Танҳо ба хотири… ҳезум!
Сангимоҳ Ватанова, сокини деҳаи Ватаншо Шамсов, Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, тӯли 50 сол ба пиллапарварӣ машғул аст. Дар даврони шӯравӣ низ парваридаасту дар даврони истиқлол ҳам.
Вақте дар бораи суду зиёни ин соҳа бо ӯ ҳамсуҳбат шудем, даврони шӯравиро афзалтар шумурд.
– Ин соҳа, – мегӯяд Сангимоҳ,– дар замони ҳозира тамоман беэътибор гаштааст. Ба пиллапарварон ба ивази заҳмати сангин ҳаққи ночиз медиҳанд. Масалан, соли гузашта аз 10 грамм кирмак 40 кило пилла супурда, ҳамагӣ 200 сомонӣ ҳаққи кор гирифтам. Ба ҳар килограмм 5 сомонӣ. Ҳол он ки ҳама аъзои оила ба парвариши он муддати як моҳ машғул буданд. Яъне маоши якмоҳаи 5-6 нафар узви як оила ҳамагӣ 200 сомонӣ?! Росташро гӯям, пиллаи хоҷагиро ба хотири ҳезумаш мегирем…
Садбарг Насруллоеваи 60 сола, ҳамдеҳаи холаи Сангимоҳ, низ дар пиллапарварӣ таҷриба дораду бар ин назар аст, ки дар даврони шӯравӣ ба онҳо ҳаққи заҳмати бештаре медоданд, аз ин рӯ мардум ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар дошт. Имрӯз холаи Садбарг низ ба хотири ҳезум пилла мегирад.
Нусратмоҳ Калонова мегӯяд, ки барои «сухани роҳбаронро дар замин нагузоштан» бори охир пилла гирифтааст…
«Амр аз болост…»
Мирзо Назаров, сардори бригадаи кирмакпарварии хоҷагии ба номи Назарови Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, ки хоҷагии онҳо ҳамасола 120 грамм кирмак гирифта, дар вақти ҷамъбаст тақрибан 800 килограмм пиллаи аълосифат ба корхонаи пиллақабулкунии ноҳия мефурӯшад. «Ҳаққи заҳмати пиллапарвар дар ҳақиқат ночиз аст, барои як кило ҳамагӣ 5 сомонӣ медиҳанд. Соле пештар ҳамагӣ 3 сомонӣ буд. Аксари мардум пилларо ба хотири ҳезумаш мегиранд. Агар барқ пурра таъмин шавад ва ниёзи сахти мардум ба ҳезум аз байн равад, бо ин нарх дигар касе кирмак нахоҳад гирифт», –мегӯяд ӯ.
Ба маълумоти омор хоҷагиҳои шаҳри Кӯлоб имсол 820 қуттӣ тухми кирмак гирифта, мувофиқи нақша 42 тонна пилла мефурӯхт.
Файзалӣ Қурбонов, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, ҳақи ночиз гирифтани кирмакпарваронро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки он аз харидорон вобастагӣ дорад:
– Пилларо солҳои пеш ветнамиҳо, баъдан хитоиҳо ва солҳои охир бошад тоҷирони афғон аз мо харидорӣ мекунанд. Онҳо гӯё ҳар як кило пилларо бо арзиши панҷ доллари амрикоӣ дар хориҷа мефурӯхтаанд…
Вақте дар нишастҳои матбуотӣ аз баъзе раисони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар хусуси чӣ қадар манфиат ё зарар овардани пилла ба буҷети маҳаллӣ пурсон шавем, мегӯянд, ки аз ин соҳа манфиат намебинанд, вале «аз боло амр мешавад», ки кирмак парварем.
Муносибат ба соҳа дар дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон низ қариб ҳамингуна аст.
Нақшаву ӯҳдадориҳои ноҳияҳо дар бобати пиллафурӯшӣ дар ҷойҳои намоён бо ҳарфҳои калону хоно навишта шуда, ҳамчунин ҳисобот дар бораи ин нақшаву ӯҳдадориҳо аз минбарҳо борҳо садо медиҳанд. Вале…
$68 000 ба ивази 23 000 сомонӣ?
