09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНОНИ РАШТОНЗАМИН

 

Ин ҷашни амал дар саросари диёри азизамон бо суруру шодмонӣ ороста мешавад, бо садои суру базми пурзарби идонааш осмон мешикофад ва то бар гӯши малакут мерасад. Бо хусусияти ҳар минтақае таҷлилаш мекунанд, шукуфтанҳои баҳор боз ҳам ӯро зеботару рангинтар мегардонад. Таҷлили Наврӯз дар кӯҳистони кишвар ин ид аст, иди пиру барно, иди ҳама.

Фасли баҳор дар деҳкадаҳои кӯҳистон нисбат ба водиҳо дертар мерасад ва Наврӯз дар оғӯши „кӯрпаи тикка-тиккаи зимистон“, яъне ҷое барфу ҷое сабза, ҷашн гирифта мешавад, ки басо зебою муассиру муҷаллост. Мардумони ноҳияи Рашт яке аз онҳоеанд, ки расму оини Наврӯзро то ба ин даврон ҳифз намудаанд.

Такопӯи арафаи ҷашн низ на кам аз таҷлили худи рӯзи ид заҳмат талаб мекунад ва шояд зиёд ҳам. Бонувон, гул­арӯсакону гулдухтарон бо замзамаи шеъру сурудҳои наврӯзӣ зери лаб ҳама саргарми коранд. Хона мебароранду офтоб мекунанд, гарду хокистари тӯли зимистон ҷамъшударо мерӯбанд ва хонаҳои зисташонро оро медиҳанд. Нишонаи баҳору Наврӯз - пироҳану тоқиҳои гулдӯзиро аз сандуқу ҷевонҳо мебароранд. Боз ҳам барвақттар аз ин донаҳои гандумро рӯи табақ мерезанду об мепошанд то рамзҳои асосии Наврӯз - суманак ва майса омода шаванд. Сарулибоси тоза ва наву идонаи ҳар як узви хонадон омода асту дару девори хона ҳама поку озода ва навбати пухтупаз низ расида. Яке аз оинҳои хуби наврӯзӣ суманакпазист.

Вале инҷо мехостем оид ба он таомҳое, ки дар баробари суманак дар Рашт омода мекунанд, гуфта бошем. Кашки гингина низ таомест заҳматталаб. Ин хӯрданӣ аз гандуми кӯфта, лубиё ва майдаи нахуд, ки тамоми шаб рӯи оташ меҷӯшаду дар чашми рӯз ба қиём мерасад, серғизосту болаззат. Шавлаи махсус, ки аз фаллаи гов омода мегардад, дармон­бахшасту хусусияти пок кардани баданро дорад. Далда, кочӣ, ӯмочи ба шир, ширбат, нашоиста ва боз даҳҳо намуд хӯрданиҳое ҳастанд, ки бонувони раштӣ бисёр лазиз омода мекунанд. Танҳо як суманакро раштиҳо ба чор намуд мепазанд. Аз гиёҳҳои баҳорӣ пудинаву себарга, кадуву картошка, сусизкаҳу шибитаки кӯҳӣ қариб даҳ намуди санбӯсаи баҳорӣ омода месозанд.

Нонҳои калон - калони кадбонуҳои Рашт кайҳост шуҳратёр гаштаанд. Бахусус дар хони наврӯзӣ ҳар як бону дар бастани гирдачаи калон, ки 5–6 ваҷаб мебошад, байни ҳам сабқат мекунанд. Хасфатири тиракӣ, қоқфатир, нони дегӣ, паловгун, таҳмол, фатир ва чапотиву кулча номгӯи анвои нониеанд, ки дар Рашт мепазанд. Нонҳои бо чормағзу ҷазза, себу нок ва дигару дигар шаҳодат аз кадбонугии занони Рашт мекунанд.

Мардон низ аз пеш омодаи Наврӯзанд. Атрофи хонаву дарро аз барфу барг тоза ва шохи долу дарахтон­ро қаламча мекунанд, шиғи ҳотаҳоро мебанданд, замини кишт ва атрофи дарахтон­ро нарм мекунанд. Барои тайёр намудани ин қадар номгӯи хӯриш кундаҳоро мекафонанду ҳезум омода месозанд, ки ин ҳам як рас­ми наврӯзӣ буда, бо базлагӯию қофиязанӣ ва шӯхиҳо мегузарад. Ҷавонписарон машқу тамрин мекунанд. Паҳлавонон ба гӯштину човандозон барои бузкашиву аспдавонӣ тайёр мешаванд. Ҷонварҳои худ - асп, кабк ва хурӯсҳои ҷангиро барои сабқат хуб парвариш медиҳанд.

Ва, инак, субҳи Наврӯ­зист, ҳама мардум зебову озода дару тирезаҳо боз намуда, мунтазири меҳмононанд. Занону духтарон пироҳанҳои наврӯзӣ ба бар бо ҳусни худ рашки гулҳои чаман оварда. Хурдтаракону дӯстрӯякон тоқиву ҷомаҳои гулдӯзӣ ба тан дар ҳар гӯшае бозиву шодӣ мекунанд. Панҷакбозиву тухмҷанг, суркунакону чилику даста бо садои ҳаёҳую хандаи кӯдакона танинандози фазои ҳар як деҳа гашта. Мардум якдигарро ба оғӯш мегиранду таҳният мегӯянд - Наврӯз муборак!

Рӯзҳои ҷашнӣ ва баъд аз он ба хонаи ягдигар рафтану аз куҳансолони авлод ва умуман деҳа аёдат намудан, сайругашти оммавии мардум, чорабиниҳои фарҳангиву мусобиқаҳои варзишӣ, ташкил намудани бозорҳои идона оғози мавсими ниҳолшинониву киштукори баҳорӣ аз одатҳои наврӯзии раштиёнанд. Дар ҳар деҳкада мувофиқи расму русуми ин диёр ҷуфти барзаговҳо заминро шудгор мекунанд ва мавсими киштукорро яке аз куҳансолон бо пошидани дони гандум ҳусни оғоз мебахшад. Ҳатмист, ки дар ин рӯзи муборак аз бузургон, волидайн ва пирони хеш дуои хайре бигирӣ, мегӯянд раштиҳо ва илова мекунанд:

- Чи гунае Наврӯзро истиқбол намоӣ, ҳамонгуна соли пешомад сипарӣ мегардад. Инчунин ривояти қадимае байни мардуми Раштонзамин маъруф мебошад, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯз малакут ба замин фуруд меоянд ва ба мардум шодиву фараҳ меоранд. Вале онҳо ба хонае вуруд мешаванд, ки дар ӯ амну субот ва якдигарфаҳмӣ пойдор аст. Барои ҳамин ҳам мардум аз айбу гунаҳи якдигар гузашт мекунанд. Қаҳриҳо оштӣ мешаванд, кинаву адоват фаромӯш, андӯҳу сиёҳӣ пок. Ва ҳар як хонадон аввалин меҳмоне, ки дар Соли Нав аз остонаи дари онҳо медарояд, бесаброна интизоранд ва муҳим он аст, ки ин меҳмони аввалин кист. Зеро онҳо мунтазири меҳмони накупайу накусириштанд то бо қудуми хеш пайғоми барору баракати Соли Навро оварад.

Ин рӯз дар ҳар хонадон хони сафед густурда мешавад. Рӯи он анвои гуногуни ғизоворӣ, шириниҳову маҳсулоти нонӣ ва, албатта, суманак мегузоранд. Дар арафаи ид хонаву дари худро поку тоза мекунанд. Ашёҳои куҳнаву фарсуда ва шикаставу вайронаро мепартоянд, қарзҳои худро мекананду бо рақибон сулҳ мекунанд. Бо умеди пурфайзу баракат шудани сол шаби арафа зарф­ҳоро пур аз ширу ҷурғот ва гандуму оби зулоли чашма менамоянд.

Наврӯзи минтақаи Рашт бад-ин оину шево рангаш побарҷосту зебо.

Далери Сафар

 

:.  Иҷтимоъ 31.03.2017 11:02 1751

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz