08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚОНУН БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ХОНАВОДАГӢ БАРРАСӢ МЕШАВАД

            Дилбар Нурматова, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, иброз дошт, ки иштирокчиёни мизи мудаввар ба унвонии Парлумони кишвар муроҷиатномаеро пешниҳод намуданд, то ин ки мақоми олии қонунгузор дар ҳалли масоили маскунияти занони хушунатдида мусоидат намояд.

            Дар муколамаи  фаъолони соҳаи маънавиёт, ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандии навоҳии ҷануби вилояти Хатлон, масоили умдаи занон - роҳҳои пешгирӣ аз худкушӣ тариқи баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкили маҳфилҳои фарҳангӣ ва шабакаи ҳамҷояи ҳамкорӣ байни навоҳии минтақа матраҳ шуд.

          Зикр гардид, ки дар ҳама ҳолатҳои ҷудошавии ҳамсарон ва маскун шудан ҷонибҳо дар як ҳавлӣ, баробарҳуқуқии зану мард мушоҳида намешавад. Яъне, агар дар як ҳавлие, ки зану шавҳари расман ҷудошуда маскан гирифтаанд, мард оилаи дувум барпо мекунад, аммо чунин имконият ба зани аз шавҳар ҷудошуда дода намешавад.

            Ширкатдорон тасмим гирифтаанд, ки ҳар семоҳа бо иштироки ҷабрдиаҳо ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чунин мизҳои мудавварро дар навоҳии гуногуни минтақа доир намоянд.

            Ҳамакнун Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонуни «Мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданист. Тибқи иттилои маркази матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин санади ҳуқуқӣ чаҳоршанбеи 12-уми декабр дар иҷлоссияи Парлумони мамлакат баррасӣ мешавад.

            Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони кишвар лоиҳаи ин қонунро Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи солимӣ, муаррифӣ намуда,  ҳадаф аз зарурияти қабули онро мусоидат ба татбиқи барномаи давлатӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар хонаводагӣ арзёбӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки қабул шудани ин қонун ҷойгоҳи занро дар хонавода ва ҳуқуқҳои онҳоро ба манзил ва амвол тайин менамояд.

            Коршиносони масоили иҷтимоӣ умед доранд, ки бо қабул шудани қонуни ҷадиде аз тарафи Парлумони кишвар масоили ташкили хонаҳои паноҳбарӣ барои бонувони хушунатдида, аз ҷониби мақомоти давлатӣ низ баррасӣ гашта, дар пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ натиҷае хоҳад дод.

Ҷамолиддин С.

:.  Иҷтимоъ 12.12.2012 11:54 2292

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz