08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИКОҲИ БАРВАҚТӢ – НАБОЯД БОШАД!

            Рӯзи Духтарон имсол дар тамоми курраи Замин бо шиори «Зидди никоҳи барвақтӣ» таҷлил карда мешавад. 

            Дар ҳисоботи СММ омадааст, ки беш аз 30 дарсади духтарон дар кишварҳои рӯ ба рушд то синни 18-солагӣ ва 14 дарсад, то синни 15 солагӣ ба шавҳар баромада, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 16 миллион духтар дар синни аз 15 то 19-солагӣ таваллуд мекунанд.

            Дар маҷмӯъ дар тамоми ҷаҳон беш аз 580 миллион нафар занҳо аз таҳсилу омӯзиш маҳрум будаанд.

          Дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи байналхалқии духтарон дар бинои Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор шуд, Лайло Моширӣ – роҳбари бунёди атфоли СММ қайд кард, ки мушкили аслии духтарони дар синни барвақтӣ издивоҷкарда, ҳомиладории барвақтист, ки онҳоро хатари ба маротиб бештаре дар вақти таваллуд пайгир аст. Ба гуфтаи ӯ мушкили дигар, ки имрӯз боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст, ин издивоҷҳои ғайрирасӣ ва бе қайди давлатист, ки баъдан арӯсонро дар хонаи шавҳаронашон бе ҳуқуқ ва бе мавқеъ месозад. Вобаста ба ҳолати равонӣ ва вазъи ҷисмонии духтарони барвақт ба шавҳар баромада, Лайло Моширӣ махсус гуфт:

            –  Бояд духтаронро аз издивоҷҳои бармаҳал ва табъиз ҳимоя кард. Вақте духтарак ба зиндаги ҳанӯз омода несту оиладор мешавад, бар дӯши ӯ корҳои сангину масъулиятҳои ҷиддие, мисли таваллуди кӯдак ва ба воя расонидани он вогузошта мешавад, ки ин ҳама ба рӯҳу саломатии ӯ таъсири манфӣ мерасонад.

            Ба қавли Лайло Моширӣ роҳи аслии наҷоти духтарони ноболиғ аз издивоҷҳои иҷборӣ ва табъизи хонаводагӣ ин ба таҳсил ҷалб кардану саводнок кардани онҳост. Ӯ аз тамоми мақомотҳои давлатию созмонҳои ғайридавлатӣ, фаъолони ҷомеа, аз ҷумла ходимони динӣ даъват ба амал овард, ки ҳама дар сатҳи худ бар зидди издивоҷи барвақтӣ, ки поймолкунии ҳуқуқи инсон маънидод мешавад, мубориза баранд.

            Абдураҳмон МавлоновАбдураҳмон Мавлонов, намояндаи Кумитаи дин мегӯяд, ҳастанд мавридҳое, ки волидон баъди хатми мактаб ва ё ҳатто баъди хатми синфи 9 духтаронро ба шавҳар медиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки бо баробари ба шавҳар додан тамоми масъулияташон бартараф мешавад. Аммо ин амал хилофи ҳуқуқҳои  инсонист.

            Ба қавли Абдураҳмон Мавлонов, баъзеҳо мушкилоти марбут ба занон ва дур  шудани духтарон аз таҳсилу издивоҷҳои бармаҳалро ба шариат ва дини Ислом рабт медиҳанд, ки ин ақида нодуруст аст:

            – Дар ҷомеа бархе аз надоштани саводи динӣ ба иштибоҳ роҳ дода,  бо тафсири нодурусти оятҳои китоби «Қуръон» ва Ҳадисҳои пайғамбар номи динро доғдор мекунанд. Барои бартараф кардани ин ҳолат бояд воқеан ходимони дин вақти хондани намози ҷамоа, дар таълимгоҳҳо, маҳалҳои серодаму маҳфилу чорабиниҳо дар хусуси аз байн бурдани ин падидаи манфӣ ҳарф бизананд. Ҳуқуқҳои зану мард дар «Қуръон» баробаранд. Даҳҳо Оёти қуръонии тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо вуҷуд доранд.

            Намояндаи дин мисолеро аз маъракаи никоҳ овард, ки чӣ гуна дар никоҳ розигии ҳар ду ҷониб барои зану шавҳар шудан муҳим аст. Никоҳи нохоставу маҷбурӣ қабул нест. Падару модар ва ё дигар хешону наздикон ҳуқуқи дахолат кардан ё розигӣ доданро ба ҷойи духтар ё писар надоранд, қайд кард ӯ.   

            Мувофиқи таҳқиқи анҷомдодаи Созмони «ЮНИСЕФ», яке аз сабабҳои худкушиву худсӯзӣ дар байни занҳо, издивоҷи барвақтӣ дониста мешудааст.

            Коршиносон мегӯянд, ки хушдоман бо баҳонаи анҷом дода натавонистани корҳои хона, аксар вақт арӯси ҷавонро дар чашми шавҳар сиёҳ карда, байни ҳарду дилхунукӣ меандохтааст. Зани ҷавон бошад, ба ҷангҷолҳои оилавӣ, мушту лагад, дашному ҳақорати пайвастаи шавҳар тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезадааст.

Гулноза БОБОМУРОДОВА         
:.  Иҷтимоъ 11.10.2012 08:51 2419

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz