08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАРДҲОИ ГИРЕҲХӮРДА


 

Темурмалик аз ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, ки дар баробари аз маркази маъмурӣ дур воқеъ будан, дар бисёре аз деҳоти он нарасидани табибон ва бунгоҳҳои тиббӣ мушкили №1 ба ҳисоб меравад. Дар 70 деҳаи ин минтақаи зебоманзар беш аз 61 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Дар ҳудуди ноҳия 41 адад муассисаҳои тандурустӣ вуҷуд доранд, ки аз он 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 1 маркази саломатӣ, 6 маркази саломатии деҳот ва 29 -то бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд. Аз рӯйи меъёри саршумори аҳолӣ имрӯз дар ноҳияи Темурмалик таъминот бо бунгоҳҳои тиббӣ ҳамагӣ 50 дарсадро ташкил медиҳад. Барои сокинони деҳоти дурдасте, ки муассисаҳои тиббӣ надоранд, бемор шудан баробари як ҳодисаи мудҳиш аст.

Раъно Бобоева, сокини деҳаи Обиширини Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, 32 километр роҳро тай намуда, барои табобат ба беморхонаи марказии ноҳия омадааст.

– Қаблан дар беморхонаи Кангурт муолиҷа мегирифтам, аммо мутахассис, ки набуд, барои табобат ба маркази ноҳия омадам. Дар деҳаи худамон ҳатто як бунгоҳи тиббӣ несту дар ҳар мавсим духтурон аз Маркази саломатии деҳаи ҳамсоя омада, тифлони моро эм мегузаронанд. Агар мутахассис мебуд, дар беморхонаи Кангурт табобат меёфтам, вале чӣ қадар ба дарунтари деҳоти кӯҳистон ворид шавед, мушкилоти нарасидани табибону мавод ва муассисаҳои тиббӣ бештар ба назар мерасад.

Сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Темурмалик низ дар ҳолати бемор шудан роҳи 20 километраро тай намуда, ба беморхонаи марказии ноҳия меоянд. Гулистон Маҳмадова, сокини деҳа, ҳар вақте бемор шавад, шавҳараш ӯро ба хонаи волидайнаш оварда «месупорад». Хоҳари Гулистон, ки дар беморхонаи марказӣ фаррошӣ мекунад, бо таассуф иброз медорад: «Мушкилоти иҷтимоӣ мардонро беинсоф кардааст. Мард ин тавр «аз хоки паст» набуд, ки вақте ҳамсараш бемор шавад, ӯро оварда ба волидонаш супорад. Баъзе мардон медонанд, ки барои зани имрӯз ҷудошавӣ сангинтарин зарба аст, онҳо аз ин нуқтаи «заъф»-и занон истифода бурда, чунин беқадриро нисбати зан раво мебинанд».

Хуллас, дар баробари норасоии бунгоҳҳои     тиббӣ ноҳияи Темурмалик ба 40 нафар табибони маълумоти олидор ниёз дорад.

Айнан чунин аҳвол дар ноҳияи Ховалинг низ ба чашм мерасад. Бинобар камии табибони соҳиб-ихтисос, муассисаҳои тандурустӣ ва дурии роҳ то наздиктарин беморхона бонувон иҷборан дар шароити хона таваллуд мекунанд. Дар ҳолатҳои вазнин шудани саломатии беморон онҳоро бо аробаву хару асп ва дигар воситаҳо то ба беморхонаи марказӣ мерасонанд. Дар як соли охир ду ҳолати фавти занони ҳомила дар роҳи беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ховалингу Шӯрообод ба қайд гирифта шудааст.

          Нарасидани духтурон аз масоили мубрами соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Тибқи омори расмӣ имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ба ҷойи 1716 , ҳамагӣ 1136 табиби маълумоти олидор кор мекунанду халос. Агар аз рӯйи меъёри муайянкардаи Вазорати тандурустӣ ба ҳар 1200 - 1500 нафар аҳолӣ як табиби маълумоти олидор бигирем, имрӯз дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб, ки 1 миллиону 50 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳудудан 580 духтур намерасад.

Қурбони СафарзодаБинобар иттилои Қурбони Сафарзода, сармутахассиси Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, имрӯз дар ноҳияи Муъминобод 70 нафар табибони маълумоти олидор намерасанд. Ҳамчунин барои ноҳияҳои Ховалинг -53, Шӯрообод - 45, Темурмалик – 40 ва ноҳияи Балҷувон 32 нафар табибони маълумоти олидор заруранд. Ба хусус, нарасидани мутахассисони бемориҳои кӯдаконаву занона ва духтурони момодоя дар ноҳияҳои Балҷувону Темурмалик ва Шӯроободу Муъминобод ба назар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфти Қурбоналӣ Сафарзода меъёри баробари муайяннамудаи Вазорати тандурустӣ аз рӯйи шумораи аҳолӣ дар шаҳру деҳот одилона нест. Зеро дар шаҳрҳо, дар баробари зичии аҳолӣ марказҳои саломатӣ ва муассисаҳои тандурустӣ зиёд ва дар масофаи ба ҳам наздик қарор доранд. Аммо дар рустои кишвар дар баробари аз ҳам дур будани деҳоту камтар будани нақлиёт, муассисаҳои хидматрасонии тиббӣ аз якдигар дар масофаи нисбатан дур воқеанд. Аз ин рӯ, бояд меъёрҳои таъмини хидматрасонии тиббӣ барои аҳолии русто аз шаҳр фарқ дошта бошад. Ҳамин тавр, агар мо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем , имрӯз 50 дарсади деҳоти навоҳии минтақаи Кӯлоб ба бунгоҳҳои тиббӣ ниёз доранд.

 

Билоли Шамс

:.  Иҷтимоъ 19.03.2013 05:15 2020

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz