08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

«Э, ШОФЁР, МУСИҚИТА ПАСТ КУН!»

Бо ин вуҷуд, дар аксар ҳолатҳо мусофирони шоиҳиди ин ҳаводис хомӯширо авло дониста, изҳори як сухани мухолифро айлаҳи ронанда, ки бешак ҳамаи ин «шоҳкориҳо»  ба ӯ бармегардад, дареғ медоранд.

Чанд рӯз муқаддам дохили нақлиёти ҷамъиятии маъруф ба «Старекс» ҳаракат мекардам. Чун анъана, навои мусиқии гӯшхароши ин нақлиёт қариб буд, ки аз баландии садо пардаи гӯшҳоро бидарад. Ронанда як зайл аз мошинҳои дигар мегузашт, ба сӯи ҳар мусофири рӯи роҳ истода, метохт, чун ноумед мешуд, ки мусофири хатсайри ӯ нест, боз суръатро афзуда, чангу хоки роҳро ба ҳаво мепечонд… Ҳеч нафар ёрои кашидани лаҷоми ронандаро надошт. Дар гардиши маъруф ба «танка»-и шаҳри Душанбе мусофири навбатӣ даст бардошт. Ронанда, ки аз ёфт шудани мусофири навбати маълум буд, бағоят хурсанд аст, якбора назди ӯ ист кард. Мусофири навбатӣ, ки зан буд, бо гушии телефон суҳбаткунон вориди нақлиёти ҷамъиятӣ шуд. Ба маҳзи ворид шудан ба «старекст» эҳсос кард, ки садои он сӯи гӯширо дигар намешунавад. Бо садои аз мусиқӣ баландтар ронандаро фарёд кард:

- Э, шофёр, мусиқита паст кун!

Ронанда, ки маълум буд мухлиси садои кадом як сарояндаи номгум аст, овози мусиқиро бо ғур-ғур як-ду дараҷа паст кард. Вале ҳамоно садо гӯшкаркунанда буд. Зан дубора садо кард:

- Э, бача, мусиқира паст кун, овози телефона намешунавам.

Ронанда, ки аз ваҷоҳаташ маълум буд, нороҳат шудааст, боз ғур-ғуркунон як дараҷаи дигар овозро паст кард. Ин дафъа зан, ки ҳанӯз роҳкироро пардохт накарда буд, бо лаҳни тундтар ва фарёди баландтар аз ду дафъаи қаблӣ гуфт:

- Нигоҳ доред, ман пиёда мешавам.

Гӯё ҷони ронандаро ба қабза дароварда бошад, ки якбора садо хомӯш шуд ва ронанда ҳам лаб фуру баст. Зан бо садои ором ва табассум дар лаб, ташаккур гуфту роҳкироро пардохт кард.

Аз ин радду бадал яқин кардан мумкин аст, ки мешавад бо каме истодагарӣ «адаби» ронандаҳои беназокатро дод ва бе назмиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба маҷрои дуруст даровард. Ҳамин бетарафиҳост, ки беназмӣ дар ин самт рӯз аз рӯз бештар мегардад. То ҳангоме, ки дохили нақлиёт ҷойи нишастамон нороҳат асту мо хомӯшем, то замоне, ки бар ивази 1 сомонӣ 2 сомонӣ пардохт мекунем ва то замоне, ки садои баланди мусиқии нақлиёт пардаҳои гӯшро медаранд, вале хомӯш мунтазири наздик омадани истгоҳи хонаву корхонаамон менишинем, ислоҳи вазъ имконнопазир аст.

 

Ё. Ҳалимов       

:.  Иҷтимоъ 05.04.2013 11:45 2191

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz