Ғӯза ба ҷои маош…
Тибқи омори расмӣ дар вилояти Суғд наздик ба 15200 хоҷагии хурду бузурги деҳқонӣ амал мекунад. Дар онҳо 342 ҳазор саҳмиядор, аз ҷумла машғули кори деҳқонист.
Алишер Дадобоев, мудири шӯъбаи иқтисодиёти Идораи кишоварзии вилоят, гуфт, ки теъдоди бонусарварони саҳмиядор 5 дар садро ташкил медиҳад.
Ин арқом гувоҳанд бонуи тоҷик, ки неруи асосӣ дар саҳро ба шумор меравад, ҳамоно мутею дастнигар боқӣ мондааст. Вай то кунун бар ивази заҳмати сангин музди ночизе ба даст меоварад. Дар аксар мавридҳо ҳамин пашиз ҳам моҳҳо пардохт намешавад ва ё меҳнати бонуи заҳматкаш бо чанд кило гандуму сабзию шалғаму равғани пахта ва ё чанд банд ғӯзапоя пардохт мешавад. Ва солҳост, ки дар матбуот ин масъала гузошта мешаваду касе посухгӯ будан намехоҳад.
Тибқи маълумоти дастрасшуда то якуми майи соли равон дар вилояти Суғд аз 4160,5 ҳазор сомонӣ қарзи умумии хоҷагидорону корхонаҳо дар назди деҳқонону коргарон миқдори аз ҳама зиёдро хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҷангалпарварӣ ташкил медиҳанд, ки он баробар ба 1451,8 ҳазор сомонӣ аст.
Мо худ шоҳид будем, ки дар чанд хоҷагии кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамон ғӯзапояи ба деҳқон додаро раҳбарон аз мардум вопас гирифта, ба дигарон мефурӯхтанд ва ё қиматашро муайян карда, як қисм маблағи онро ба нафъи ҳоҷагиҳо меситониданд. Тавре ба назар мерасад, баъзе аз раҳбарони чунин хоҷагиҳо мактаббачагон, аз ҷумла, духтаракони ноболиғро ба ивази 12 сомонӣ аз субҳ то шом дар заминҳои пахта кор мефармоянд.
«Территория» -и раис
Эргашой Самитова, сокини шаҳраки Плотинаи ноҳияи Спитамен, иброз медорад, ки ба пиёзу сабзикорон ва пахтакорон барои як рӯзи корӣ ҳамагӣ 16 сомонӣ музд медиҳанд. Барои каланд кардани бехи пахтазор музд намедиҳанд ва мегӯянд, ки ғӯзапояашро мегиред, кофист. Вале соли гузашта ҳатто ҳамин ғузапоя ҳам ба мо нарасид…
Мо бо як тан аз сарварбонувони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен дар мавриди мушкилоти соҳаи кишоварзӣ суҳбат оростем. Ӯ бо шарти ошкор накардани номаш бароямон чунин маълумот дод:
-Дар саҳро кор кардани зани тоҷик кори осон нест,- оғоз кард ӯ. – Ҳатто ба ҳайси роҳбар. Зеро бо вуҷуди пешрафти технологияи истеҳсолот дар саҳро аксарияти корҳо таври дастӣ анҷом мешаванд. Вале аҷобат дар он аст, ки дар дунё ҳар коре, ки дастӣ сурат мегирад, арзиши баланд дорад, аммо деҳқони оддӣ ба ивази кори сангин чӣ мегирад? Музди якрӯзаи бонуи кишоварз даҳ сомонӣ аст. Нархи каланд кардан ва маҳв сохтани алафҳои бегонаи як гектар майдони пахтазор 250 сомонӣ аст. Вале дар аксарияти мавридҳо бо баҳонаи он ки ҳанӯз ҳосили соли гузашта фурӯхта нашудаасту пули нақд надоранд, саркор аз додани ин маблағ сар мепечад. Сардори хоҷагӣ ба деҳқон музди меҳнатро агар диҳад ҳам, сари вақт намедиҳад,– идома медиҳад бонуи сарвар. –Вай қабл аз ҳама мекӯшад қарзҳои хоҷагияшро пардохт намояд. Деҳқон вақти гирифтани порчаи замин онро бо қарзаш мегирад. Қарзи як гектар замин на камтар аз ҳазор доллар аст. Ҳар сол фоизи қарзҳо афзоиш ёфта, ба маблағи умумӣ зам мешавад. Бисёр мавридҳое шуда, ки деҳқон шипангу бино, техникаи хоҷагӣ ва ҳатто манзилу ҳавлияшро дар бонкҳо ба гарав монда, аз онҳо маҳрум шудааст. Баъдан, азбаски деҳқони оддӣ пул надорад ва бонкҳо низ ё бо фоизҳои баланд қарз медиҳанд, ё чизеро бар ивази қарз дар гарав мегузоранд, маҷбур мешавад бо корхонаҳои пахтақабулкунӣ шартнома бандад ва ҳосили эҳтимолиро дар гарав гузорад. Деҳқон аз интихоби харидору муштарии нақду боҳимматтари ҳосилаш маҳрум гардида, саросар пойбанди соҳибкори беинсоф мешавад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пахтаро бо пасттарин нарх бихаранд. Дар аксари мавридҳо ҳосил маблағи қарзро намепӯшонад. Ин ҳама қарзу мутеъ шуданҳо чашми бонувони саҳмдорро метарсонад ва онҳо аз ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ даст мекашанд. Навмед шуда худро ба корҳои хишова ва каланди майдонҳои пиёзу сабзиву шолӣ андармон месозанд.
«Манфиат» - е, ки «фабрика» дорад…
Манзура Исобоева, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иброз дошт, ки аз субҳ то шом дар замини шолӣ кор карда, 20 сомонӣ маош мегирад.
- Ночорам, ки ба чунин шарти сардори хоҷагӣ розӣ шавам,– лаб ба шиква мекушояд Манзура. – Зеро кори дигар нест.
Раиси иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ Муқим Муқимӣ комилан зидди дар саҳро кор кардани бонувон аст.
–Зан инсон меофарад, – арз медорад ӯ.– Пас ба вай тамоми шароиту имкониятро муҳайё бояд кард. Вале бубинед, ки аксари тифлҳо ҳанӯз дар батни модар гирифтори ину он оризаҳо шуда, ноқису иллатманд ба дунё меоянд. Зеро бар ивази ғизои нерубахшу табиӣ хӯрдан, зани ҳомила дар гармои чиҳилдараҷа ба як бурда нони қоқ қаноат карда, каланд мезанад. Дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ музди кори якрӯзаи бонувонро ду баробар афзуданд,– идома медиҳад ӯ ба суҳбати хеш. – Теъдоди онҳо дар саҳро якбора афзуд. Ҳатто занҳое ба саҳро баромаданд, ки ҳомила буданд ё тифли ширхора ва ё кӯдакони хурдсол доштанд. Дар натиҷа теъдоди духтарону занони бемор ба маротиб афзуд. Роҳи нисбатан оқилонаи аз корҳои сиёҳи саҳроӣ озод кардани бонувон ин муқаррар намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ, таъсис додани корхонаҳои хурди саноатӣ ва билохира, додани имконияти фаровон барои таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва ба сарварии онҳо баргузидани бонувон аст, –мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Суоли матраҳ аст, албатта…
Тилав Расулзода