08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

З. Наботова: «МАН ДАР ҚАВЛАМ ИСТОДААМ!»

          Замоне, ки чиниҳо мувоҷеҳи буҳрони иқтисодию демографӣ шуданд, ҳакиме чунин роҳи наҷоташон нишон дод: «Биёед реҷаи ҷаҳонро, ки вақт ба 8 соат кору 8 соати дигар хобу истироҳат тақсим шудааст, тағйир дода, мо чиниҳо 4 соат истироҳату 6 соат ба хоб ва 14 соат кор мекунем». Ин ҳикмат на танҳо мардумро аз гирдоби мушкилиҳои иқтисодию демографӣ баровард, балки имрӯз ин кишвар бо набзи иқтисодию сиёсии ҷаҳон бозӣ мекунад.

            Дар кӯҳсорони водии Рашт, аниқтараш дар деҳаи Лойоба бонуе бо исми Зайнаро Наботова ҳаёт ба сар мебарад, ки 21 сол боз аз чиниҳо ҳам камтар хоб меравад. Ба қавли фарзандонаш, модари серкор шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат хоб рафта, боқӣ дар ҷунбуҷӯл аст.

  – Он шабу рӯз овозаи рӯйдоду хабарҳои пойтахт ва ҳар гуна ҳангомаҳои дар байни мардум пайдошуда ҳаёти осоиштаи сокинони ноҳияҳои дурдастро халалдор мекард. Ман барои ба ин овозаҳо дода нашудан, шабу рӯз саргарми гулдӯзӣ будам. Ҳарчанд даст ба кору дил ба ғами ояндаи мамлакат будам. Вақте силоҳбадастон шавҳарамро аз хона бурда паронданд, тарбияву парастории 10 фарзанд бар дӯши ман монд, - ба ёд меорад бону Зайнаро. Дар он шабу рӯз барои таъмини рӯзгори фарзандон мебоист шабу рӯз меҳнат кард. Нимашабон машғули дарздӯзӣ хаёлан ба шавҳари ҷавонмаргам суҳбат намуда, қавлаш медодам, ки шабонарӯз кор мекунам, то ҷигарбандонамон бепадарии худро эҳсос насозанд.

            Зайнаро НаботоваБону Зайнаро ҳунарҳои сӯзаниро аз модар мерос гирифта, имрӯз онро ба фарзандону наберагонаш меомӯзад. Ба қавли Гулпарӣ-духтари хурдии ӯ, даромаду сармояи оилаи Наботоваҳо асосан аз ҳисоби фурӯши кашидадӯзиҳои онҳост. Духтари бузургаш бошад, бо ин ҳунар дар шаҳри Краснодари Русия соҳиби мағозаву коргоҳи хурд шуда, бозори маҳсулоташ гарм аст. Дигар фарзандон: яке дар созмонҳои байналмиллалӣ, дигаре дар Вазорати маорифу севумин омӯзгоранд, аммо дар вақтҳои холӣ ҳунари аҷдодиро дар худ сайқал дода, ин касбро, ки манбаи пешбурди рӯзғорашон аст, аз насл ба насл зинда медоранд.

            – Даврони наварӯсӣ шавҳарам эҳтиёҷ ба кору даромади ман надошт, ба ёд меорад бибӣ Зайнаро. Аммо як лаҳзаи холии худро бе гулу шерозадӯзӣ тасаввур карда наметавонистам. Тӯли 16 соле, ки мо оилавӣ дар кӯҳсорони Рашт ба чорпопарварӣ машғул будем, шавҳарам ба замми кори рӯзона то поси шаб мунтазирам менишаст, ки кай гулдӯзиро ба итмом мерасонам. Ӯ бо таҳаммулпазирию меҳрубониаш ба ҳунари ман меҳр пайдо карда, ҳатто шабҳои дароз дар муҳракашӣ кӯмакам менамуд. Ӯ ягона инсоне буд, ки ҳама нози маро мебардошт, ҳол он ки ман дар панҷ соли аввали оиладорӣ ба ӯ меҳру муҳаббат надоштам. Аммо ӯ пайваста як суханро бо боварӣ мегуфт: «Ҳеҷ гап не Зайнаро, охир дилатро меёбаму боз мисли Лайлӣ ба Маҷнун ошиқам мешавӣ. Ҳамин тавр ҳам шуд, оқибат ошиқаш шудам. Мутаассифона, даврони пуршӯру шари ошиқонаи мо мисли як хоби ширин ноаён гузашт…

            Бибиҷон, бигӯ, ки чӣ гуна ба ҳам изҳори ишқу муҳаббат кардаед? – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад яке аз шогирдони Зайнаро.

            – Не, бачам, мо сири дилро ба забон намеовардем, зеро бо ишқу муҳаббате, ки байни зану шавҳар дар муносибату рафторашон зоҳир мегардад, зиндагӣ ширинию ҳаловати дигар пайдо мекунад. Вақте худ эҳсос намудам, ки ба шавҳарам ошиқ шудаам, меҳрубонию дӯстдории ӯ низ нисбати ман боз ҳам афзуд.

            Зайнаро НаботоваБонуи ҳунарманд зери оҳанги мошини дарздӯзӣ ҳаёти ширини гузаштаи худро бо муносибатҳои оиладории насли имрӯза муқоиса мекунад: «Дар оилаҳои имрӯза, агар зан саҳаре аз асари бедорхобии шабона барвақт хеста натавонад, аз шавҳар сад таънаю маломат мешунавад. Аммо раҳматии шавҳари ман дар ҳамон солҳои 1980-ум фарзандонро насиҳат мекард, ки модаратон хоб бошад, дар хона нӯг-нӯги пой қадам гузоред, то бедораш насозед. Ман баъди марги ӯ дигар хобро барои худ лоиқ намедонам ва шабҳоро бо дӯзандагию ёди ӯ саҳар мекунам…»

            Дар яке аз растаҳои бозори маркази ноҳияи Рашт бону Зайнаро дӯкончае дорад, ки дар он беш аз 20 навъи маҳсулот: куртаву костюм, тоқию ҷелак, кӯрпаву болишт, давриву ороишоти гуногуни занонаи дӯхтаи худро пешкаши харидорон менамояд. Арзиши сӯзании ҳунармандони ин хонадон аз 1,5 то 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маҳсули ҳунари онҳоро бештар меҳмонони хориҷие харидорӣ мекунанд, ки тез-тез ба Рашт меоянд.

            – Аз баракати ин касб 10 фарзандамро ба воя расонида, соҳибмаълумот намудам. Эҳсоси бепадарӣ накашанд гуфта, бачаҳоямро бисёр эрка тарбия кардаам,- таассуф мехӯрад ӯ. - Ҳоло баъзеашон дар Русия оиладоранду дер-дер ба деҳа меоянд, зеро ба гуфташон дар он ҷо зиндагии хуб доштаанд. Хайр, дар насибам ҳамин будааст, ба хотири он ки фарзандонам хушбахту солим бошанд, ҳама мушкилоти зиндагиро бар дӯш мегирам. Зайнаро як бонуи дарёдилест, ки суҳбаташ дилҳоро мунаввар месозад, мегӯянд ҳамсояҳояш. Ӯ мисли дарёи Сурхоби мо ҳамеша дар такопӯву оромиро намепазирад. Субҳи барвақт дар саргаҳи замин асту як вақт мебинӣ бо халтаҳои пур сӯи бозор шитоб дорад. Рӯзона дар растаи заргарони бозору бегоҳӣ дар саҳни ҳавлиаш машғули дӯзандагист. Вақтҳои истироҳат ҳам ба коре банд аст. Вақте аз дӯзандагӣ хаста шавад, барои ҳавои тоза гирифтан ба боғаш даромада, ба корҳои замин машғул мегардад.

            Замини наздҳавлигии Зайнаро мисли кашидадӯзиҳояш сергулу рангоранг аст. Ҳар ваҷаб замини ин хонадон самаранок истифода мешавад. Тухмии ҷуворимакка пурра напухта дар зери он зироатҳои тирамоҳӣ мекоранд.

            – Мо аз замин ҳам ҳосили хуб ба даст меоварем, -мегӯяд Гулпар, духтари хурдии Зайнаро. - Модарам ҳар тобистон қариб дар 1000 адад зарфҳои шишагин меваю сабзавотро барои фасли зимистон консерва мекунад. Зеро дар зимистон талабот ба маҳсулоти қайлагии маҳаллӣ афзуда, арзиши онҳо ду баробар баланд мешавад. Муштариёни ин маҳсулот дар деҳаву бозори маркази ноҳия сол ба сол зиёд мешаванд.

            Рӯзе, ки ба суроғи Зайнаро рафтем, ӯро машғули ҷамъоварии занҷабили булғориаш дарёфтем. - Рашт замини биҳиштӣ дорад, - бо шавқ мегӯяд ӯ. -Агар заминро дуруст истифода барӣ, мехӯронаду мепӯшонад ва зарурияти ба муҳоҷират рафтани ҷавонон нест. Афсӯс, ки ҷавонон мисли мо, меҳнатдӯст нестанд. Як вақтҳо дар радио ва телевизион аз ҳунармандон маслиҳат мепурсиданд. Наход бо ҳамин қадар замину кӯҳу камари беканори ҳосилхез ҷавонмардон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия раванд? Бачаҳом мегӯянд, рӯзи мо дар Тоҷикистон намегузарад. Лекин ман ба гуфти онҳо розӣ нестам. Ба насли имрӯз чӣ тавр самаранок истифода бурдани замину дигар имкониятҳои мавҷударо бояд омӯхт. Вақте худ ҷавон будам паррандае дар ҳаво парида мегузашт, нусхаашро медӯхтам. Ҳозир ҳам ҷону тавоне дорам, ки рӯзғори ду се оиларо бо меҳнати дастонам таъмин созам. Аммо ҷавонӣ дигар будааст…

            Ба гуфта Бибизайнаро нангу номус як эҳсоси нерӯбахшандаест дар роҳи мубориза барои расидан ба орзуҳо. Агар инсон сари нангу номус омада, мисли гӯштигир ба кор бичаспад, оламро гулистон мекунад. Дар синни 45- солагӣ бева мондам, аммо сари нанг омада, нагузоштам, ки фарзандонам дастнигарӣ дигарон нашаванд, - мегӯяд ӯ. - Агар инсон дар ақидааш устувор бошад, ба ҳамаи орзуҳои худ мерасад. Кор заҳмату миёни хам металабад, аммо самараи он рӯҳи инсонро солиму иродаашро қавӣ ва дар байни мардум сарбаландаш месозад.

            Мо вақти зиёди бонуи серкорро намегирем. Зеро сафари мо дар арафаи ҷашни 21-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон рост омада буду бибии ҳунарманд барои харидоронаш куртаю костюм ва тоқию ороишоти гуногун медӯхт. Аз дӯкони пурсарори бонуи Зайнаро метавон ҳама гуна либосу ороишоти занонаро дарёфту харидорӣ кард. Аммо як ороиши деворие, ки ҳунарманди чирадаст дар он акси Президенти кишварро дӯхтааст, ба ягон арзише намефурӯшад. Ин сӯзанӣ, ки маҳсули дастони худам аст, ба ман рӯҳу илҳом мебахшад, мегӯяд ӯ.

Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
:.  Иҷтимоъ 15.10.2012 09:16 2296

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz