Имрӯз фосила на танҳо миёни арзишҳои ҷавонону волидон, балки байни наврасону омӯзгорон хеле густурда аст. Зиёд ҳарфҳоеро мешунавем, ки омӯзгорону волидон дар мавриди интихоби мусиқӣ, синамо ва ҳатто тарзи таҳияи таъом ва истеъмоли он аз ҷониби наврасону ҷавонон тааҷҷуб менамоянд. Аммо иллати таассуф ин аст, ки насли бузург дар симои волидон ва омӯзгорон фаротар аз тааҷҷуб намераванд, яъне талоше барои фаҳмидани дунёи ботин ва маънавиёти насли ҷавон намекунанд. Гӯиё насли нав дар интихоби санъат, синамо, адабиёт ва дигар масоил ба иштибоҳ роҳ медиҳаду дар ин маврид ба ҳарфи онҳо таваҷҷуҳ наменамояд. Аз ин рӯ, фосила миёни онҳо ба тадриҷ бузургтар мегардад.
Насли нав дар паҳнои таърих доим талош доштааст аз арзишҳои худ ҳимоят намояд, зеро он як ҷузъи муҳими як марҳалаи ҳаёташ будааст. Дар ин маврид талоши насли нав аксаран дар кишварҳои аз назари иқтисод ва фарҳанг пешрафта ва дар масоили парвариш ва тарбият тағйири назаркарда, аз ҷониби насли бузург хуш истиқбол гардидааст. Метавон аз кишварҳои Ҷопон, Олмон, Амрико ва Инглис дар ин маврид мисол овард. Таҳаммулпазирӣ ва пазиро гардидани назар ва диди нав миёни ду насл иллати пешрафти фарҳанг дар ин кишварҳо шудааст.
Вақти вохӯрӣ дар баррасии рафтор ва ахлоқи наврасону ҷавонон омӯзгорону волидон ба бунбасти натоиҷ мувоҷеҳ мегарданд ва роҳи ҳале пайдо намекунанд. Аммо онҳо боре аз худ суол намекунанд, ки чаро нақши доваррро интихоб намудаву интихоби наслеро иштибоҳ арзёбӣ месозанд. Агар нахоҳем, ки фосила миёни наслҳо бештар гардаду иллати нофаҳмӣ ва ҳатто муқовимат гардад, боястӣ ба интихоби ҷавонон аз дидгоҳи дигар назар кард.
Арзишҳо ҳам мисли дигар ашё дар мароҳили таърихӣ иваз мешаванд. Агар насли 40 –солаи тоҷик мутолиаи китобҳои бадеиро дӯст дорад, набояд онро сари насли нав таҳмил диҳад ва фаротар аз ин, рӯяшон дар ин масъала фишор оварад. Осори шоир ва ё нависандае танҳо барои насли худ арзиш дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин эҷод муваффақ бошад. Шоири мумтоз, боистеъдод ва тозагӯйи форсзабонони қарни 20 – Нодири Нодирпур бо ҳама тасхиркарданҳо ва мақомаш дар дилҳову зеҳнҳо ва адабиёти муосир ҷойе қабл аз фавташ мегӯяд: «Хушбахт хоҳам буд, агар эҷоди ман барои наслам арзиш дошта бошад».
Ба андешаи инҷониб вақте ҷавононро маҷбур мекунем, ки ба эҷодиёти Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва ё Мӯъмин Қаноат рӯ биёранд ва ё онро мисли мо дӯст доранд, ба иштибоҳи бузурге роҳ медиҳем. Вақти таҳсил дар мактаби миёна тибқи барномаҳои тадрисӣ онҳо эҷодиёти шоирони классик ва муосири тоҷикро меомӯзанд. Агар дар дили нафаре ва ё қисме аз наврасон эҷодиёти шоирон ва нависандагон ҷо гирифт ва дар оянда онҳо ин мутолиаро жарфтар ба роҳ монданд, чӣ хуб, аммо, агар бо хости хеш дигар ба ин осор рӯ наоварданд, набояд фишор оварем, зеро натиҷаи он манфӣ хоҳад буд. Ба хотири иллати нодуруст фаҳмида шудан, дар ин ҷо бояд зикр созем, ки дар таърихи адабиёти ҳар миллат нобиғагоне дучор мешаванд, ки аз доираи баҳси мо берун хоҳанд буд. Манзурам шоирон ва файласуфони бузурге ба мисли Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлонои Балх, Сино ва дигаронанд.
Дар мавриди дигар эҷодкорон ҳаминро бояд қайд намуд, ки эҷодиёти онҳо чандон умри дароз надорад. Мутаассифона, ҳанӯз аз замони шӯравӣ чунин андешаи ғалате миёни аҳли адаб роиҷ гардидааст, ки гӯё нигоштаи як адиб ва ё шоир тӯли қарнҳо арзиш дорад ва бояд омӯхта шавад. Омӯзиш ва тадқиқи он танҳо ба мутахассисини соҳа рабт дорад на ба наслҳои баъдӣ. Илова бар ин, ҷойи тазаккур аст, ки қимси зиёди адабиёти шӯравӣ ва муосири тоҷик умри хеле кӯтоҳ дорад ва бахше аз он ҳатто дар замони худ арзише касб накардааст.
Агар насли мо китоб мехонд, имрӯз синамои ҷаҳон он қадр пешрафт намудааст, ки як филм метавонад маънии чанд китоби мутолиакардаи моро ба ҷавонон диҳад. Ё, агар мо эҷодиёти Ҳерман Ҳессе, Франс Кафка ва Чингиз Айтматовро дӯст доштаву мутолиа менамудем, насли нав эҷоди адибони муосири ҷаҳониро интихоб месозад. Ин интихоби онҳост, бояд бипазирем. Агар мо фалак ва ё мусиқии классикиро дӯст медоштем, онҳо мусиқии рэп ва ё попсаро интихоб намудаанд. Оё мо ҳақ дорем бигӯем, ки интихоби онҳо нодуруст аст? Ин ҳам дар ҳоле, ки аз ин бахши мусиқӣ хабаре надорем?
Пешниҳоди мо ин аст, ки ба ҷойи рад кардан ва манъ намудан бояд ба ин бахши маънавиёт рӯ биорем. Ба мусиқии насли нав на аз назари интиқодӣ гӯш бидиҳем, балки талош варзем, то онро бифаҳмем ва дарк созем. Танҳо дар ин маврид метавонем аз олами ботини фарзандони худ огаҳ шавем, бо онҳо ҳамвазн бошем ва дар дарки падидаҳо мавқеамон ба ҳам назик гардад. Дар чунин ҳолат фосила аз байн хоҳад рафт ва пули бовару эътимод миёни волидону фарзандон ва омӯзгорону шогирдон барқарор хоҳад шуд.
Эҳтимол дорад, агар ба эҷоди хунёгарон, синамогарон ва адибони муосири дунё бо гӯши дил гӯш бидиҳем, ба ин натиҷа ҳам бирасем, ки интихоби онҳо дурусттар аст ва мо аз насли нав ақиб мондаем?
Қабул кардани иштибоҳи худ ва пазируфтани назари нав алакай пешрафт аст ё не?