Мантиқан ҳолати мавҷуда суолеро ба вуҷуд меорад, ки «Аз кирмакпарварӣ кӣ манфиат мебинад?». Бо ҳамин савол ба сардори Идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб Карим Ҳакимов, муовини ӯ Р. Қулабеков ва мутахассисони идораи пиллақабулкунии шаҳри Кӯлоб муроҷиат кардем. Ҳамагӣ гуфтанд, ки барои соҳаи мазкур маблағ надоранду ҳар сол бо маблағгузории ягон сарпараст дар асоси шартнома тухми кирмак мехаранд.
– Шумо як қуттӣ тухми кирмакро бо кадом нарх мехаред?- мепурсам.
– Аз Корхонаи воҳиди давлатии «Пиллаи Тоҷикистон» бо арзиши 30-35 сомонӣ харидорӣ карда будем, - мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки вазни як қуттӣ 29 граммро ташкил медиҳад ва вақти ба кирми зинда табдил ёфтан, 10 грамм кам мешавад.
Шаҳри Кӯлоб 770 қуттӣ тухми кирмакро харидорӣ карда буд. Ба ҳар як грамм тухмӣ мувофиқи шартнома ва қоидаҳои пиллапарварӣ бояд на камтар аз 3 кило пиллаи пухта супорад. Дар охири мавсим бошад, нақшаи шаҳри 41 тоннаву 500 кило пилла муайян шуда буд.
Соли гузашта КВД «Пиллаи Тоҷикистон» сарпараст ва маблағгузори шаҳри Кӯлоб будааст. Агар маблағи умумии 770 қуттиро ҳисоб кунем, 23 100 сомониро ташкил медиҳад.
– Дар корхонаи пиллақабулкунӣ, вақте пилла хушк мешавад, аз 3 килограмм пиллаи супурдаи мардум як килограмм мемонад. Ҳар килограмми ҳамин пиллаи пурра хушку тоза шуда, порсол бо арзиши 5 доллари амрикоӣ ба Корхонаи воҳидии давлатии «Пиллаи Тоҷикистон» фурӯхта шуд. Аз 41 тоннаву 500 килограмм пиллаи супурда, пас аз хушку тоза шуданаш, 13 тоннаву 600 килограмм пиллаи хушку босифат боқӣ мемонад. Маблағи умумии ин ашёи хоми саноатӣ ба 68 000 доллари амрикоӣ баробар аст. Бубинед, КВД «Пиллаи Тоҷикистон» бо сарфи 23 100 сомонӣ, 68 000 доллар ба даст меорад. Аммо ба пиллапарвар, ки заҳмати аз ҳама зиёдро мекашад, ҳамагӣ 5 сомонӣ пардохт мекунад. Пас ку инсоф? – мегӯянд ба мо мардони заҳматпеша.
Изофанависӣ дар пиллапарварӣ?
Вақте ин ҳисобу китоби оддии арифметикиро пеши масъулин мегузораму мепурсам, ки чаро ба мардуми пиллапарвар маоши дурусттаре намедиҳанд, мегӯянд, ки «На, он тавре Шумо ҳисобу китоб мекунед, воқеият нест».
Пас воқеият кадом аст?
Мегӯянд, дар асл 41 тоннаву 500 кг пилла ҷамъ нашудааст.
- Чӣ қадари он ҳаққонӣ аст? – ин савол воқеан посухи ҷолибтаре дорад: 2 тоннааш!
Маълум мешавад, ки боқимонда маълумоти пешниҳодшуда изофанависӣ аст…
Ҳатто аз гуфтаи Раҳматулло Эмомов, сарпарасти имсолаи пиллапаварони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод, Шӯрообод ва Ховалинг, сардори ҶДММ «Силк» - и шаҳри Кӯлоб ҳам метавон хулоса кард, ки аз истеҳсол дида, изофанависӣ дар ин соҳа бештар аст.
Ӯ дар суҳбат ишора кард, ки барои сарпарастии пиллапарварони чор ноҳия корхонаву дигар биноҳои шахсиашро ба гарав гузошта, аз бонк 80 000 доллари амрикоӣ қарз гирифтааст. «Аммо вақте ба ноҳияҳо рафта, вазъи пиллаи парвариш мекардагиашонро дидам, бовариам наомад, ки маблағи сарфкардаамро бозпас гирифта тавонам» – мегӯяд ӯ.
Аммо изофанависӣ ба сарпарастон чӣ медиҳад, саволест, ки посухашро мо дарнаёфтем.
Билоли Шамс