Раванди хусусигардонии корхонаҳои миёнаю бузурги ҷумҳурӣ панҷ сол муқаддам ба поён расид. Ин раванд дар чаҳорчӯбаи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007» роҳандозӣ шуд.
Ҳадаф аз хусусигардонии корхонаҳо ташаккул додани қишри соҳибмулкони хусусӣ, ки асоси синфи соҳибкорро ташкил медиҳад ва аз инҳисор берун намудани иқтисодиёт, қудратманд гардонидани корхонаҳо ва бад-ин тартиб фароҳам овардани шароит барои рақобат буд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ин ҳадафҳо амалӣ шудаанду мешаванд?
Ҷараёни хусусигардонӣ
Хусусигардонӣ дар шимоли Тоҷикистон ҳанӯз соли 1991 шуруъ гардида буд. Тибқи иттилои Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд соли 1991 се адад, соли 1992 342 ва соли 1998 бошад, 545 корхона хусусӣ гардонида шуд. Корхонаҳое хусусӣ шуданд, ки хурду миёна ба ҳисоб мерафтанд. Корхонаҳои бузург, ки мақоми ҷумҳуриявӣ доштанд, асосан пас аз қабули қарори фавқулзикр хусусӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, аз соли 1991 то нимаи соли 2007 2449 корхонаи мақоми вилоятӣ ва 449 корхонаи мақоми ҷумҳуриявӣ дошта хусусӣ гардонида шуданд. Аз ҷумла, аз 124 корхонаи саноатии вилоят 82 адад ба ашхоси алоҳида фурӯхта шуд.
Чунончи Анвар Ҳасанов, мутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, иброз дошт, он корхонаҳое, ки тариқи тендер хусусӣ гардонида шудаанд, мебоист теъдоди коргарон ва ҳаҷми маҳсулоти тавлидотии хешро афзун менамуданд. Зеро ҳангоми хариду фурӯши корхонаҳои бузург давлат чунин шартро назди соҳибмулкони нав гузоштааст.
Вале аксарияти корхонаҳои саноатии хусусишуда, ин шартро риоя накардаанд.
Ба Шумо ҷавоб! Кор нест!
Корхонаи муштараки тоҷикистонию кореягии «Кобоол-Тоҷик-Текстайлз» соли 1994 таъсис ёфт. Он замон теъдоди коргарон 1254 нафарро ташкил медод. Ҳоло корхона қариб аз кор монда, коргарон, ки аксарияти онро бонувон ташкил мекарданд, ба ҳар куҷо пош хӯрдаанд.
Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Хуҷанд соли 1995 хусусӣ гардонида шуда, номи «Зинат»-ро гирифтааст. Ин корхона аз оғоз ба истеҳсоли пероҳанҳои мардона, занона ва кӯдакона машғул буд. Маҳсулоти аз пахтаю шоҳӣ истеҳсолкардаашро ба Озарбойҷон, Латвия, Литва, Эстония, Гурҷистону Арманистон, Белорусияву Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ содир мекард. То аввали солҳои 90-ум дар корхонаи мазкур беш аз дуву ним ҳазор коргар фаъолият дошт, ки 99 дар сади онро занон ташкил мекард. Алҳол ҳудуди 13 нафар коргар боқӣ мондааст.
Тавре муовини директор оид ба маркетинги ҶСШК «Зинат» Ҳомидҷон Ҷамолов мегӯяд, раҳбарияти корхона тасмим гирифтааст истеҳсоли шимҳои ҷинсро ба роҳ бимонад ва 60 нафарро ба кор даъват кунад. Вай меафзояд, дар ҳоли ҳозир корхона барои кормандони Вазорати корҳои дохилаи ҷумҳурӣ либосҳои низомӣ медӯзад.
Дар паҳлуи «Зинат» корхонаи «Пойафзоли Хуҷанд» қарор дорад. Дар он, ки ҳанӯз соли 1939 таъсис ёфтааст, 1800 нафар дар ду баст кор мекард. Беш аз 1500 нафарро бонувон ташкил медоданд. Дар як шабонарӯз 14 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол мешуд. Корхона ҳар сол бо муассисаҳои фурӯши пойафзоли кишварҳои собиқ шӯравӣ ва Афғонистону Булғористон шартнома мебаст. Алҳол дар ин корхона, як коргари доимӣ, чанд коргари мавсимӣ ва чанд соҳибмансаб машғули кор аст.
Яке аз коргарони мавсимӣ Улфатбӣ Норматова аст, ки алҳол ба ҳайси фаррош хидмат менамояд, чунин изҳори назар кард:
– Ман 25 сол қабл ба кор омадам. Маъюби гурӯҳи савум ҳастам. Маҷбурам гоҳе бемузду гоҳе бо камтарин маош заҳмат кашам. Зеро дар ҷойи дигар кор карда наметавонам.
Ягона коргар Абдукарим Алиев аст, ки таҷрибаи 42-солаи корӣ дорад. Вай иброз медорад, ки барои омода кардани як ҷуфт попӯш 37 навъ ашёи хом лозим аст, ки ҳамагӣ ду навъи он дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешавад. Боқимонда аз хориҷ ворид мегардад.
Тибқи иттилои нозироти андози шаҳри Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир дар корхонаи «Абрешим» 3 нафар, «Сано» 120 нафар, САТХ 421 нафар, «Лаъл» 166 нафар, «Ҷавонӣ» 947 нафар коргар машғули кор аст. Дар замони шӯравӣ дар «Қолинҳои Қайроққум» беш аз 8 ҳазор нафар коргар буд, ки аксарияти онро бонувон ташкил мекарданд. Вале феълан теъдоди қолинбофон низ ҳамагӣ 150 нафар аст. Дар корхонаи шоҳибофии Хуҷанд бошад 12 ҳазор коргар кор мекард.
Куҷо равем? Ба бозор? Ба саҳро?
Ба мардикорӣ?
Бояд гуфт, ки қариб дар ҳама корхонаҳои саноатии хусусишудаи вилоят аҳвол чунин аст. Зеро чун корхонаҳо хусусӣ шуданду ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфт, соҳибмулк ба ихтисори коргарон шуруъ кард. Яке пайи ризқу рӯзии хеш ба тиҷорат рӯй оварду дигарӣ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт.
Чунончи аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, тибқи омори расмӣ дар Суғд наздик ба 15200 хоҷагии хурду бузурги деҳқонӣ амал мекунад. 342 ҳазор саҳмдор машғули кори деҳқонист, ки аз ин 193 ҳазорро бонувон ташкил медиҳанд.
Пас мусаллам аст, ки теъдоди муайяни коргарбонувони аз корхонаҳои саноатӣ ихтисоршуда, рӯ ба саҳро овардаанд. Раванде ҷараён гирифтааст, ки мантиқан баръакси он бояд сурат мегирифт. Яъне як қисм бонувони кишоварз бояд ба корхонаҳои саноатӣ ба кор мегузаштанд, на баръакс. Дар ин ҳол суолҳои бепосухи бонувони бешумор беҷавоб намемонанд: «Ба куҷо равем?»
– Дар даврони шӯравӣ 38 дар сади теъдоди умумии табақаи коргарро бонувон ташкил медоданд,– мегӯяд Гулҷаҳон Бобосодиқова, сарвари созмони ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор». – Коргарони Иттиҳодияи истеҳсолии дӯзандагии «Гулдаст» -ро сад дар сад бонувон ташкил медоданд. Дар назди корхонаҳои бузурге чун Иттиҳодияи нассоҷии шаҳри Душанбе, ки замоне ҳазорҳо коргар дошту аксарияти онҳоро бонувон ташкил медоданд, ҳунаристонҳо фаъолият доштанд. Шояд вақти он расидааст, ки мо марказҳои маълумоти касбӣ барои калонсолонро ҳарчӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис диҳем ва коргарони собиқро ҳунарҳои нав биёмӯзем?
Ба андешаи соҳибназарон, яке аз роҳҳои нисбатан содаи тавлидоти ватанӣ баланд бардоштани боҷи гумрукии молҳои саноатии воридотӣ аз кишварҳои хориҷ, кам кардани андоз, додани имтиёзҳои мушаххас ва чашмгир ба соҳибкороне ҳаст, ки коргоҳҳои нав таъсис дода, ҳамватанони хеш қабл аз ҳама бонувонро барои кори нисбатан сабуку музди хуб ҷалб месозанд. Вагарна, маҳсулоти ватанӣ ва истеҳсолкунандаи он ҳамоно беқадр мемонанду маҳсулоти хориҷӣ бозори кишварро зери сарпанҷаи қавии хеш қарор хоҳад дошт.
Тилав Расулзода