08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҒОЛИБИ ОЗМУН

 –Мақсади тарбияи кӯдакони синни томактабӣ  таъмин намудани инкишофи ҳаматарафаи шахсияти кӯдак аст, ки тавонад дар оянда чун шахси аз ҷиҳати ҷисмонию руҳонӣ солим ва эҷодкору худогоҳ ба воя расида, мавқеи сазовори хешро дар ҷомеъа ишғол намоянд, –мегӯяд Наргис Шарифова.

Давраи томактабӣ  аёмест, ки дар ин марҳила хишти нахустини ташаккули шахсияти кӯдак гузошта мешавад ва дар ботини ӯ эҳсоси хайрхоҳӣ, инсондӯстӣ, рафоқату накӯкорӣ, ростгӯйӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия карда мешавад. Маҳз дар ҳамин давра кӯдак ба доираи муносибатҳои иҷтимоӣ дохил гардида, оид ба олами ашё, ҳаводису воқеоти атроф ва муҳит маълумоти аввалин ҳосил менамояд.

          Тарбия намудани меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ яке аз хусусиятҳои даврии кӯдакон мебошад.  Фаромӯш набояд кард, ки кӯдаки 2- 3 сола аллакай «ман»и худро дарк намуда, мустақилиятро дар мафҳумҳои «ман   худам», «ман  метавонам»  ва ғайра ифода менамояд. Умуман, ташаккули ҳамаи ин сифатҳо ва рушди ботинии кӯдак аз истеъдоду маҳорати баланди мураббия сахт вобаста аст…

Албатта, таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон кори душвор буда, аз омӯзгор –мураббӣ заҳмати зиёдро талаб менамояд. Дар солҳои нахустини ба ҳайси мудири кӯдакистон фаъолият доштанаш Наргис Шарифова аз мушкилиҳои пешомад наҳаросид ва тарки касб накард. Дар натиҷаи омӯзиш ва фаъолият ин мушкилиҳо паси сар шуданд. Аз рӯзи нахуст дар ин кӯдакистон меҳру муҳаббат, сидқу вафо ва ғамхориҳои модаронаи хешро ба кӯдакон дод ва ин маконро хонаи дуюми худ ҳисобид.

           –Касби худро беҳтарин касб меҳисобам ва эҳтиром кардани озодӣ ва шахсияти ҳар як кӯдак - инсони комилҳуқуқи ояндаро ба назар гирифта, тамоми ҳастии хешро баҳри таъмини муҳити солим ва рушду  инкишофи фардии тарбиятгирандагони кӯдакистон фароҳам хоҳам овард», –мегӯяд ӯ.

Воқеан, дар кӯдакистоне, ки сарвариашро Наргис бар уҳда дорад, таҷҳизоти замонавӣ ва дигар васоити техникӣ таъмин аст. Дар боби ҳамкории волидайн бо кӯдакистон ва маҳсули кори омӯзгор-мураббиҳо ӯ бо қаноатмандӣ иброз дошт: «Ширкати падару модарон дар ҷараёни таълиму тарбия талаботи имрӯза ба шумор меравад. Зодмандон мунтазам аз ҷараёни кор ва рафти талиму тарбия дар кӯдакистон бохабар мешаванд. Роҳбарият ва кормандони боғча дар ҳамкорӣ бо падару модарон дар таъмири бино, маводи таълимӣ, бозичаҳо ва тозаю озода  намудани саҳни кӯдакистон фаъолона ширикат меварзанд. Сифати таълиму тарбияи кӯдакистон ба донишу таҷриба ва маҳорати касбии тарбиятдиҳандагон алоқамандӣ дорад. Мураббияҳои мо дар машварату озмунҳо, иттиҳодияи методии кормандони соҳаи маорифи ноҳия ва шаҳр  иштирок дошта, аз таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони худ бархӯрдоранд».

Тарбияи эстетикии наврасон дар кудакистон ва оила аз фоида холӣ нест. Мураббия ва волидон раванди инкишофи эстетикии  кудаконро назорат ва таъмин намуда, тавассути ин онҳоро ба зебопарстӣ раҳнамоӣ мекунанд.

Аз мушоҳида ва суҳбат бо кормандону кӯдакони боғчаи рақами 45-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба хулосае омадам, ки низоми кору фаъолият ва истироҳати кӯдакон  хуб ба роҳ монда шудааст.

 

Р.НАЗИР

:.  Иҷтимоъ 02.07.2013 05:15 1992

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz