08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНҲО ВА ҶОМЕА

Яке барпо намудани оила дар муҳоҷират, дигаре барои гирифтани шаҳрвандии давлати Русия, аммо на ҳамаи онҳо ҳамеша  ба ин ҳадаф мерасанд. Занҳое, ки бо ҳар роҳу усул оила бунёд мекунанд, дар ибтидо муваффақ шаванд ҳам , аксар оқибат ҷудо мешаванд. Зеро мардҳое, ки онҳоро ба занӣ мегаиранд, дар ватан оилаю фарзанд доранд ва баъди анҷоми кору сафар бозмегарданд ба назди зану фарзандонашон ва занҳои , ба истилоҳ «дуюм», боз дар нимароҳ танҳо мемонанд. Ин раванд боз мушкилоти дигари рӯҳию равонӣ ва иҷтимоиро тавлид месозад, ки бонувон дар тадбири онҳо оҷиз мемонанд. Миёни ин гурӯҳи оилаҳои бесаробону бемутакко бештар кӯдакону наврасон осебпазир ҳастанд ва ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ дар ватан бо ин шева ва ё муҳоҷират ба камолоти зеҳнӣ, рӯҳу равон ва ҳаёти ояндаашон таъсири баде гузошта метавонад.

 

Сароб

Тайи ду соли охир    табқи санҷишу мушоҳидаҳо ва таҳлилу хулосабардории масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мутахассисону коршиносони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гаштааст, ки шумори ҷиноятҳо, даллагию фоҳишагӣ, гирифтори ба бемориҳои сироятии ҷимоӣ миёни як зумра занҳо афзоиш ёфта буд. Гузарондани чорабиниҳои пешгирикунанда, ҳуқуқӣ ва таъмини низоми тартиботи ахлоқию ҳуқуқии ҷомеа то ҷое тавонист болоравии ҷинояту ҷинояткорӣ, паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВИЧ СПИД ва даллагию фоҳишагариро коҳиш бахшад, аммо тибқи омӯзишу таҳлилҳои  чанд моҳи охири соли гузашта ва ибтидои соли 2015 бармеояд, ки амалу кирдорҳои ғайриахлоқӣ, ҷинояткорӣ  миёни як зумра занҳо боз рух медиҳанд. Фош кардану манъ сохтани фаъолияти чанд фоҳишахонаҳо аз ҷониби кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар анҷом дода шуд. Ҳолатҳои даст ба худкушӣ зандаи духтарони ҷавон  ва бо ин васила аз ҳаёт маҳрум шудан ҳам дар ибтидои соли нав мушоҳида шуд. Боз ба куштор даст задан аз ҷониби бонувон ва ё қатли онҳо аз ҷониби шавҳарону бародарони худашон ҷомеаро нигарон сохтааст. Ин масъалаҳо дар ҷаласаҳои ҷамъбастии мақомоти дахлдори давлати мавриди таҳлил қарор гирифтанд ва бо назардошти вазъияти воқеӣ, тадбирҳои мушаххас бо таҳияи барномаҳои нав ба миён гузошта шуданд, аммо то кадом андоза онҳо самара хоҳанд овард, вақт нишон хоҳад дод.    

 

Подоши издивоҷҳои тасодуфӣ

Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз ҳам дар дохил ва ҳам миёни муҳоҷирони меҳнатӣ издивоҷи тасодуфӣ ва муваққатӣ роиҷ гаштааст ва ҳарчанд аксари мардону занон аз оқибатҳои носолими ин амалҳо огаҳ ҳастанд, аммо аз он рӯй намегардонанд ва тибқи мақоли «Пеш омаду хуш омад» рафтор мекунанд. Аз ин нигоҳ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш намеёбад, аз тавлиди тифлакони беникоҳ касе тавба намекунад ва бо хоҳиши дил аз баҳри кӯдакони зойдаи худ баромадан  афзоиш меёбад. Пас аз вайроншавии чунин оилаҳо теъдоди муайяни тифлакону кӯдакон осеб мебинанд ва бо модарони танҳояшон гирифтори ранҷу азоби рӯзгор мегарданд. Чунин модарони танҳо бо вуҷуди талошҳояшон аксар наметавонанд ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳимоя ва барқарор намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо, кӯдакони бепарастору нодори чунин хонаводаҳо барои дарёфти қутти лоямут даст ба дуздию ғоратгарӣ  ва ҳатто, ҷиноятҳои вазнин мезананд, зеро онҳо дар муддати тӯлонии камолоти худ аз таълиму тарбияи дуруст ва роҳнамоии волидон дур мемонанду мутобиқи майлу хоҳишу худ рафтор мекунанд. Ин роҳ, яъне бепарвоии волидон ва таваҷҷуҳ накардан ба камолоти ахлоқию маънавии фарзандон, онҳоро ба олами ҷиноӣ мебарад. Албатта, дар чунин мавридҳо оилаҳое ҳам ҳастанд, ки бо вуҷуди нодорию нотавонӣ ва бепадарӣ, талош мекунанд, ҳама ранҷу азобро паси сар кунанду тамоми ҳастии худро баҳри таълиму тарбияи фарзандон фидо намоянд, аммо ба ин на ҳама қодир аст. Пас, имрӯз қабл аз  қароре дар мавриди ташкили оилаҳои тасодуфӣ ва ё издивоҷи муваққатӣ, андешае мебояд. Танҳо дар бораи роҳату кайфу сафои шахсии худ фикр кардан, шояд иштибоҳи бузург ва гуноҳи азиме бошад?  Ин андешаҳо ва ин шеваи издивоҷ рӯзгори ҷонибдоронашро ба саробе табдил хоҳад дод, ки шояд то охири умр роҳи наҷотро аз он наёбанд.

 

                                                                                                        Р.Камол

:.  Иҷтимоъ 26.01.2015 11:21 1708

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz