09

Июн, 2025
Душанбе

09

Июн, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НОШУНАВОЁНИ ВАХШ БА МАКТАБ НИЁЗ ДОРАНД

noshunavoyon(1)

Дар як гӯшаи ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Вахш, аниқтараш онсӯтар аз биноҳои дуошёнаву варзишгоҳи ин таълимгоҳ як ошёнаи хоксоронае ба чашм мерасад, ки дар он кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд таълим мегиранд.

Мактаби ношунавоён аз ду синфхонаи зардранг иборат аст, ки дар яке аз онҳо 73 нафар кару гунгҳои синну соли гуногун дар ду бахш дарс меомӯзанд. Дар ҳуҷраи дуюми он бошад намунаи ҳунарҳои эҷодии бачаҳо, аз қабили тасвираҳо, сӯзанию гулдӯзӣ ва дигар дастранҷҳои ношунавоён нигоҳ дошта мешавад. Ба ҷуз саромӯзгор боқӣ тарҷумону таълимдиҳандагони мактаби кару гунгҳо бонувон мебошанд. Аз лаҳзаҳои аввали дидор аз мактаби ношунавоён суолу пурсишҳои бешуморе дар зеҳни кас зуҳур мекунад, ки наход дар ноҳияе, ки аз лиҳози шумораи соҳибкорону тоҷирони муваффақ дар вилоят ҷойи намоёнро ишғол кардааст, кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд дар чунин ҳолу аҳвол таълиму тарбия ёбанд?

Марде, ки аз сарулибоси оддиаш ба омӯзгорони деҳотӣ шабоҳат дошт, моро истиқбол намуда, бо имову ишора чизе гуфтан мехоҳад. Ин лаҳза тарҷумони мактаби ношунавоён ба кӯмаки мо ҳозир шуда, аз рӯзгору фаъолияти ҳамсуҳбати мо қисса оғоз кард: «Сарвари мактаби мо Ҳамрохон Назаров, ҳама ҳастии худро ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд бахшидааст. Зеро ӯ, ки мушкилоти эҳтиёҷмандӣ дорад, акнун мехоҳад ба ҳамдарду ҳамқисматҳои навраси худ илму ҳунар омӯзад, то онҳо дар зиндагӣ барои худ шуғли муносибе пайдо карда тавонанд»

- Солиёни зиёд аст, ки барои бунёди мактаби ношунавоён ба куҷоҳое муроҷиат мекунад, вале ба ҷуз ваъдаҳои подараҳаво нафаре ба имдодаш нарасид, то бо бунёди бинои замонавӣ тавонад барои кӯдакони имконияташон маҳдуд хобгоҳ ва дигар шароитҳои беҳтари таълиму тадрис фароҳам намояд.

Дар синфхонаҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуди назди МТМУ №2 ноҳияи Вахш ба ҷуз фарзандони сокинони маҳаллӣ инчунин кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Кӯшониёну Панҷ ва кӯдакони бо иллатҳои карру гунг аз тамоми минтақаҳои вилояти Хатлон таҳсил доранд. Аз сабаби набудани хобгоҳ имрӯз 12 нафар хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд дар манзили истиқоматии саромӯзгор Ҳамрохон Назаров сукунат доранд. Ҳол онки тибқи хулосаи комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ноҳия шароити зист дар ҳуҷраи ин кӯдакон танҳо барои чаҳор нафар мувофиқ аст.

Ба гуфтаи омӯзгори мактаби мазкур Сайфура Машрабова, зодмандони кӯдакони имконияташон маҳдуд моҳе ду маротиба ба аёдати фарзандонаш меоянд. Боқӣ тарбияву нигоҳубин ва таъмини рӯзгори кӯдаконро саромӯзгор Ҳамрохон Назаров ба уҳда дорад. - Барои таъминоти кӯдакон баъзан мавридҳо аз бонку шахсони алоҳида маблағ қарз мегирад, аммо ба сабаби вазъи иҷтимоии оилаҳо аз зодмандони шогирдонаш чизе талаб намекунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Фирӯза Одинаева, сокини шаҳри Левакант зодмандон барои ҳар нафар фарзандони имконияташон маҳдуд 250 сомонӣ нафақапулӣ мегиранд. – Ман се фарзандамро, ки қобилияти шунидану нутқи гӯё надоранд, ба ин мактаб супоридаам. Дар ин ҷо навиштану рассомӣ мӯзадӯзию гулдӯзӣ ва дигар ҳунарҳои лозимиро меомӯзанд. Мо зодмандон то ҳадди имкониятҳои худ барои онҳо ғизо меорем ва аз ин гуна омӯзгорони фидокор сипосгузорем, ки барои таълиму тарбия ва нигоҳубини фарзандонамон аз мо чизе талаб надоранд. Кош саховатмандону масъулони мақомоти болоии маориф мушкилоти моро бартараф намуда, барои таълиму шароити будубошти карру гунгҳо шароит фароҳам меоварданд. Охир ин қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ ҳам бояд касбу ҳунар омӯхта дар оянда то ҳадди имкон рӯзгори худро пеш бурда тавонанд,- ишора дошт асосгузори мактаби карру гунгҳои ноҳияи Вахш Ҳамрохон Назаров. - Ин мактабро чандин нафар ношунавоён хатм карда, имрӯз бо мӯзадӯзию гулдузӣ, рассомию сартарошӣ ва дигар шуғлҳои муфид рӯзгори худро пеш мебаранд.

Ба андешаи саромӯзгор Ҳ.Назаров аз миёни ношунавоёни наврас беҳтарин рассому тасвирсозонро метавон тарбияву ба воя расонид, агар барои таълиму рушди истеъдоди онҳо шароити беҳтар муҳайё созем. - Баъзан, мусаввараҳои омодакардаи бачаҳои имконияташон маҳдуд аз маҳсули эҷодии хонандагони МТМУ №2 беҳтар мебарояд. Боварӣ дорам, ки агар ба таълими фанни тарбияи ҷисмонии мактаби карру гунгҳо таваҷҷуҳи бештар дода шавад, аз миёни онҳо варзишгарони умедбахш зуҳур намуда, дар ояндаи наздик шарафи ноҳия ва вилоятро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва фаротар аз он хоҳанд бардошт, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Аз гуфтаи омӯзгорони мактаби ношунавоён бармеояд, ки теъдоди эҳтиёҷмандони таҳсил дар мактаби махсуси кӯдакону наврасону имконияташон маҳдуд зиёданд, вале бинобар муҳайё набудани хобгоҳ имкони қабули дигар хоҳишмандонро дар ин таълимгоҳ надоранд. Ҳанӯз чанд сол қабл нафаре аз соҳибкорони маҳаллӣ зимни мулоқот бо Президенти кишвар ваъда дода буд, ки барои кӯдакони имконияташон маҳдуд як маҷмуаи таълимӣ иборат аз хобгоҳу синфхонаҳои барҳаво сохта ба истифода медиҳад. Аммо баъдан ин ва дигар ваъдаҳои масъулони ноҳия бобати дастгирии мактаби ношунавоён ба ҳукми фаромӯшӣ рафт. Дарвоқеъ, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зарурияти бунёди як муассисаи таълимии махсус барои кӯдакони имконияташон маҳдуд пайдо шудааст. Аммо кай ва бо ташаббуси чӣ гуна одамони хайрхоҳ ин тарҳ амалӣ мегардад, суолест, ки посухаш вақт мехоҳад.


Ҷамолиддин Сайфиддин, ноҳияи Вахш

:.  Иҷтимоъ 16.03.2019 12:42 1086

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz