500 метри мукааб гази як гов
Истеҳсоли биогази пору аввалин бор соли 1814 аз ҷониби як нафар ташаббускор бо номи Дейвӣ ба қайд гирифта шудааст. Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз бошад, соли 1900 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон пайдо гардидааст. Имрӯз дар Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Шри Ланка муассисаҳои азими истеҳсоли биогаз сохта шудаанд.
Аз ҷиҳати теъдоди таҷҳизоти хурди биогаз Чин дар ҷаҳон ҷойи якумро мегирад. То соли 2000 -ум дар ин кишвари сераҳолитарини дунё зиёда аз 10 миллион таҷҳизоти биогаз мавҷуд буд. Дар ин кишвар ҳамасола истеҳсоли ин навъи газро ба 7 миллиард метри мукааб расонидаанд. Яъне, 60 миллион нафар тавассути поруи ҳайвонот худро бо сӯзишворӣ таъмин намуда, илова бар он нурии баландсифат мегирад. Ҳоло шумораи таҷҳизоти биогаз дар Чин аз 40 миллион дастгоҳ гузаштааст. Дар индустрияи биогази Чин ҳоло 60 000 нафар кор мекунанд. Сафи дорандагони таҷҳизоти биогаз дар ин мамлакат торафт меафзояд.
Ҳатто дар Непал, ки як қаламрави баландкӯҳ ба ҳисоб меравад, то ҳол зиёда аз 200 000 таҷҳизоти биогаз насб шудааст. Имрӯз 10 фоизи нақлиёти Швейтсария тавассути биогаз ҳаракат мекунад. Яъне, биогази поруро тавассути компрессор дар баллонҳо ҷо дода, дар нақлиёт метавон истифода бурд. Ҳоло дар ИМА 8,5 миллион сар чорвои шохдор мавҷуд аст. Олимони амрикоӣ ҳисоб кардаанд, ки биогази аз ин миқдор чорво ҳосилшуда барои ҳаракати 1 миллион автомобил мерасад.
Тибқи ҳисобот, Ҷумҳурии Мардумии Чин барои рушди истеҳсоли биогаз 20 миллион евро сарф кардааст. Ин маблағ дар давоми 2-3 сол пурра пӯшонида мешавад. Дар ҷумҳурии мо низ имкони тавлиди биогаз фаровон аст, вале роҳбарони ноҳияҳо, соҳибкорон ва фермерҳо дар ин хусус ё тасаввурот надоранд ва ё ҳавсалаи сохтан.
– Биогазеро, ки аз пору дар таҷҳизоти махсус ҳосил мекунанд, аз метан ва гази карбон иборат буда, қобилияти гармиофариаш 9500 калория/м3 мебошад, – мегӯяд саркотиби илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҳаким Аҳмадов. – Дар шароити нарасидани сӯзишворӣ истифодаи таҷҳизоти биогаз барои туршонидани партовҳои ғайрихӯрокии истеҳсолоти кишоварзӣ, алалхусус чорводорӣ ва парандапарварӣ мувофиқи мақсад аст.
Азбаски нисфи аҳолии кишвар камбизоатанд, барои онҳо таҷҳизоти нисбатан камхарҷи биогаз мувофиқи мақсад аст. Яке аз онҳо «Таҷҳизоти биогазии содда» мебошад, ки танҳо аз метантенк (зарфи ҷамъкунии партов) ва газголдер (зарфи захираи газ) иборат аст. Ба сифати метантенк метавон бочкаи 200-литраи сӯзишвориро истифода бурд. Дар метантенк ба таври даврӣ поруи туршшавандаро, ки ба он бактерияҳои ғайриэробӣ аз дастгоҳи амалкунандаи биогаз ҳамроҳ мешавад, пур мекунанд.
Мувофиқи технологияи биоэнергетикӣ ҳар сол аз поруи як гов тақрибан 500 метри мукааб гази биологӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки ин ба 350 литр сӯзишвории шартӣ баробар мебошад, - мегӯяд мудири шӯъбаи назорат ва ҳифзи атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, доктори илмҳои химия Шамс Назаров. – Биогази ҳосилшуда имкон медиҳад, ки генератор (движок)-и тавоноиаш 0,5 кВт дар давоми як сол беист кор кунад. Бинобар ин, хонаводаҳое, ки 3-4 сар чорвою паранда доранд, метавонанд тавассути биогаз худро бо сӯзишворӣ ва нерӯи барқ (дар зимистон) таъмин намоянд.
Чанде пеш дар рӯзномаи «Народное слово» хондам, ки як хоҷагии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон фермаашро пурра ба истеҳсоли биогаз мутобиқ гардонидааст. Дар ин ҷумҳурии аз нефту газ бой хоҷагиҳое, ки ба истеҳсоли биогаз машғуланд, аз як қатор андозҳо озод шудаанд. Аз ин рӯ, фермерону соҳибкорон ҳавасманди насб кардани таҷҳизоти биогазанд.
Дар ҷумҳурии мо, ки захираи нефту газ фаровон нест, ба тариқи авло ба соҳибкорону фермерҳо додани чунин имтиёз зарур аст. Балки барои насби ин гуна таҷҳизот қарзи бефоиз бояд дод. Ҷумҳурии ҳамсоя аз додани ин гуна имтиёзот чӣ фоида мебинад? Фарз кардем, ки аҳолии як хоҷагӣ ё ноҳия худро бо сӯзишвории биогаз таъмин карданд, он миқдор гази табиие, ки қаблан ба ин мавзеъ бо нархи арзон дода мешуд, бо нархи қиматтар ба Чин фурӯхта мешавад. Магар ин фоидаи давлат нест?
Ангуштарини тилло беҳтар ё таҷҳизоти биогаз?
Ду сол пеш зимни сӯҳбат устоди факултаи механиконии хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Анвар Мадалиев, ки дар ин соҳа таҷрибаи бой дорад, чунин гуфта буд:
- Моҳи ноябри соли 2008 бо дастгирии созмони Бритониёи «Oxfam» дар деҳаи Ҷайралии ноҳияи Темурмалик таҷҳизоти биогаз насб намудем. Мардуми зиёд шоҳиди аз биогаз чой ҷӯшонидану хӯрок пухтан шуданд. Аз навоҳии Данғара, Ёвон, Файзобод ва Бохтар чандин соҳибкор омада, ҳаваси бунёди дастгоҳи биогазро карданд, вале ё маблағро дареғ медоранд, ё ҳавсала надоранд, ки сидқан аз пайи ин кор шаванд.
- Иддае ба хотири худнамоӣ қонуни танзимро вайрон карда, тӯйҳои бодабдаба мекунанд ё мошинҳои қиматбаҳо мехаранд. Вале барои ҳифзи саломатии аҳли хонавода пулро дареғ медоранд, - мегӯяд Шамс Назаров. – Ҳол он ки бо нисфи пули тӯй ё аз ҳисоби харидани мошин як таҷҳизоти миёнаи биогаз насб кардан мумкин аст. Ба ин восита бонувон аз заҳролудшавӣ эмин мемонанду хонавода соҳиби нурии бепули органикӣ мешавад. Хокистари таппак чандон ба замин қувват намедиҳад, вале поруи баъди истеҳсоли биогаз боқимонда беҳтарин нурӣ барои замин аст. Бубинед, ки як халта селитра ё нитроаммофос дар бозор чанд пул меистад?
Дар ин гуфтаҳои Шамс Назаров ҳақиқатеро метавон дарёфт. Масалан дар матбуот зиёд мехонем, ки баъзе аз бонувон ба маблағи аз Русия фиристодаи шавҳар, ё фарзандонашон ҳалқаю ангуштарини тилло ва ё куртаи синтетикии қиматбаҳо мехаранд, вале дар зимистон аз сардӣ меларзанду дар тобистон аз ҳавлиашон бӯи тапаку поруи ҳайвонот меояд. Магар намешавад, ки дар наздикии оғил чуқуриеро бетонпӯш кунанду аз биогази ҳосилшуда зимистон гарм шаванд?
Ҳоло чоҳҳои силоси аксар фермаҳо холӣ буда, солҳо боз истифода намешаванд. Ин ҷоҳҳои бетонӣ, ба гуфтаи коршиносон, барои насби дастгоҳи биогаз қариб, ки тайёранд. Танҳо нисфи чоҳро пур аз пору кардану болои онро бо масолеҳи ҳавоногузар маҳкам пӯшонида, лӯлаи газу чанбараки маҳкамкунак часпонидан зарур аст. Агар хоҷагиҳо ба ин иқдом даст зананд, техникаи худро бо сӯзишворӣ таъмин карда метавонанд.
Биогаз аз тапак дида 10 маротиба бештар гармӣ медиҳад. Зеро ҳангоми аз пору тапак кардан, қисми зиёди энергияи он талаф мешавад.
– Бартарии таҷҳизоти биогаз дар он аст, ки аз сохтан то газ истеҳсол кардан тақрибан 1,5 моҳ лозим мешавад, – мегӯяд Ш.Назаров. – Аз ин рӯ, барои дар зимистон бо сӯзишворӣ таъмин шудан моҳҳои октябр-ноябр насбкунии таҷҳизоту пур кардани поруро бояд шуруъ кард. Ду систерна ё ду чоҳи бетонпӯш доштан беҳтар аст. Ҳангоми ба зарфи якум пору рехтану ба газдиҳӣ шуруъ намудани он зарфи дуюмро метавон бо пору пур кард. Дар ин сурат тамоми сол гази бепул гирифтан мумкин мешавад. Аммо риояи қоидаи бехатарӣ низ ҳатмист. Зеро ҳангоми тоза кардани зарф ба даруни он даромадан хатарнок аст. Аз оташ низ эҳтиёт бояд намуд, зеро биогаз мисли гази моеъ ва табиӣ қобилияти таркиш дорад.
Дар таркиби биогаз 2-3 намуд газе ҳаст, ки зарфро сиёҳ мекунад. Аз ин рӯ, барои тоза намудани газ олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дастгоҳи махсус сохтаанд. Бо истифода аз ҳамин гуна дастгоҳ ҳоло дар Ҳиндустону Покистон, Чин ва Италия нақлиёт тавассути биогаз ҳаракат мекунад.
Мутаассифона, бо сабаби набудани боварӣ ба имкониятҳои истифодаи манбаъҳои ғайримаъмулии энергия дар зеҳни мардуми мо, истеҳсоли биогаз дар кишвар ночиз аст. Бояд роҳбарони ноҳияҳо дар ин самт ба олимони Академияи илмҳо ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд, то бонувони кишвар аз тапӣ задан халос шаванд.
С. СУННАТӢ