08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАҚТЕ КИ ТӮЙ «ЭКСПОРТ» МЕШАВАД…

         Агарчанде оғоз ва ҷамъбасти фаъолияти истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ аз рӯйи тақвими милодӣ андоза мешаванд, аммо анъанаи баргузории шабнишиниҳои солинавии кормандони корхонаву муассисаҳо торафт аз байн меравад ва таҷлили Соли Нави милодӣ ҳар чӣ бештар ба анъанаи хонаводагӣ табдил меёбад. Соли Навро аҳли оила сари дастархон сарҷамъ ва бо арчаи сарсабз пешвоз мегиранд. Арзишҳои нави фарҳангӣ ба тарзи гузаронидани ҷашни солинавӣ таъсир гузошта, онро худ аз худ ба танзим дароварданд.       

ВАҚТЕ КИ ТӮЙ «ЭКСПОРТ» МЕШАВАД…
          Аммо дар семинар-машварате, ки бо ширкати шӯроҳои занони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа баргузор гардид, гуфта шуд, ки гарчанде дар роҳи ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ ва ба танзим даровардани расму оин дар Бадахшон корҳои зиёд анҷом ёфтанд, вале он бо шаклҳои нав зуҳур мекунад ва зарурати муборизаи сахт ба муқобили ин падидаи манфиро ба вуҷуд овардааст. Яке аз мавзуъҳое, ки дар атрофи он табодули афкор сурат гирифт, ба исрофкории муҳоҷирони корӣ дахл дошт. Онҳо дар тарабхонаҳо тӯй баргузор намуда, пули зиёд сарф мекунанд ва бо ин амалашон худро ба ботлоқи қарз тела медиҳанд. Азбаски рӯзгори бисёр хонадон ба фаъолияти муҳоҷирони корӣ вобаста аст, мушкилоти иҷтимоиашон ба ҳаёти хонаводаҳояшон бетаъсир намемонад. Аз занон чун неруи муташаккили ҷамъиятӣ даъват шуд, ки дар раванди танзим саҳми бештар гиранд. Иштирокдори семинар-машварат Отамшо Мақбулшоев ёдовар шуд, ки дар аксар маврид ташаббускори исрофкорӣ бонувон буда, ба танзим даровардани расму оин аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи занон вобаста аст.        
ВАҚТЕ КИ ТӮЙ «ЭКСПОРТ» МЕШАВАД…
          – Кӯшишҳо барои камхарҷ гузаронидаи тӯй ва маъракаҳо дар Бадахшон то андозае самар доданд, вале акнун онҳо ҳар чӣ бештар «экспорт» мешаванду дар муҳоҷират мегузаранд ва дасти масъулини танзими расму оин барои расидан ба он кӯтоҳӣ мекунад, – изҳор дошт мудири шуъба оид ба корҳои дин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Хусрав Рақамов. –Аммо исрофкории фарзандон дар муҳоҷират на фақат ба вазъи иҷтимоии худи онҳо, балки ба хонаводаҳояшон дар ватан таъсир мегузорад ва мушкилоти танзими расму оин дар муҳоҷират ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад.

            Воқеан, дар вилоят афродеро дучор омадан мумкин аст, ки бо ифтихор аз ширкат варзидани аъзои хонадонашон дар ҷашни арӯсу домодии духтар ва ё писарашон дар шаҳрҳои Русия ва ё дигар мамолики дуру наздик қисса мекунанд ва шумораи ашхосе, ки мехоҳанд ба онҳо пайравӣ намоянд, бештар мешавад. Падару модар ва дар бархе аз маврид хешовандони наздик ба хотири ширкат дар маросим муваққатан ба сафи муҳоҷирон мепайванданд. Аммо баҳои ҳузури ҳатто як нафар дар чунин ҷашнҳои бурунмарзӣ бо назардошти хароҷоти роҳ ва дигар масорифи зарурӣ бештар аз ҳазор доллар аст.

            – Ҷашни арӯсию домодӣ воқеаи муҳим дар ҳаёти ҳар як шаҳрванд аст ва ба хотири ин лаҳзаи ширинтарини ҳаёт месазад, ки пули зиёд масраф кард. Аммо муҳоҷироне, ки дар шароити сангинтарини маҳрумиятҳои иҷтимоӣ кор мекунанд, бояд ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Ба ҷойи ин хуб мешуд, ки бо ин маблағ барои арӯсу домод амволе харид шавад, то хонаводаи нав онро ба нафъи­ рӯзгор истифода барад,– изҳор дошт сокини Хоруғ Давлатсултон Раҳматхудоева.

            Яке аз иштирокдорони машварат ҳодисаеро ёдовар шуд, ки зодмандони як дӯсташ дар ҷашни пурдабдабаи писарашон дар Маскав ширкат варзиданд. Азбаски меҳмононро он рӯз пулис дар «облава»-и навбатӣ дастгир кард, курсиҳо холӣ монданду тӯйдор дар назди соҳиби тараб­хона қарздор шуд. Волидон муддати як сол маҷбуранд, ки тақдири муҳоҷиратро бо фарзандон бо ҳам бубинанд.

            Ахиран, афзоиши ҷангу ҷидол байни ҷавонон дар тӯйҳои «экспортӣ» сабаб шудааст, ки бо дас­тури маъмурини бархе аз ноҳияҳои шаҳри Маскав баргузории маъракаҳо барои муҳоҷирон дар тарабхонаҳо мамнуъ эълон гардад. Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Нишуспи ноҳияи Шуғнон Хушбахт Шермамадов баён дошт, ки ба манзури ба танзим даровардани ҷашнҳои серхароҷоте, ки дар муҳоҷират баргузор мешаванд, аз ҳамдиёрони муҳоҷираш маслиҳат хост. Пас аз баррасӣ ба хулосае расиданд, ки баргузории тӯйи калон дар муҳоҷират фақат масрафи беҳудаи пул асту ба сарсониву саргардонӣ сабаб мешавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, агар арӯсу домод имконияти дар зодгоҳашон гузаронидани тӯйро надошта бошанд, дар муҳоҷират барои 20-30 нафар шахсони наздиктаринашон дар қаҳвахона зиёфати хоксорона диҳанд. Онҳо қавл доданд, ки каммасраф гузаронидани маъракаҳоро дар муҳоҷират байни ҳамватанон тарғиб мекунанд.

            Танзим дар ҷашнҳои арӯсиву домодӣ ва хатнасурҳое, ки дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мешаванд, эҳсос мегардад. Акнун дар тӯйҳо фақат як намуди хӯрок мепазанд. Дастархони ҷашниро аз меваву сабзавот ва санбӯсаву шириниҳои дастии сифатан хубу серғизо оро медиҳанд.

            Аз ин рӯ, соли 2012-ум дар шаҳри Хоруғ барои вайрон намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳамагӣ як нафар ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

            Масъулин оид ба корҳои дин ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзим изҳор доштанд, ки танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар муҳоҷират аз доираи ваколаташон берун бошад ҳам, ҳисси масъулият ва мавқеи шаҳрвандӣ онҳоро маҷбур месозад, ки ҳам дар Ватан ва ҳам дар муҳоҷират ба муқобили исрофкорӣ мубориза баранд.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол

:.  Иҷтимоъ 23.01.2013 10:37 3120

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz