08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЙЁМИ ТАЪТИЛ ОМАД

Албатта масъулони соҳаи маориф барои таъмини шароити хуби истироҳати онҳо ва амнияти саломатиашон тамоми чораҳоро меандешанд, аммо дар ин самт падару модарон ҳам бояд нақши муассир дошта бошанд. Кӯдакону наврасон то ба истироҳатгоҳҳо рафтан бояд дастур ва маслиҳату нишондодҳои волидонро аз бар намуда ҳангоми фароғат мутобиқи онҳо амал намоянд. Аз ҷониби дигар мураббиёне, ки дар бастҳои гуногуни таътил бо кӯдакон машғул мешаванд, аз нигоҳи ҳирфаӣ омодагии хуб дошта бошанд, то ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намоянд. Кӯдакон аслан оббозиро дӯст медоранд ва дар кӯлу дарёчаҳо шиноварӣ мекунанд. Ин шуғли хубаст, аммо хатари зиёде дорад. Дар ин маврид падару модаронро зарураст, ки фарзандони худро бе назорат намонанд ва доимо аз нақшаҳои ҳамарӯзаи истирҳату фароғаташон огаҳ бошанд. Ва чизи дигар, оббозӣ дар кӯлҳои обашон ифлос метавонанд боиси пайдо гардидани бемориҳои сироятӣ шаванд. Аз ин рӯ бояд, ки ин паҳлӯи масъаларо волидон бидонанд ва пешгирӣ намоянд. Масъалаи дигаре, ки хеле муҳим аст, ин таъмини ғизои кӯдакону наврасон дар лагерҳои тобистона аст. Солҳои қаблӣ баъзе ҳодисаҳои сироятёбии кӯдакон аз ғизои бесифат ҷой доштанд. Ин тарафи масъала бояд пайваста зери назорати кормандони масъули таъминкунандаи ғизо дар лагерҳо бошад, то ба кӯдакону наврасон беҳтарин мавод пешниҳод шавад. Муҳимтар аз ҳама ҳифзи саломатии онҳо ва фароғати хубашон аст. Мутобиқи дастуру супоришҳои масъулон имсол низ фароғатгоҳҳои зиёде бо шароитҳои зарурӣ барои кӯдакону наврасон омода мешаванд.

Падару модарон дар ҳамҷоягӣ бо мактабҳо, шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, мутасаддиёни корхонаю муассисаҳое, ки барои фарзандони кормандонашон лагерҳои тобистона ташкил мекунанд, дар иртиботи пайваста бошанд ва ҳангоми таътили фарзандон аз ҳолу аҳвол ва шароити истирҳаташон бохабар шаванд. Барои он, ки аз ҳама ҳолатҳои ногувор ва ҳодисаҳои нохуш фарзандонамонро эмин дорем, бояд тадбир ҷӯем ва бепарво набошем. Чӣ хеле мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст!

 

Бонувони Тоҷикистон 

:.  Иҷтимоъ 11.06.2013 06:37 2038

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz