08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАКТАБИ ОИЛАДОРӢ

Эълон шудани соли 2015 чун «Соли оила» масоили печопечи маърифати хонаводагӣ, риояю пос доштани суннатҳои  оиладории миллӣ ва таълиму тарбияи фарзандонро бозгӯ намуда баҳри пешгирии омилҳою зуҳуроти номатлуб марҳалаи наверо боз кард. Сарвари давлат масъалаи издивоҷи хешовандӣ, никоҳи барвақтӣ, маърифати оиладорӣ ва коҳиш додани пошхӯрии оилаҳои ҷавонро ҷиддӣ ба миён гузоштанд. Вобаста ба ин дастур имрӯзҳо дар ҳама корхонаю муассисаҳои давлатӣ маҳфилу чорабиниҳо доир мегарданд, то моҳияти масоили мазкурро баррасӣ ва тадбирҷӯи намоянд. Чанд рӯз қабл дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  маҳфиле доир гашт , ки ба масоили фарҳанги хонаводагӣ бахшида шуда буд. Дар он намояндагони Маркази бӯхронии «Боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорону волидон ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок доштанд. Коршиносону мутахассисон назди падару модарон ва омӯзгорону хонандагон аз боби дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, пешгирии  зуҳуроти номатлуб, коҳиш додани никоҳи хешовандӣ ва масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон  сухан ронда нақши муаллимон ва дигар парасторонро дар тарбияи ҷавонон муассир арзёбӣ намуданд. Равоншиноси марказ Зарина Кенҷаева мегӯяд, ки имрӯз вазъи рӯҳию равонии хонаводаҳо нигаронкунанда аст. Падару модароне ҳастанд,ки духтарони худро барвақт ба шавҳар медиҳанд ва ин дар бисёр мавридҳо сабабгори вайроншавии оилаҳои ҷавон мегардад. Зеро духтарон дар синни 17-20 солагӣ ҳатто аз ин ҳам болотар ҳанӯз ба ҳаёти мустақилона омода нестанд. Ҷавонписарон ҳам , ки аксаран дар ин синну сол хонадор мекунанд, чунин ҳолатро доранд. Тасаввур кунед, к иду ҷаони аз зиндагӣ ноогаҳ оила бунёд мекунанду дар ҳолати мушкили рӯзгор роҳи халли онро намеёбанд ва роҳи халосиро дар ҷудоӣ мебинанд. Сабаби асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ин ҳолати рӯҳию равонии онҳост. Мутобиқи илми психология маҳз дар ин синну сол, яъне 17-20 солагӣ тағйиротҳои биологӣ ва рӯҳию равонӣ  ба миён меоянд, яъне майлу хоҳишу завқ ва дигар хусусиятҳои биологии ҷавонон дигар шудан мегирад ва  танҳо пас аз синну соли муайяне, анқариб аз 24-25 солагӣ  шакл мегиранд. Аз ин нигоҳ, ин паҳлӯи бисёр нозуки масъала дар бисёр хонаводаҳои мо ба инобат гирифта намешаванд ва аксар гумон мекунанд, ки вақте оиладорашон кардем, одат мекунанду ёд мегиранд. Аммо ин иштибоҳ аст, зеро табиати организми инсон  мутобиқи синну сол дигар мешавад ва шакл мегиранд. Мафкура, фаҳмиш ва андешаю таҳлилу хулосабарорӣ низ дар ҷараёни такомули синнусолӣ дигар шуда таҳким меёбад.

Аз ин нигоҳ, дастури Сарвари давлат дар мавриди ташкили курсҳои махсуси фарҳанги хонаводагӣ миёни хонандагони синфҳои болоӣ муҳим ва зарурӣ мебошад, -иброз мекунад Зарина Кенҷаева.

Ҳуқуқшиноси марказ Дурсултон Шоназирова дар он ақида аст, ки пеш аз ҳама маърифати ҳуқуқии ҷавононро баланд бардоштан зарур аст, зеро агар онҳо аз талаботи Кодекси оилаи ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархурдор шаванд, метавонанд дар бунёди оила ва дигар масоили муҳими хонаводагӣ худашон нақш гузоранд. Аз ҷониби дигар, волидон ҳам бояд маърифати хуби фарҳангию ҳуқуқӣ дошта бошанд, то дар бунёди хонаводаи фарзандон иштибоҳе роҳ надиҳанд.

Баргузории чунин маҳфили рӯ ба рӯ ва озоду шаффоф имкон дод, ки насли ҷавон оид ба бунёди оила ва фарҳанги хонаводагӣ андешаҳои худро иброз намоянд ва ба бисёр саволҳои худ посух бигиранд. Дар ин чорабинӣ масоили дигари марбути ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла дур будан аз одатҳои бад, эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, таълиму тарбия, интихоби касб ва ғайра мавриди баррасӣ ва андешаронӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни мулоҳизарониҳо чанд пешниҳоду дастур аз ҷониби мутахассисон ба миён гузошта шуд, то сифати таълиму тарбия дар мактаб ва оила беҳтар гардад. Дар анҷом бахшҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ оид ба таълиму тарбия дар оила, фарҳанги оиладорӣ, коҳиши омилҳои номатлуб ва иртиботи доимии мактабу оила ба аҳли нишаст қироат гардид  ва тасмим ҳам шуд, ки минбаъд кору пайкор аз ин манбаъ сарчашма хоҳад гирифт.

 

                                                          Р.Камол

:.  Иҷтимоъ 25.02.2015 10:45 2946

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz