08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАРАНДАР ҲАМ МОДАР АСТ!

           Дар яке аз бобҳои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки «Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд» номгузорӣ шудааст, омадааст: «Падару модар ӯҳдадоранд, ки шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба фарзандон роҳ надиҳанд». Мутаассифона, на ҳама волидон ба ин нуқта диққат медиҳанд.

Аз суҳбат бо баъзе волидон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо кӯдакро барои «аз дигарон кам нестем!» ба дунё меоваранду барои тақдири ояндааш  масъулият эҳсос намекунанд. Дар хусуси чӣ будани тарбияи шоиста боре наандешидаанд. Аз рӯи гуфти равоншиносон давраи кӯдакии фарзандон, ки паси сар мешаваду овони наврасиашон фаро мерасад, мушкили волидайн дар муносибат бо фарзанд оғоз мегардад. Онҳо, ки аз аввал дар тарбия ба хатогиҳое роҳ дода буданд, дар ин айём дар муомила бо фарзанди хеш ночор мемонанд. Ин ҳангом дигар кӯдаки замоне кӯчаку эрка ва ё озод  ба навраси мустақилу мағруре табдил меёбад ва  намехоҳад, ки ба кору рафтораш касе дахолат кунад. Мутаассифона, аксар маврид ин ҷо хатогии дигареро волидайн дар тарбияи кӯдак содир мекунанд. Онҳо роҳҳои халосиро аз фарзанд меҷӯянд. Бо баҳонаи «шароити нигоҳубин надорем» ё «ба муҳоҷират мераваму  каси нигоҳубинкунанда нест»  гӯён кӯдаконро ба мактаб-интернатҳо месупоранд.

Рӯзе ҳини аз кор фориғ шудан дар назди коргоҳ бо як зани ошное вохӯрдам, ки мехостааст фарзандашро ба мактаб-интернат диҳад. Исми ин бону Нодира буд, ки ман ӯро  дер боз мешинохтам. Вай маъюсу хаста ба назар мерасид.

- Хоҳарҷон, гардиши айём маро дар осиёбаш орд кард, - гӯён оҳи пурдард кашид ӯ. Ман барои аз вазъ баровардани ӯ каме шӯхиомез, - осиёби олӣ будааст, ордаш ҳам олӣ,- гуфта хандидам.

Аз рӯйи нақли Нодира оилаи аввалаш баъди ҳафт соли хонадорӣ бо сабаби бефарзандӣ пош мехӯраду Нодира бо як марди беваю фарзанддоре оила барпо мекунад.

Дар рафти сӯҳбат ба навраси ҳамроҳаш буда ишора карда, - ин писари хурдии шавҳарам мебошад, номаш Одил. Калониаш дуруст баромад, оиладор кардем, вале инаш як дузди беномус, ҳамаро безор кардааст. Тезтар ба интернат диҳаму ҷонамро халос кунам гуфтам, ки ба он ҷо ҳам ҷойгир кардани ӯ осон набудааст, - гуфта лаб ба шиква кушод.  

Мақсади Нодираро зуд фаҳмидам. Бо ин гуна ҳолатҳо тӯли солҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Дарк кардам, ки ӯ аз наврас, писари шавҳараш тезтар халос шудан мехост. Ва итминон дошт, ки бо баробари супоридани ӯ ба хонаи кӯдакон дигар тамом, масъулият аз дӯши ӯву шавҳараш бардошта мешавад. Вай чун модар (бигзор ҳатто чун модарандар ва як зан) дар хусуси ислоҳи кӯдак намеандешид, дар бораи зиндагии ояндаи ӯ, ки фардо кӣ мешавад, аслан парвое надошт. Ба ӯ фаҳмонидам, ки ин амалаш роҳи ҳалли мушкил нест. Аз ин кор танҳо хусумати фарзанд нисбат ба волидайн зиёдтар мегардад, ки ин оқибати хубе надорад.  

Барои исботи ҳарфам аз таҷрибаи як олиме дар хусуси суханони неку бад низ ёдовар шудам, ки олим дар се зарфи шаффоф донаҳои якхелаи биринҷро парвариш карда онҳоро паҳлӯи ҳам мегузораду бо рақам ишора менамояд. Ҳар рӯз ба назди зарфҳо омада, ба зарфи якум «ту беҳтаринӣ, ту олиӣ!» гӯён навозиш мекунад. Ба зарфи дуюм чизе нагуфта мегузараду  ба зарфи сеюм нигоҳ карда суханҳои беҷо аз қабили «бӯйнок, ифлос, ҳаром» мегӯяд. Дар натиҷа, баъди гузаштани замоне донаи зарфи аввал шукуфта ҷилодор мешавад ва аз он бӯйи хуш ҳам мебарояд. Донаи зарфи дуюм дар ҳолати аввала боқӣ мемонад. Донаи  зарфи сеюм сиёҳу вайрон шуда, бӯйи бад медиҳад.

Эҳсос кардам, ки суханони ман ба Нодира сахт расиданд ва ранҷидахотир гуфт: «Маслиҳат додан осон, аммо…». Ба ман ҳам бепарвогии Нодира нисбат ба тақдиру ояндаи як кӯдаки наврас хело сахт расида буд. Охир, бигзор Нодира модари аслии ин кӯдак набошад, аммо раҳму шафқат ва дилсӯзиву қалби ҳассоси занона бояд ба бераҳмиву бепарвогӣ нисбат ба тақдири як инсон ва он ҳам кӯчак роҳ надиҳад. Охир, модарандар ҳам модар аст!

Мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки волидон роҳи осон кардани мушкилашонро танҳо дар халосӣ аз кӯдаки сарпечу гапнодарояшон мебинанд. Ин ҷо касеро муҳокима карданӣ нестем. Ба дурустиву ғалат будани рафтори ҳар нафар вақт довар хоҳад буд. Аммо… Падару модарони азиз, худро боре дар ҷои фарзанди аз дил беруну рондашудаатон гузоред. Ҳолати ӯро чӣ гуна дарёфтед? Дарднок аст, дарки ин ҳолат?! Пас, дар ботини кӯдакони худ тухми кинаву ҳасад ва бадбинӣ накоред. Бо дастони худ рӯйи хушбахтӣ ва ояндаи дурахшони эшон хати батлон накашед, зеро ояндаи кӯдакон дар дасти мо-волидон асту ояндаи ҷамъият дар дасти онҳост. Шумо чӣ мегӯед?

 

Гулноза БОБОМУРОДОВА

:.  Иҷтимоъ 25.05.2015 09:27 2231

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz