08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН

Бо мақсади беҳбуд бахшидаи фаъолияти бонувони сарвар дар деҳот ва пешрафти соҳаи асноди шаҳрвандӣ дар кишвар масъулони Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт маҳфилу чорабиниҳои омӯзиширо  доир месозад, ки дар онҳо коршиносону мутахассисони варзида ширкат варзида усулҳои муосири корбариро ба бонувони масъул меомӯзонанд. Дар анҷоми моҳи сентябр  конфронси ҷумҳуриявӣ бо иштироки   занони фаъолу сарвари соҳа баргузор гашт. Дар он чанд масъалаи муҳими рӯз баррасӣ ва таҳлил шуданд. Мафзуи меҳварии конфронс  нигаронии ҷомеа аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон буд. Дар мадди аввал масъалаҳои марбут ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қарор доштанд. Мудирони бахшҳои   сабти асноди ҳолати шаҳвандии навоҳии Фархору Рашт, Бохтару Ҳисор, Ҷалолиддини Румӣ ва шаҳри Душанбе  то ҷое аз фаъолияти худ тӯли 9 моҳи соли равон натиҷа   гирифтанд.  Зикр шуд, ки оила танҳо ба  сабти аснод вобаста нест.  Имрӯз бояд иртибот дар ҷомеа густардатар бошад. Тағйир додани усулҳои анъанавии корбарӣ наметавонанд ба соҳа рушд бахшанд. Дар конфронс оид ба натиҷаи пурсиши махсуси коршиносон вобаста ба масоили хонаводагӣ, аз ҷумла рисолати оиладорӣ маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки имрӯз на ҳама чи будани оилаи ҷавон ва рисолати бунёди онро дарк месозанд. Оила бунёд кардан ба як раванди муқаррарии хонаводаҳо табдил ёфтааст ва шарти асосии он-омода будан ё набудани   навхонадорон ба зиндагии мустақилона    сарфи назар мешавад. Ин омили асосии  пошхӯрии баъзе оилаҳои ҷавон  мебошад ва ин масъала низ мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифт. Саодатбибӣ Сироҷзода-сардори Раёсати АҲШ-и Вазорати адлияи ҶТ мегӯяд, ки мутобиқи омори  расмӣ  соли равон шумораи оилаҳои пошхӯрда миёни ҷавонон коҳиш меёбад  ва танзими барасмиятдарории  асноди ҳолати шаҳрвандӣ мутобиқи  талабот сурат мегирад, аммо ҳанӯз ҳастанд волидоне, ки дар гирифтани зодномаҳои фарзандон ва номгузорӣ   саҳлангорӣ мекунанд. Ин бепарвоӣ ва бемасъулиятӣ барояшон мушкил пеш меорад. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулони бахшҳои САҲШ-и шаҳру навоҳии кишвар бештар гаштааст. Масоили марбути таҳсили духтарон ва касбомӯзии бонувони хонашин низ дар ин нишаст мавриди баррасӣ қарор гирифт. Имрӯз 49,7 дарсади аҳолиро дар кишвар занону духтарон ташкил медиҳанд ва 74 дар сади онҳо касбу ҳунаре надоранд. Ин масъала имрӯз бо татбиқи барномаҳои вижа ҳаллу фасл мегардад. Аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, маишӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ имкони бештари ба кори мавсимию доимӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳотро фароҳам овардааст. Оид ба ин масъала ва тадбирҷӯиҳо дар маҳалҳо мудирони бахшҳои кор бо занон, САҲШ-ҳои навоҳии Рашт, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ ва ғайра андеша ронда роҳу усулҳои судманди тақвиятдиҳандаи татбиқи сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро пешниҳод карданд.  Дар интиҳои конфронс иштирокдорон барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани Соли оила ва амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри ҳалли масоили мубрами хонаводагӣ ва масъулияти волидон дар таълиму  тарбияи фарзандон  муроҷиатнома қабул карданд.

                                                                                                      

 Р.Камол  

:.  Иҷтимоъ 12.10.2015 04:43 1713

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz