Аз 222 нафари фавтида, 118 нафарро мардҳо (14 нафарашон ноболиғон) ва 104 нафарро бонувон (26 нафарашонро духтарони ноболиғ) ташкил медиҳанд.
Шеваҳои интихоби марг низ аз ҷониби «дунёбезорон» ва ё «аз дунё сершудагон» гуногун будааст. Яке худро ба дор овехта, дигарӣ дар оташ сӯзонда, саввумӣ худро ба дарё ғарқ карда, чаҳорумӣ худро масмум (заҳролуд) сохта, иддае вариди худро қатъ кардаанд.
Нисбати 10 нафар бинобар ба худкушӣ расонидани наздикони хеш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Чунончи гуфта мешавад, 52 нафар бо сабаби беморӣ, 37 нафар аз ҷанҷолҳои хонаводагӣ, 6 нафар аз вазъи бади иқтисодӣ ва 127 нафари дигар бо сабабҳои гуногун ба зиндагии хеш хотима бахшидаанд. Сабабҳои худкушӣ бештар вақт номаълум боқӣ мемонанд.
Чандон, ки гуфтем ғам бо табибон…
Чун сухан дар мавриди сабабҳои худкушӣ меравад, намояндагони мақомот бештар вақт мегӯянд, ки фалон нафар аз онҳо бемории рӯҳӣ доштаанд.
Агар воқеан ин тавр аст, пас онҳо дар сабти марказҳои тандурустӣ қарор доштанд? Бо чунин савол мо муроҷиат кардем ба Далер Тошматов, сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд:
– Масъалаи мазкур чанде қабл дар Маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки дар бинои Прокуратураи вилоятӣ баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутаассифона, вақте дар бемор оризаҳои бемориҳои рӯҳӣ пайдо мешавад, хешовандон аз рӯйи табиату хусусиятҳои маҳаллӣ ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намекунанд. Онҳоро дар марказҳои табобатӣ сабти ном намекунанд. Аз ин рӯ, онҳо аз мадди назари кормандони соҳаи тиб берун мемонанд. Бинобар ин ман гуфта наметавонам, ки ҳамаи онҳо бемори рӯҳӣ буданд ё не, – мегӯяд номбурда.
Толиби Исмоил, пизишки дараҷаи олӣ, бар ин назар аст, ки бисёре аз худкушикардагон беморони рӯҳӣ набуда, балки онҳо гирифтори бӯҳрони равонӣ гардидаанд:
– Имрӯз наврасону ҷавонон тавассути Интернету моҳвораҳо аз ҳама чиз огаҳӣ доранд. Мебинанд, ки ҳамсолони онҳо дар дигар кишварҳо чӣ зиндагие доранд ва аз сатҳи зиндагии худ норизо мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, то кӯдакону наврасонро ба кори ҷолибу манфиатбахш машғул дорем.
Ба таъйиди суханони Толиби Исмоил сарвари иҷроияи Маркази занони «Гулрухсор» Сабоҳат Бобоҷонова иброз медорад, ки ҷомеаи мо гирифтори бӯҳронҳост. Вақте одамро вазъи бӯҳронӣ фаро мегирад, вай роҳи ҳалли мушкилоти хешро ёфта наметавонад ва ягона роҳи ҳалли муамморо дар сӯиқасд ба ҷони худ мебинад.
– Ман низ ба ин андеша, ки гӯиё бисёре аз худкушикардагон беморони рӯҳӣ мебошанд, розӣ шуда наметавонам,– таъкид медорад Сабоҳат Бобоҷонова. Вақте мо он ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, нишонаҳои он бемориҳоро мушоҳида карда наметавонем. Азбаски дар байни мардуми мо нисбат ба аъзои дигари ҷомеа бетарафӣ зоҳир мегардад, дар вақти таҳқиқи ҳодисаҳои худкушӣ ягон маълумоти дақиқ дода намешавад, сабабу сарчашмаи ин ҳодисаҳо низ норӯшану пӯшида боқӣ мемонад. Аз ҳамин хотир, барои осонии кор мегӯянд: «Вай бемори рӯҳӣ буд».
Тилав РАСУЛЗОДА