08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МУШКИЛОТИ ҶАВШАНГОЗ

Нурхотун ҚазоқоваНурхотун Қазоқова бо аҳли хонаводааш ҳар сол аз баҳор то тирамоҳ дар айлоқ маскан гирифта, чорвои худу мардумро нигоҳубин мекунад. Онҳо рӯзе беш аз 100 сар моли майда ва 20 сар модаговро дастӣ медӯшанд. Аммо нарху наво ва сифати маҳсулоти ширии истеҳсолкардаашонро, ки дар бозор хеле зуд тағйир меёбад, дида, дилозурда мешаванд.

– Фурӯшандаҳо чакаи бар ивази се сомонӣ аз мо харидаашонро бо нархи 9 – 12 сомонӣ ва қаймоқро бо чакка омехта, хеле гарон мефурӯшанд. Беинсофии савдогаронро бо заҳмати оилаамон муқоиса карда, ба ҳайрат меафтам. Натиҷа ин аст, ки мо аз субҳ то шом дар кӯҳу пушта, зери офтоби сӯзон заҳмат мекашему роҳаташро тоҷирон мебинанд.

Зулфиямо МирзоҳаётоваЗулфиямо Мирзоҳаётова, сокини Ҷавшангоз, ҷавониашро ба ёд оварда, мегӯяд, ки баргузории слёти чорвопарварон дар маҳал ба мақсади ҳавасмандгардонӣ ба як анъана табдил ёфта буд. Бонувон ба пешсафони мусобиқаи сотсиалистӣ – Аслибегим Орифмамадова ва Назарбегим Назардодова барин говдӯшон, ки аксу номашон лавҳаҳои фахрӣ ва саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро оро медод, ҳавас мекарданд, орзу доштанд, ки мисли онҳо машҳуру пешсаф бошанд.

    Чун нишони эҳтирому эътирофи заҳматҳои пешқадамони меҳнат ба онҳо ифтихорномаву диплом туҳфа мекарданд. Дар он солҳо сӯзишворӣ, ки арзон буд, имкони дар чаҳор фасли сол беталаф расонидани гӯшту маҳсулоти ширӣ то бозор мушкил надошт. Имрӯз, агар дар гармои тобистон бар асари ягон ҳодиса зарурати забҳи чорвое пайдо шавад, расонидани гӯшт ба соҳибаш ва ё то бозор бисёр душвор аст.
ҶАВШАНГОЗ
          – Чанд рӯз пеш як қутосро, ки пояш сахт лат хӯрда буд, ноилоҷ сар буридем, вале гӯшташро харакӣ аз кӯҳ то бозор расонидем, ки ду рӯз гузашту бӯй кард,– мегӯяд бо таассуф Зулфиямо.

Барои мӯйинаи бузҳои зотӣ тоҷирзанони қирғиз ба адир меоянд. Ҳарчанд 1 кг мӯйина дар бозори кишвари ҳамсоя бо нархи аз 50 то 80 доллари амрикоӣ фурӯхта мешавад, онро аз бонувони бадахшӣ бо нархи 20 сомонӣ мехаранд. Чорвопарварон муфт аз даст рафтани молашонро донанд ҳам мегӯянд, ки то туъмаи кирму кайк шудан мӯйинаро бо нархи паст фурӯхтан авлотар аст.

Аммо аз харобии роҳ ва камчинии васоити нақлиётӣ на фақат чорвопарварон, балки кулли сокинони маҳал ранҷ мебаранд. Ба наздикӣ як модар ҳангоми таваллуди тифл сахт бемор шуд ва то наздиконаш сӯзишвориву мошин дарёфт карданд, ки фурсат аз даст рафт. Дар роҳ тифл солим ба дунё омаду мошин боз ба Ҷавшангоз баргашт.

Бадии роҳ ва камии нақлиёт мушкилоти ягонаи сокинони Ҷавшангоз нест. Онҳо низ мисли мардуми деҳоти Сежд дар асри 21 низ аз ҳамагуна васоити мухобиротӣ маҳруманд.

Ақлимо ДодихудоеваАқлимо Додихудоева, модаре, ки барои хидмати арзандаи фарзандаш аз номи сардори яке аз қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ пайваста номаҳои ифтихорӣ мегирад, бо сабаби набудани робитаи телефонӣ, моҳе 80 сомонӣ сарф карда, барои шунидани овози писараш тавассути телефон ба маркази шаҳр меояд.

– Ба ҳайси парастори тиббӣ 150 сомонӣ маош мегирам. Айни ҳол писарам дар госпитал табобат мегирад ва ман ҳар ҳафта ба маркази ноҳия ва ё шаҳр меравам, то овози ӯро шунавам. Бо ӯ суҳбат мекунаму дилам каме ором мегирад, –мегӯяд ӯ.

Сокинони Ҷавшангоз аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талаб доранд, ки ҳадди ақал мардумро бо алоқаи доимии телефонӣ таъмин ва аз сарсониву саргардонии роҳ халос намоянд.

Дар ҳамин ҳол бештари айлоқҳои Бадахшон бе элчизан (бонувони ширдӯш ва омодасози маҳсулоти ширӣ) мемонанд. Ҳатто дар маҳалли бо анъанаи чорвопарварӣ машҳури Ҷавшангоз аллакай зиёда аз 30 айлоқ холӣ мондааст.

Ҳангоми «тақсими мерос»-и шӯравӣ ба чӯпонону сокинони маҳал чизе нарасид. Аммо имрӯз, вақте мардум барои дарёфти ризқ аз пайи чорво ба адир меоянд, маълум мешавад, ки чарогоҳҳо соҳиб доранд.

– Ҳамасола барои истифодаи адир ва чарогоҳҳои гирду атроф ба моликони онҳо бо назардошти пардохти андоз дар маҷмуъ 2600 сомонӣ маблағ месупорем, – мегӯяд Зулфиямо Мирзоҳаётова.

Дар Ҷавшангоз бонувонеро низ дидан мумкин аст, ки бо сабаби дар муҳоҷират қарор доштани шавҳаронашон маҷбуранд барои пеш бурдани рӯзгор вазифаи даҳмардагиро низ ба зимма бигиранд.

Ш.Мирзоҷалол

:.  Иҷтимоъ 30.11.2012 12:03 2181

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz