07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР ТАЛОШИ ҚИСМАТ

Тақрибан баробар ба мактаб расидем. Пурсидам, ки оё онҳо апаву хоҳаранд? Посух гирифтам, ки бонуи дардманд омӯзгор асту нафари ёрирасон шогирдаш. Вақте занги мактаб садо дод, шогирдон аробачаи муаллимаро ба синф бурданд.

Рупиямоҳ Менгибоева, хатмкардаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ аст. Дар дил ҳаваси ҳамшираи тиббӣ шуданро мепарварид. Бисёр мехост дар вақти бемории нафаре ҳабиби ӯ шавад. Бо ҳамин мақсад соли 1998 ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб супурд. Вале саломатӣ монеъ шуд. Рупиямоҳ аз қадамзанӣ монд. Дигар бе ёрии нафаре ҳаракат карда наметавонист. Ҳарчанд волидайн талош­ҳо карданд, ӯро назди беҳтарин пизишкон бурданд, натиҷае ба даст наомад. Тан ба тақдир дода, духтарашонро дилбардорӣ намуданд.

ДАР ТАЛОШИ ҚИСМАТ
          Соли 2008 бо маслиҳати дӯстон ва наздикон Рупиямоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба Муассисаи давлатии литсей - интернати касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе супурд. Касби оператори компютерро аз худ карда, соҳиби диплом гардид. Бо зиёда аз 10 намуд барномаҳои компютерӣ кор карда метавонад. Мактаби махсусро бо баҳои хубу аъло хатм карда, соли аввали ба деҳа омаданаш дар ташкилоти ғайридавлатии «Бахт» ба кор даромад.

Баъд аз чанде ба мактаби ази­заш, ба ҳайси омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ ба кор оғоз кард.

Ба гуфти Шерафган Садиров, мудири қисми илмии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 51, вақте муаллима Менгибоева ба кор омад, қисме аз омӯзгорон мегуфтанд, ки Рупиямоҳ методикаро наомӯхтааст ва аз уҳдаи кор намебарояд. Ӯро ба муаллими таҷрибадор - Қодиров, ки аз фанни технологияи информатсионӣ дарс медиҳад, вобаста кардем. Ҳамин тавр ӯ ба зудӣ таҷриба гирифту имрӯз яке аз омӯзгорони фаъол ва серталаби мактаб ба ҳисоб меравад. Ӯ дастпарвари ҳамин мактаб аст, дар вақти мактабхонӣ ҳам бо баҳои хубу аъло мехонд. Шахси масъулиятнок мебошад. Агар дарс дошта бошад, ҳатман як соат барвақттар ба мактаб ҳозир мешавад. Шогирдон бисёр дӯсташ медоранд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки ӯ дар кор бисёр ҷиддӣ аст. Натиҷаи серталабӣ ва кори хуб аст, ки шогирдонаш дар олимпиадаи байнимактабӣ ғолиб омада, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Силсиламоҳ Ҳафизова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51, мегӯяд, ки Рупиямоҳ пеш аз беморӣ рӯзгорро ба зимма дошт. Аз уҳдаи ҳама кору бори рӯзгор мебаромад. Дар пухтани шириниҳо ва хуришҳои гуногун ҳунари хуб дорад. Ҳатто чевари хуб ҳам ҳаст. Дар ҷашни Наврӯз шолҳои гулдӯзӣ, чодарҳои гулдӯзӣ ва болиштҳои гулдӯзикардаи ӯро ба намоиш гузоштанд, ки аз дигар гулдӯзиҳо беҳтар буданд. Бо фарҳанги баланд суҳбат мекунад. Натиҷаи ҳамин хислатҳои некаш аст, ки вақте муаллима аз дур бо аробачааш намоён мешавад, шогирдон тозон ба пешвозаш рафта, ӯро то ба хонаи омӯзгорон ва ё кабинети корӣ меоранд. Муаллима дар суҳбат­ҳо мегӯяд: «Имрӯз дар ҷамъият ҳастанд нафароне, ки ба қавле «чор ишкели дуруст» доранду аз кор мегурезанд. Вале аз пойҳо маҳрум бошам ҳам, корро дӯст медорам, мехоҳам дар байни мардум бошам. Дар ободии Ватан ва пешравии ҷомеа каме ҳам бошад, саҳм дошта бошам».

Рупиямоҳ пуртоқат аст, ҳеҷ вақт шикоят намекунад. Чунин дардмандонро бисёр дидаам, вале на ҳама ба мисли ӯ пуртоқатанд. Ман аз ӯ ифтихор дорам. Дар зиндагӣ намехоҳад дастнигари касе бошад. Дар оилаашон ба ҷуз падар касе кор намекунад. Моҳонаи ӯ ва падар манбаи пешбарандаи зиндагии 10 нафар аъзои оила мебошад. Кош, ҳар фарди кишвар мисли Рупиямоҳи матинирода андеша мекард, ки дар ободии Тоҷикистон саҳм дошта бошад», –таъкид менамояд Силсиламоҳ Ҳафизова.

Билоли Шамс

:.  Иҷтимоъ 27.01.2013 17:56 2208

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz