08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ...

Дар посух ба саволи «Чаро сохтмони манзилҳои муҳоҷирони Тавилдара кашол меёбад?» Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир, гуфт: «Бигзор худи мардум сабаби қафомонии сохтмони хонаҳояшонро бигӯянд. Агар ҳалли мушкилоташон аз мақомоти маҳаллӣ вобаста бошад, мо ҷавоб медиҳем».

Мавзеи Қарадум аз маркази ноҳияи Қумсангир дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Роҳнамои мо Иброҳим Азизов, муовини сармеъмори ноҳияи мазкур, ба заминҳои ду тарафи роҳ ишора намуда гуфт: «Мо барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳия аз ҳамин мавзеъҳои лалмӣ замини наздиҳавлигӣ додем. Муҳоҷирони Тавилдара бошанд, дар водии ҳамвору заминҳои обӣ ҷойгир шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷирони Тавилдара тамоми лавозимоти зарурии сохтмониро таъмин намуд.

Ҳамидуллоҳ СафаровДар деҳаи навобод мардум ба бунёди таҳкурсии манзилҳо машғул буда, танҳо се – чор оила девори хонаҳои худро як метрӣ бардошта буданду халос. Оид ба сабабҳои кашолкорӣ дар сохтмони хонаҳояшон муҳоҷирон фикру андешаҳои гуногун доранд. Ҳамидуллоҳ Сафаров, раиси маҳаллаи навбунёд, иброз медорад, ки новобаста ба ташкили деҳаи нав дар заминҳои обӣ ва таъмини масолеҳи сохтмонӣ муҳоҷирон аз омадан ба ин ҷо пушаймонанд. Зеро интизор доштанд, ки онҳоро дар ягон мавзеи наздик ба маркази ноҳия ҷойгир мекунанд.

– Онҳое, ки қабл аз мо омада, ин ҷойро барои зист интихоб карданд, худ барои зиндагии доимӣ наомадаанд. Дар ин дашт хати барқу оби ошомиданӣ нест. Ҳукумат барои мо, муҳоҷирон, бояд тамоми шароитро муҳайё намояд.

– Агар ҳамин канали обгузарро сари вақт тоза мекарданд, норасоии об эҳсос намешуд, шояд рафти хонасозӣ хеле пеш мерафт,– ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд дигар муҳоҷирон. Ба мо ваъда додаанд, ки дар оянда ҳар оиларо 2 гектарӣ замин барои таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ медиҳанд. Агар ба ваъда вафо кунанд, мо тезтар манзилҳоямонро сохта, аз пайи таъсиси хоҷагии деҳқонӣ мешавем, то аз кишти тирамоҳӣ дер намонем, – мегӯяд Қурбоналӣ Усмонов.

Кароматулло ҚурбоновМуҳоҷирони тавилдарагӣ, ки акнун сокинони ноҳияи мо ба шумор мераванд, ҳоло ҳам ҳукми меҳмонро доранд. Аз ин рӯ, мо арзу эродҳои аз воқеият дури онҳоро ҳам қабул дорем, – иброз медорад Иброҳим Азизов, муовини сармеъмори ноҳия. – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба заминларзаи то 9 дараҷа тобовар ба ин 37 оилаи муҳоҷир тамоми масолеҳи сохтмониро таъмин намуд. Аммо на ҳамаашон арматуру семент ва чӯбу бомпӯши ба онҳо додашударо дар сохтмони хонаҳояшон мақсаднок истифода мебаранд. Кароматулло Қурбонов, як нафар аз муҳоҷирон, чунин ибрози назар кард:

– Бори аввал мебинам, ки дар таҳкурсии хона арматур истифода мебаранд. Ростӣ, моро баъзе ҳамроҳонамон аз роҳ зада, боиси ба таъхир афтодани сохтмон шуданд. Камбудӣ аз худамон ҳаст, ки воқеиятро намебинем. Иншоаллоҳ, мардуми ба ору номус камари ҳиммат баста, хонаҳои худро ободу ин маконро ба як диёри сарсабзу ҳуснобод табдил медиҳанд.

Тоҳир ҚосимовРоҳу ободӣ – обу сарсабзӣ гуфтаанд. Агар ин ду мушкилӣ ҳалли худро ёбад, мо ин гӯшаи Ватанро обод менамоем, –мегӯяд Тоҳир Қосимов. –Ман, ки мутахассиси соҳаи байторӣ ҳастам, оянда ба рушди чорводорӣ диққати бештар медиҳам. Ҳоло бошад, ҳарчӣ тезтар манзилро бунёд намуда, бояд волидайнамро, ки аз синни 90 гузаштаанд, ба ин ҷо оварам. Зеро онҳо дар сардиҳои Тавилдара зери хаймаҳои латтагӣ зиндагӣ доранд.

Ҳамдеҳаи мо Қурбоналӣ Усмонов кори дуруст кард, ки ба якборагӣ ҳамсару фарзандонашро ба Қумсангир оварду ҳоло бо хотири ҷамъ ба хонасозӣ машғул аст, – мегӯянд ҳамсояҳои ӯ. –Мо, ки ин корро накардем, ҳушу ёдамон дар Тавилдара аст. Дар тасдиқи ин гуфтаҳо ҳамсари Қурбоналӣ – Майрам Шарифова мегӯяд: «Мо хонахез омадему бар рағми мушкилӣ, бо дилгармӣ манзили навамонро бунёд мекунем».

Майрам ШарифоваМайрам лаҳзаҳои фориғ аз хонасозӣ ба гулдӯзию ҷуроббофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ машғул аст. Аллакай дар Қумсангир маҳсули ҳунарҳои дастиаш харидори худро пайдо кардааст. Баъди ба анҷом расонидани сохтмони хонаамон ба ҷуробу камзулдӯзӣ ҷиддитар машғул мешавам. Зеро дар пеш фасли сармосту навхонадорон ба либоси зимистона эҳтиёҷ пайдо мекунанд, – мегӯяд ӯ.

Шавҳари Ҳусноро Гулсиева дар муҳоҷирати корӣ буда, худаш ба хонасозӣ омадааст.

– Фарзандонамро, ки дар хаймаҳо ба хунукӣ тоб наоварда бемор шуданд, ба Тавилдара, ба хонаи волидонам баргардонидам. Азбаски дастёр надорам, бо маблағҳои шавҳарам фиристода бинокор кироя намудам. Мушкили ғизоӣ надорем, зеро сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Телмон бо навбат барои муҳоҷирон хӯрок пухта меоранд. Ягона мушкил ин аст, ки оби канале, ки аз он истеъмол мекунем, каме бадбӯ аст. Қумсангир бо иқлими гарму заминҳои фаровонаш ба ман маъқул шуд. Агар масъулон тезтар мушкили бебарқиву Ҳусноро Гулсиеваоби ошомиданиро бартараф намоянд, мо ба зудӣ дар заминҳои бекорхобида кишту корро оғоз мекунем, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфти масъулини бахши меъмории ноҳияи Қумсангир дар деҳаи навбунёд теъдоди оилаҳое, ки хонаҳои худро тибқи дастуру талаботи меъморӣ месозанд, каманд. Наҷмиддин Давлатов, як сокини деҳа, оид ба корҳои ояндааш чунин гуфт:

– Нақша дорам, ки хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, дар наздаш фермаҳои чорводориву парандапарвариро ташкил намоям. Ин минтақа заминҳои беканоре дорад, ки бинобар норасоии неруи корӣ бекор хобидаанд.

            Тибқи иттилои Иброҳим Азизов то кунун дар мавзеи Қарадум барои 37 оилаи аз Тавилдара муҳоҷиршуда 4, 78 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст. Дар ояндаи наздик барои 80 оилаи Шӯрообод ва 30 оилаи муҳоҷири ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ барои сохтмони манзил замин ҷудо карда мешавад.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир мегӯянд: « Бо тоза кардани 1200 метр канали обгузар мушкили норасоии об ҳалли худро меёбад. Кашидани хати барқро масъулони соҳаи барқ ба ӯҳда доранд, бунгоҳу дигар иншооти хидматрасониро низ сохта ба истифода медиҳанд. Як эроди дигари муҳоҷирон дар масоҳати як километр қарор доштани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Аммо, ба гуфти И. Азизов, муовини сармеъмори ноҳияи Қумсангир, барои 37 оилае, ки ҳудуди 60-70 фарзанди мактабхон доранд, зарурияти сохтмони мактаби нав нест. Зеро дар деҳаи ҳамсоя, дар масофаи камтар аз 1 километр мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ мавҷуд аст. Бунёди мактаби нав дар деҳаи навбунёд вақте ба роҳ монда мешавад, ки беш аз 120 оила аз навоҳии Шӯроободу Ҷалолиддини Румӣ ба ин мавзеъ оварда шавад.

Аз мушоҳида бармеояд, ки муҳоҷирони Тавилдара бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин шудаанд. Аммо иддае барои сохтмони манзил неруи корӣ надоранд. Қисме иддао доранд, ки ба онҳо аз наздикии маркази ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо кунанд, то мактабу беморхонаву дигар иншооти хидматрасонии фаъол дошта бошад. Мутаассифона, ҳастанд муҳоҷироне, ки азм доранд ба қафо баргарданд…

Ҷамолиддин Сайфиддинов

:.  Иҷтимоъ 28.11.2012 07:36 2175

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz