09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Чун изҳори мақсад намудем:

- Сухан аз даҳони луқмон хуш аст ва хуб мешуд бо он заноне, ки собиқаи корӣ ва фаъолияти меҳнатиашон барои ҷавонон ибрату намуна гаштааст, шахсан во мехӯрдем, - гуфт С.Раҷабзода.

КОҒАЗМОҲ БАРОТОВА

Номаш ба кору рафтор ва дилу нияташ мувофиқ аст. Ситораи гарм, забони ширину одоби ҳамида соҳибэҳтиромаш гардонидааст. Дар халқ беҳуда нагуфтаанд, ки "Нони гандумӣ надорӣ, забони мардумӣ ҳам надорӣ?". Ана ҳамин забони мардумро донистани бону Коғазмоҳ аст, ки солҳои дароз ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои гуногун кор мекунаду ҳамарӯза бо мардум аст.

Соли 1979 Коғазмоҳ Баротова мактаби деҳаро бо баҳои хубу аъло хатм карду аз мақсади худ падарро огоҳ намуд. Баъди сукути дуру дароз бо табассуми маънидорона таъкид намуд: "Агар аз таҳти дил хоҳиш дошта бошиву азмат қавист, аз ман дуо. Танхо кӯшиш кун, ки номбардори авлоди мо бошӣ".

Баъди ҳосил кардани ризоияти падар роҳ гирифт сӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистону факултаи таърихро интихоб кард, зеро деҳаи азизаш макони таърихӣ буду бозёфтҳои зиёди таърихӣ дошт. Пажӯҳиши бозёфтҳо ва омӯзондани таърихи диёр ба ҳамдиёронро вазифаи худ қарор дода буд ӯ. Дар ин солҳо роҳ сӯи таҳсил гирифтани духтарон худ ҷасорат ба ҳисоб мерафт. Панҷ соли таҳсил ноаён сипарӣ гардид. Қоғазмоҳ бо сари баланд ва дипломи донишгоҳ дар даст назди падар омад ва офарину ситоиши ӯро сазовор шуд.

Нахуст қадамҳои фаъолияти меҳнатиашро аз мактаби миёнаи № 6 ҳамчун муаллимаи фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ оғоз намуд. Баъди паси бахти худ шудан, ӯ фаъолияти хешро дар мактаби маркази ноҳия идома дод. Шогирдон дарсҳои муаллимаро бо завқу шавқ гӯш мекарданд. Усулҳои нав ба навро дар дарсҳо ҷорӣ мекарду он аз ҷониби шуъбаи маориф дастгирӣ меёфт. Фаъолияти баланди омӯзгорияш буд, ки соли 2000 ба ҳайси муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия пазируфта шуд. Баъди соле мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳия гардид. Ҳоҷатбарори мардум шуд. Даврони ҷанги шаҳрвандии кишвар, бисёриҳо ҳуҷҷат надоштанду муроҷиат мекарданд. Лозим меомад шабу рӯз кор кунад. Зеро аз роҳи дур корафтодагон зиёд буданд. Аз норасоии нақлиёт баъзан лозим меомад, ки корафтодагонро меҳмони хонадонаш кунад.

Имрӯз он рӯзҳоро Қоғазмоҳ ба ёд оварда шукр аз шавҳари меҳрубонаш Насрулло мекунад, ки дар ҳамаи ҳолатҳои душвор дар паҳлӯи ӯ буду вазъашро хуб мефаҳмид.

Пас аз даҳ сол дар ин бахш ӯро ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия даъват намудаву мудири бахши умумӣ, назорат ва иҷрои қарорҳоро ба зимааш гузоштанд ва аз соли 2014 инҷониб дар вазифаи сармутахассиси бахши мазкур кору фаъолият мекунад. Ҳамарӯза даҳҳо корафтодаҳо ба мақомот муроҷиат менамоянд, ки аввалин шуда ӯ онҳоро қабул мекунад.

Апаи Қоғазмоҳ соҳиби панҷ фарзанд, ду духтару се писар мебошад, ки ҳама соҳибтаҳсилотанд.

Ба фаъолияти ин бонувони давлатӣ назар дӯхта, ифтихор мекунем, ки зани тоҷик дар баробари мардон паҳлу ба паҳлу кору фаъолият мекунад.

Имрӯз кас аз дидани ноҳияи Файзобод ва бахусус маркази он, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи пойдори кишвар ба як шаҳри зебову замонавӣ мубаддал гаштааст, ба ҳайрат меояд. Бинову иншооти гуногуну марказҳои тиҷоративу маишии муосир симои ноҳияро куллан тағйир додааст. Бунёди босуръати муассисаву идораҳои давлативу маъмурӣ гувоҳи он аст, ки корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия идома ёфта, дар ин бахш духтарону бонувони маҳаллӣ саҳми арзандае мегузоранд.

Д. Сафаров

 

:.  Иҷтимоъ 26.05.2016 11:40 1500

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz