09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМОИШИ «МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА»

 

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки бонувон 51 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқу ободию шукуфоии Тоҷикистон нақши бориз доранд. Тибқи иттилои масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз 10 сол қабл дар амри таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, як қатор монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва афкори барғалати умумро бартараф кардан лозим меомад. Аз ин рӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» тасдиқ гардид.

Мунира Шамсиева, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оила, иброз медорад, ки бинобар мақсаднок сарф нашудани маблағҳои барномавӣ ва тез-тез иваз шудани кадрҳои ҷавон дар мақомоти маҳаллӣ иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҷавобгӯи талабот нест.

-Ба ҷиҳати нобархӯрдорӣ аз донишҳои ҳуқуқӣ аксари занони аз шавҳар ҷудошуда аз ҳаққу ҳуқуқи маскун шудан дар манзили ҳамсар истифода намебаранд. Барои пешгирӣ аз чунин қонуншиканиҳо ва дигар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқҳои занон бояд онҳоро ба таҳсил дар муассисаҳои олию миёнаи касбомузӣ ҷалб сохт.

- Ҷудошавии оилаҳо ва ятиму бесарпаноҳ мондани кӯдакон аз он маншаъ мегирад, ки ба гоҳи издивоҷ духтарон саводу таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд, - мегӯяд Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Аз ин лиҳоз, мебояд дар ҳамбастагии оила, мактаб ва ҷомеа ба тарбияву назорати духтарони синфҳои болоии МТМУ ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба илму ҳунаромӯзӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешид, - меафзуд ӯ.

Зимни суханронии намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирӣ аз ҷинояткорӣ, пӯшиши сарулибоси мансуб ба фарҳанги бегона, шомилшавии занон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро, худкӯшию дигар кирдорҳои номатлуб миёни занон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни чорабинӣ дар мавриди омилҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ибрози назар намуда, таъсиси дарси маърифати оиладориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муҳиму зарурӣ арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар ҳамкории муштарак бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсии иҷтимоии ҷомеа диққати зарурӣ дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки баъди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз моҳи декабри соли 1999 то имрӯз беш аз 20 санади муҳими давлатӣ дар ин самт ба имзо расид. Дар ин замина ҳамакнун бояд дар назди вазорату идораҳои давлатӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шавад, то иҷрои қонуну барномаҳои дар ин самт қабулгардидаро назорат барад, - пешниҳод доштанд иштирокчиёни ҳамоиши мазкур.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

:.  Иҷтимоъ 14.11.2016 09:15 1811

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz