сари ҳар нафар ситонда мешавад, ду- се маротиб коҳиш меёбад, хусусан барои оилаҳое, ки шумори одамонашон зиёданд. Бино ба маълумоти Абдушукур Нуров - сардори Департаменти таъминоти оби нӯшокии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», дар ҳудуди ин шаҳр об аз рӯи ҳисобкунак барои як метри мукааб (1000 л) 63 дирам муқаррар шудааст. Бидуни ҳисобкунак аз як нафар дар як моҳ 6 сомониву 94 дирам ситонда мешавад. Ин дар он ҳолест, ки агар ҳам оби нӯшокӣ ва ҳам корезӣ (канализатсия) истифода гардад. Барои маҳалҳое, ки он ҷо хати оби корезӣ вуҷуд надорад, барои як нафар 5 сомониву 70 дирам муқаррар гардидааст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар оилаи тоҷик то 5 нафар ба сар мебарад ва мабодо аз ҳар нафари онҳо 6 сомониву 94 дирам пардохти об амалӣ шавад, дар як сол 416 сомониву 40 дирамро ташкил хоҳад дод. Ва агар шумори одамон аз ин зиёд бошад, пас чӣ қадар хоҳад буд?

Ба гуфтаи Абдушукур Нуров дар доираи лоиҳаи обтаъминкунии ш.Душанбе, ки маблағ барои васл кардани ҳисобкунакҳои обӣ ҷудо шуда буд, то кунун 78 ҳазору 500 адад чунин таҷҳизот дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон насб шудаанд. Нафароне, ки хоҳиши насб кардани обҳисобкунакро доранд, метавонанд онро харид карда, ба масъулин муроҷиат намоянд. Арзиши ин ҳисобкунакҳо аз 40 то 90 сомонӣ буда, истеҳсоли Чин, Русия ва Олмон мебошанд.

Исрофи обу маводҳои такшонкунӣ

Дар ҳоле, ки шумо обҳисобкунакро дар хона васл кардед, баъзе нозукиҳоро мебояд мадди назар гирифт. Якум, заҳидани оби лӯлаҳои хонаро бартараф кардан лозим аст, зеро ихроҷи ба назар ночизи оби халоҷо ба ҳисоби миёна дар як сол 50–70 метри мукаабро метавонад ташкил диҳад. Яъне ҳамасола 31 – 44 сомонӣ аз буҷети оила барбод меравад. Дар ин бора А. Нуров чунин гуфт:

- Аз лӯлаҳои андозаашон 15–20, ки агар 50 % дар ҳолати садамавӣ қарор дошта бошанду об беист заҳад, дар як шабонарӯз то 15–17 метри мукааб об исроф хоҳад шуд, ки баробар ба 9–11 сомонист. Лозим аст, ки коршоямии лӯлаҳои обгузар пайваста зери назорат бошанд ва дар сурати дурустии онҳо сарфаи ҳам хонавода ва ҳам корхонаи мо хоҳад буд, зеро интиқоли об камтар мегардад ва ҳам маводе, ки барои такшонкунии об истифода мебарему аз дигар кишварҳо харидорӣ мекунем, сарфа хоҳанд шуд.

Сарфаи об дар шароити хона

Пас аз насб кардани обҳисобкунак ва таъмиру тармими лӯлаҳои обгузар сарфакориҳои дигари оқилонаи об, ки дар зер оварда шудаанд, метавонанд маблағи муайяни хонаводаро аз исроф эмин доранд:

- ҳини шустушӯи зарфҳои ошхона обро ба тағорача гирифта, онҳоро собуншӯй карда, баъдан дар оби равон чайқонед. Ба ин тариқ, сарфи беҳудаи обро пешгирӣ мекунед;

- дар вақти дандоншӯӣ обро маҳкам кунед ва барои чайқонидани даҳон обро ба истакон гиред. Ба ин тарз, як нафар дар як ҳафта 200–250 литр обро сарфа хоҳад кард;

- масрафи об ҳангоми ришгирӣ низ мисли дандоншӯист. Харҷи онро агар ба таври боло ба роҳ монед, дар як ҳафта 500–600 литр об сарфа мегардад;

- ҳангоми қабули ҳаммом, агар обро дар оғоз ва анҷоми шустушӯй кушоеду боқимондаи вақт баданро собуншӯй ва тамиз кунед, сарфаи об 30–40 %-ро ташкил хоҳад дод;

- вақти хариди афзори маишии рӯзгор, ба мисли мошини ҷомашӯӣ ва зарфшӯӣ, намудҳоеро интихоб кунед, ки дорои реҷаи истеъмоли ками об бошанд. Дар натиҷа сарфаи об 50 %-ро дар бар хоҳад гирифт;

- оби дар он меваву сабзавот шустаро метавонед ба гулҳои хонагӣ ва ҳавлӣ резед;

- обро бо фишори баланд накушоед. Барои шустани дастон андаке кушодани он кофист.

Ҳамин тариқ, истифодаи усулҳои зикршуда исрофи обро ба ҳисоби миёна то 30–50 % коҳиш медиҳад ва занон, ки бевосита ба шустану тамизгардонии хона даст доранд, дар ин кор метавонанд ҳиссагузор бошанд.

Ситора ШАРИФӢ

 

:.  Иҷтимоъ 16.04.2018 11:20 1242

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz