08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ГРАНТ

Дафъаи аввал низ Мунаввара аз маблағҳои грантӣ пурсамар истифода карда, 15 нафар бонувони хонашинро ҳунари дӯзандагию буррандагӣ омухт, ки алъон ҳар кадоми онҳо дар сехҳои дӯзандагӣ мустақилона фаъолият дошта, зиндагии хешро хуб ба роҳ мондаанд. Дастпарворони ӯ аз барномаи аввал, ки маркази ҳунаромӯзиаш дар назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе амал  мекард, соҳибҳунар ва устоди касби хеш гаштаанд. Марзия дар ноҳияи Шаҳритӯс сехи дӯзандагӣ кушода, даҳҳо бонувони таҳҷоиро ҳунар меомӯзад  ва фармудаи занҳоро бо сифати баланд баҷо меорад. Беҳина ҳамчун дӯзандаи моҳир дар интернати Чорбоғ тамоми рӯйҷой ва дигар либосҳои ин маконро медухт ва духтарони маъюбро ба ин ҳунар ҷалб мекард ва имруз ӯ дар яке аз сехҳои дӯзандагии ҶСП «Садбарг» фаъолият дорад. Мунаввара бори аввал соли 2008 аз гранти гирифтааш тариқи телевизион мужда дода хоҳишмандонро ба омӯзиш даъват карда буд ва гурӯҳи касбомӯзонро духтарони будахшию хатлонӣ, суғдию ҳисорӣ хоса аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ дар бар мегирифтанд, ки имрӯз бино ба гуфтам Мунаввара Чилаева ҳамагӣ дар маҳалли худ фаъолияти соҳибкорӣ доранд.

Аз барномаи аввал агар  ӯ 15 нафарро соҳиби ҳунару ҷойи кор намуда бошад, ин бор дар асоси барномааш мақсад дорад, ки 20-25 нафар занҳои ниёзмандро касбу ҳунар омӯзад. Аллакай бонуи соҳибкор Мунаввара Чилаева дар барномаи хеш, ки номи «Даргоҳи касбу ҳунаромӯзии Сумая»-ро дорад, саҳми худро гузошта, макони касбомузиро муайян намуда ва як қисми лавозимоти заруриро муҳайё сохтааст. Гулбаҳори Мардон, раиси бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур изҳори боварӣ кард, ки сокини ноҳияи онҳо Мунаввара Чилаева на танҳо бонуи фаъолу ҳунарманд, инчунин зани ростину хушмуомила аст ва умедворӣ кард, ки ин бор ҳам ӯ аз маблағҳои ба дастовардааш, ки гранти Президентӣ унвон шудааст, мақсаднок ва пурсамар истифода хоҳад кард.

:.  Иҷтимоъ 15.07.2013 11:40 1836

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz