Нахустинрӯзи аввалмоҳи поиз барои аксари бонувони тоҷикистонӣ ба мисли кишварҳои дигари пасошӯравӣ пур аз такопӯву масъулият ва эҳсоси шодмониву хушбахтӣ буд. Модари ҷавоне нахустфарзандашро бо сад умеду орзу ба мактаб мебурду дар маҳалли дигаре модарбузурге гулдастае аз гулҳои муаттар таҳия намудаву набераашро барои андӯхтани маърифат ҳамроҳӣ мекард.
Воқеан, 1 –уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ идеро мемонад, ки дар зебоӣ ҳамто надорад. Ба ибораи дигар онро метавон ҷашни дунёи пурранги атфол, модарон ва гулҳои муаттар номид. Зеро хиёбонҳову макотиб гулпӯш мегарданду гӯиё шодиву нишоти бачаҳо бевосита ба омӯзгорону волидон интиқол мегардад. Чеҳраҳо зебову қашанганду дидаҳо пурнур. Азбаски аксари омӯзгоронро бонувони гиромиқадр ташкил медиҳанд, ин рӯзро метавон рӯзи қадршиносӣ ва сипос аз заҳмати онҳо донист. Доман- доман гул ҳадяашон месозанду волидону атфол гирдашон мечарханд.
Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо камоли мамнуният ба ҳама бонувони азизи Тоҷикистон табрик мегӯям. Ҷашнеро, ки барои бонувон воқеан баъд аз қарнҳои тӯлонӣ истиқлолияти аслиро таъмин намуд.
Касби истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз бонуи тоҷике дар Амрико тарҳеро муваффақона пиёда месозаду нафаре дар кишвари пешрафтаи Малайзия, гурӯҳи бонувоне дар Чин тиҷорати худро роҳандозӣ намудаанду духтарони зиёде дар кишварҳои Аврупо, Русия, Қазоқистон, Амрико ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон пайи таҳсил ва ба даст овардани тахассусанд. Тахассусе, ки ҷавобгӯйи талаботи иқтисоди имрӯзи ҷаҳон аст.
Агар хонандаи арҷманди мо ёд дошта бошад, дар саҳафоти маҷалла пиромуни бону ва модаре матлаб таҳия намуда будем, ки бо доштани чанд набера барои соҳиб шудан ба маълумоти олӣ ду сол қабл ҳуҷҷатҳояшро барои донишҷӯ шудан ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав супурдаву муваффақ шуда буд. Имрӯз ӯ яке аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ маҳсуб мешавад. Магар чунин имконот аз баракати Истиқлолияти давлатӣ нест? Оё асрҳои гузашта бонуе бо ин ҳама бори рӯзгор метавонист дар сар орзуи донишҷӯйиро роҳ диҳад ё ҳатто аз хонаи шавҳар ё деҳа берун равад? Фикр мекунам посух мушаххас аст.
Мехостам як нуктаи дигарро ёдовар шавам. Замони шӯравӣ, агар аз деҳае фарзанде барои таҳсил ба пойтахт меомад ва ё писаре барои адои хизмати сарбозӣ мерафт, модар солиёни зиёд дар фироқаш ашк мерехт, зеро имкони дидор ва ё шунидани садояш ғайриимкон буд. Аммо аз баракати пешрафти сатҳи зиндагӣ ва Истиқлолият имрӯз модарон бо фарзандони худ, агар дар он тарафи уқёнус ҳам бошанд, метавонанд ба роҳатӣ суҳбат намоянд. Аз саломативу таҳсил ва ё зиндагиашон хабар ёбанд. Барои модар беҳтар аз шунидани садои фарзанд магар хушбахтии дигаре буда метавонад?
Дар ниҳояти суҳбат мехостам ба бонувони муҳтарам ва кулли хонандагони азизамон эълон дорам, ки обуна ба маҷаллаи дӯстдоштаатон барои соли 2013 оғоз гардид. Бо дарназардошти пешниҳодҳои шумо, новобаста ба мушкилоти иқтисодӣ нархи обуна ба маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» аз 108 ба 96 сомонӣ пойин оварда шуд, Ин иқдом танҳо ба хотири он аст, ки маҷаллаи ҳамрозу ҳамдард ва минбари шумо, бонувони азиз, дастрас бошаду ба ҳар хонадон роҳ ёбад.
Муваффақу сарбаланд бошед!